Сделать свой сайт бесплатно

Реклама

Создай свой сайт в 3 клика и начни зарабатывать уже сегодня.

@ADVMAKER@
MODAR DILU JONAM
02 Февраля 2012 | Опубликовано в Ёди модар! Модарнома (шеърхо . очеркхо . гуфторхо....) | Просмотры: | Комментарии: 0

Диле дорам, ки навкар мешавам ман,
Асири пои модар мешавам ман.
Агар модар ба фарзанди нагирад,
Дар ин олам каландар мешавам ман.

Бихиште доштам э дил даме дар домани модар,
Фурузон гаштаам э дил зи чашми равшани модар.

Оча очае ба руят зорам очае,
Дар мулки гарибихо чи хорум очае,
Сад сол гузара ба кадри мехрат нарасам,
Бархезу бубин, ки бар чи холум очае.

Очам ба дара, руймоли очам ба дара,
Эй вой, ки худо ба пеши очам бибара,
Як лахзае сар ба руи зонуш монум,
Дилум бигира карор, хобум бибара.

Э ачаи чон шири халолата бубахш,
Шабхои нахобидаи бедорта бубахш,
Ман дар гами ишк зи холат мондам бехабар,
Фарзанди ба дарди ишк беморта бубахш.

Чуз ба дастурии "Колаллох ё Коларрасул",
Рох марав, фармон мадех, хочат магу, хуччат маёр.

****************************************************************************************************************

БА МОДАРАМ

Ба кунҷи сандалӣ биншаста шабҳо, модари пирам,
Ту шояд ҷомаи домодӣ медӯзӣ ба сад ният,
Ки рӯзи тӯй дида бар қади ман, бишканӣ армон,
Бубинӣ то ба ранги нав, ба ҳусни нав ҷавоният,
Ба он дастони ларзони шарафмандат бимирам ман!

Наёбад чашми камбинат ба ҷустан чашми сӯзанро,
Биларзад дасти пурэъҷози ту дар қабзаи пирӣ,
Валекин боз медӯзӣ ту дастархони гулдӯзӣ,
Ки рӯзи маърака дар байни мардум обрӯ гирӣ,
Чи дунёест дунёи умеди ту,
Аё модар, аё модар!

Ниҳону пардагӣ бигзашт даврони ҷавоният,
Ҳаётат дар гуселу пешвози зиндагӣ тай шуд.
Бикун бо гӯшаи қарси сафедат пок ашкатро,
Ба дунё одамӣ як бор меояд ба пои худ...
Ба оҳи тобнокат аз куҷо акси садо ҷӯӣ,
Аё модар, аё модар!

Бурун аз деҳа норафта, надидӣ рӯи дунёро,
Ба гирди хеш гӯё чарх гаштӣ, зиндагӣ кардӣ.
Ба гирди русто домони гардун гӯӣ часпида
Туро барбаст роҳи нияту азми ҷаҳонгардӣ.
Чӣ дорад олами дар худ ниҳони ту,
Аё модар, аё модар!

Худо гуфтию оят хондию таъбирҳо ҷустӣ,
Ту доим “Ҳафтяк” мондӣ ба зери болиши кӯдак,
Ки шояд тифл бебоку далеру қаҳрамон гардад.
Дили пайғамбарон гунҷад даруни синаи кӯчак...
Даруни кулбаи пасти назарногири пур аз дуд,
Ба ҳукми қарзи инсонӣ ҷаҳонеро бигунҷондӣ,
Шабонгаҳ мижжа таҳ нокарда, пухтӣ кулчаи ширӣ,
Саҳар фарзандҳоятро ба майдонҳо гуселондӣ,
Шараф андӯхтӣ аз ҷонфишониҳои фарзандон,
Аё модар, аё модар!

Бубинӣ хоб шаб фарзандҳои мурдаи худро,
Биёбӣ саҳнаи дидорбиниҳои рӯҳонӣ.
Ба назди остонат дом монад сояи маргат,
Туро хонад ба сӯи олами торику зулмонӣ.
Матарс аз марг, охир безаволӣ ту,
Аё модар, аё модар!

Ҳазорон маргро, андӯҳу ғамро пушти сар кардӣ,
Нахурдиву напӯшидиву бо сад ранҷ парвардӣ
Маро бигрифта зери пар.
Барои он ки дар ман зиндаю ҳозир бубинӣ боз
Ҳамон сайёдҳои сайдгашта – рафтагонатро,
Шудӣ хуни ҷигар, модар.

Кунун имрӯз фарзандат – ҷигарбандат ҳунар омӯхт.
Ки ёбад нони беминнат.
Ба номат дафтаре бикшод,
Дуои хайр гӯ, модар,
Ки ӯ бо номи ту дар роҳи раҳҷӯӣ қадам бинҳод.
Варо ту мағфират кун, раҳнамоӣ кун,
Аё модар, аё модар!

Зи лабҳои фурӯрафта, зи ожанги пурасрорат,
Агар дурам, агар наздик, хонам панди ногуфта:
Чӣ суд аз он гуле, ки зеби як кокул шуду афтод?
Сано бодо ба он гул, ки барои даҳр бишкуфта.
Ту охир ибтидои ибтидоҳоӣ,
Аё модар, аё модар!

Ту ҳоло дар дами пирӣ нафасҳои ғаниматро
Ба нақши гул, ба рӯи сӯзаниҳо сабт месозӣ.
Дурахши охирини чашми худро дар дили шабҳо
Барои субҳи фардо ҳадя месозию менозӣ.
Гулу нуру шарофат ёдгор аз ту,
Аё модар, аё модар!

Суруди ҳузнангези қадимиро махон, модар!
Дилатро бо суруди аввалини ман даме афрӯз!
Агар дасторхону ҷомаи нав дӯзӣ бо уммед,
На танҳо баҳри ман,
Баҳри ҳама фардоиён ҳам дӯз!
Ғанимат дон насиби вопасинатро, саломат бош,
Аё модар, аё модар!

*****************************************************************************************************************************

Модар модаро ганчи бебахоям ту буди
Зи хар офату бало рохи рахоям ту буди
Хар катраи шири ту дарьёи беканорам шуд
Хар лавзи ширинат боми ду чахонам шуд
Аллахои шабхо гуфта хам киссаи ширинат
Аз чашмам наравад хеч шабхои бедориат
Модар бишав аз ман ризо ба амри парвардигор
Монда буди як руза ин писарро ту Ёдгор
Сари кабрат омадам бо ду зону нишастам
Ту зери хокию ман рози худ бигуфтам
Ба чой овард хохишатро он хохарат ай модар
Ба чойи ту модар шуд ба чонам буд баробар
Кадри бемодари надоштам то он ки холаам буд
Кадр дону мехрубон бачои модарам буд
Ту хам рафти холачон холи чойи модар шуд
Дуньё хама торик бар пеши назар шуд
ечоди хочи пурга

***********************************************************************************************************************

ТУРО МАН ЁД КАРДАМ, МОДАРИ ҶОНАМ…
02 Февраля 2012 | Опубликовано в Ёди модар! Модарнома (шеърхо . очеркхо . гуфторхо....) | Просмотры: | Комментарии: 0

ТУРО МАН ЁД КАРДАМ, МОДАРИ ҶОНАМ…

Навои булбул омад, ёд кардам аллаҳоятро,
Сари гаҳвора зери лаб суруди хушнавоятро.
Ман охир ёд кардам, ёд кардам модари ҷонам,
Адоятро, навоятро ҳама меҳру вафоятро…

Модар, ту бароям азизӣ, ғамгусорӣ, ту бароям қадрдонӣ. Ту азизи дили манӣ. Модарҷон, туӣ, ки хонаи мо нур дорад. Ман худро хушбахт меҳисобам, ки дар паҳлӯи худ чунин модари ғамхору меҳрубон дорам. Ай модар, ту ба мисли офтобӣ, ки дар назди худ панч ситора дорӣ ва ба онҳо нур мебахшию равшанӣ ато мекунӣ. Туӣ, ки мо пару боли равон дорем. Модарҷон, ту на танҳо барои ман, балки барои ҳама фарзандонат азизу ширину мӯътабарӣ. Модарҷон, мо ба заҳмату ранҷу азоби ту то ба ин рӯз расидем. Он ранҷу азобат, он заҳмату меҳнатат, он танҳоӣ, он мушкилиҳое, ки дар зиндагӣ аз сар гузаронидӣ пеши чашмонам намоён мегарданд, дилам пур аз ғам мешавад, ки барои мо чунин рӯзҳои сахтро бо умри ширинат иваз кардӣ. Пас мо чаро ҳурмату эҳтиромат накунем, ай модари азобдидаам.
Мо, фарзандон якумр хизмат кунем ҳам ба якшаба ранҷе, ки дар сари гаҳвораамон кашидӣ баробар шуда наметавонад. Ман дар наздат қарздор ҳастам ай модарҷон, зеро бароят хизмати шоистае накардаам ва бароят сухани волотарине нанавиштаам, ай қиблагоҳи умедам. Модар, ту азизи дили манӣ, ту аз ҳама шахси наздиктарини манӣ, ту зиндагиву орзуҳои манӣ. Шаб дар хоб ва ҳам дар рӯз фикру ёди ман бо ту аст, ай модари ғамхори ман. Агар қадри ту ва номи некатро надонем, шири сафедат кӯрамон кунад. Ай модари ҷон,касе туро заррае озор бидиҳад тӯфони бало насибаш гардад. Модар, номи некатро бо хати зарҳал навишта, дар қалби худ ҷой кардам, пас ту якумр бо манӣ, дуо мекунам, ки садсолаҳо зинда бимонӣ, ай модари ғамгусори ман. Модар, миёни ҳама он муқаддасоте, ки посу азизашон медонанд исми шарифи ту дар мадди аввал аст. Модар, ту бузургӣ, аз
нигоҳат,чашмони меҳрборат умед мерезад, хасу хок заррае буттаву санг, гулу гиёҳ, боду борон, кӯҳҳои сангину дарёи равон дар ҳастии ту аст, эй модари ҷон. Хуршеди меҳри ту бузургтарин тармаи сардро об мекунад. Феъли ғазабат девори азимтаринро хароб. Ёд дорам нахустин сухане, ки гуфтаам «Модар» буд, нахустин қадамҳое, ки дар рӯи замин гузоштаам ба сӯи ту буд эй модари ҷон. Модар, зиндагӣ бо ту зебост, зиндагӣ ширин асту ба қимати ҷон баробар, зиндагӣ ба кас як бор эҳё мешавад, аммо дӯст дорам зиндагиеро, ки ту дар ҳарими он ҷо гашта бошӣ. Ман ҳар рӯз чеҳраи зебои модари хеш мебинам, ҳар рӯз аз зангулаи шеваи хандаҳояш маст мешавам. Чашму рӯяш мебӯсам, аз нигоҳҳои шодиомез талаффузҳои пурмафҳуми ширинаш завқ мебарам. Ҳар рӯз ид дорам бо модарам. Модар, садбарге ҳастӣ ки аз ту бӯи зиндагӣ меояд.
Хуштарин орзуҳо аз дуои модарон резад, орзуҳои ӯ гарм,чун оғӯши хуршед, бузург чун дили меҳрубонаш пайки мурод аз ояндаи нек диҳад. Зери чодари орзуҳои модар кас хушном ва тобанда ахтар, дар сояи қудраташ ҷасуру тавоност. Дасте,ки бӯи тифл ба он нишаста, дасти нарм равонбахши модар аст. Ин дастҳо тақдири одам,
тақдири дунё ҷунбонад.
Тасанно ба дастони пурмуҳаббати модар, ки баҳри некӣ умре
сӯи фарзанд дароз мешаванд. Ашки модар сӯзонтар аз шарораи оташ бичакад. Оҳ, агар ин ашк бо гуноҳи фарзанд рехт ҳезуми тар аст ки месӯзад. Модар фариштаи пок аст, агар озоре аз ӯ бинӣ бубахшо,
дурӯғе гӯяд рост пиндор, ранҷе диҳад ба дил нагир, ҳар гуноҳи модар ба хотири фарзанд аст. Зиннати бӯстону ҳусни гулбоғҳои зебо аз чист? Гармии пайкари зиндагиро асрорест ниҳон, кай бе хандаи тифл ғунча мешукуфт? Бе умеди модар дили зиндагӣ метапид? Корвони умри одамӣ гузарон аст бебозгашт. Модар зангӯлаи умр асту
тифл садояш. Он ҳама кулфате, ки модар барои фарзанд мекашад дар як паллаи бузургтарин тарозуи ҷаҳон вазнин аст. Бори вазнини он як пора дили меҳрубони фарзанд аст. Модар моро ду дасти гиро дода то дасти дӯст бифшорем, ду чашми бино дода, то баду неки дунё шиносем, лаҳни гӯё дода, то суруди дили ӯ чун селаи парасту ба паҳнои дур бубарем, дунёро дар амонӣ нигаҳ дорем.
Боре аз модарам пурсидам:
- Модар сиёҳии мӯят куҷо шуд?
Гуфт: Ба шабҳо додам.
Модар, ҳусни накӯят ку?
Гуфт: Ба дунё додам.
Гуфтам: Модар, хаста шудӣ?
Ҷавобам дод: Ҳаргиз. Шабҳо ба ман субҳи ҷовидон, дунёи умедам дод, ки он фарзанди ман аст.
Қарзи моро назди модар куҷо итмоме буда, аз ӯ умре қарздорем, қарздори рӯзҳои нек, зиндагии хуб, қарздори калиди бахт, ки барои мо гум кардааст, қарздори муҳаббат ва умед!
Модарони азиз идатон муборак!

*******************************************************************************************************************************************************

Аз қ адимулайём хал қ и то ҷ ик ба зан – модар эъти қ оду э ҳ тиром дошт, зеро дар китоб ҳ ои му қ аддаси диниву маз ҳ абии мо мавз ӯ и э ҳ тироми модар ма қ оми му ҳ им дорад. Ҳ атто ҳ азрати Му ҳ аммад саллалло ҳ у алай ҳ и ва саллам дар як ҳ адиси муборакашон ме ҳ рубон ӣ карда фармудаанд: «Ал ҷ аннату та ҳ та а қ домил умма ҳ оти » ( Ҷ аннат зери пои модарон аст). Ҳ амин ҳ адисро Ҳ аким Низом ӣ ба риштаи назм даровардаанд: Ҷ аннат, ки ризои мо дар он аст, Дар зери қ удуми модарон аст. Хо ҳ ӣ , ки ризои мо би ҷӯӣ , Он кун, ки ризои модарон аст. Модар! Ин сухан барои ҳ ар яки мо му қ аддас ва дилнишин аст. Ва қ те ин калимаро ба забон меронем, пеши назарамон шахсеро тасаввур мекунем, ки аз чашмони ӯ нури ме ҳ р меборад. Модар азизтарин инсони р ӯ и замин буда, қ алби вай офтоби гарму пурнурро мемонад, ки оянда фарзандон бо ин равшан ӣ ро ҳ и зиндагии худро хо ҳ анд ёфт. Нависандаи маш ҳ ури Миср Тавфи қ Ал ҳ аким дар васфи зан - модар гуфта буд: «Зан зиннати хона, устоди атфол ва муаллими насл ҳ ост.» Ҳ азрати Му ҳ аммад (с) дар ҳ адиси дигари худ мефармояд: «Ман се чиз аз дунёи шуморо д ӯ ст дорам – атр, зан ва р ӯ шании чашмам дар намоз аст». Ин ҷ о Паёмбари Акрам (с) му ҳ аббат ба занро дар канори д ӯ стии худ ба намозу атр қ арор меди ҳ ад, зеро ҳ амон гуна, ки атр дунёи атрофро ба машоми инсон муаттару босафо месозад ва намоз ба зиндаг ӣ р ӯ ҳ у ҷ ило мебахшад, зан низ зиндагии ҷ омеаро ширину дилпазир месозад. Амиралм ӯ ъминин ҳ азрати Умар (с) ривоят мекунанд, ки Расул (с) фармуданд, ки ба занон ситам макунед ва эшонро озурда масозед ва дар ҳ а ққ и эшон нек ӣ кунед, ки дар дасти шумо гирифторанд ва асиранд. Тани он ҳ о ба фармони Худои таъоло бар Шумо ҳ алол аст. Расул (с) боз фармуданд, ки ҳ а ққ и зан бар шав ҳ ар пан ҷ аст: аввал, ӯ ро ба даруни хона кор фармояд, дуюм, қ оида ҳ ои намозро ом ӯ зонад, сеюм таоми ҳ алол биди ҳ ад, чорум бар вай зулм накунад, пан ҷ ум бе хиёнат ӯ ро назанад. Шахсе назди ҳ азрати Му ҳ аммад (с) рафта аз ӯ пурсид: «Ё Паёмбар! Ман ч ӣ касеро метавонам д ӯ ст дошта бошам, ба ӯ э ҳ тиром гузорам? Оё чунин шахс ву ҷ уд дорад? Паёмбар (с) ҷ авоб доданд: «МОДАР!» Он шахс боз се бор саволи худро такрор намуданд ва Паёмбар (с) як хел ҷ авоб медоданд. Фа қ ат бори чорум гуфтанд: «Падар ҳ ам». Ҳ азрати паёмбар (с) занон -модаронро д ӯ ст медоштанд ва пайравони худро низ ба э ҳ тироми зан - модар амр менамуданд. Дар як ҳ адисашон таъкид кардаанд, ки ҳ амаи ашёи олам зебост, аммо модар аз ҳ ама мав ҷ удоти дунё авлотару зеботар аст. Ҳ арчанд фарзанд бадр ӯ ю но қ ис бошад ҳ ам, лекин модар ӯ ро д ӯ ст медорад. Аз ин р ӯ , дар ҷ а ҳ он му ҳ аббате бе ҳ тар аз му ҳ аббати модар нест. Дар ин маврид Асадии Т ӯ с ӣ фармудааст: Агарчанд фарзанд чун деви зишт, Бувад назди модар чу ҳ ури би ҳ ишт.

******************************************************************************************************************************************************

Амри модар мукаддас асту азиз,
        Ман ба ичрои он дихам хама чиз.
        Карда бовар ба гайратам модар,
        Чист дигар аз ин шараф бехтар!
        Сари худро агар дихам бар бод,
        Ин шарафро зи каф нахохам дод.

******************************************************************************************************************************************

Эй Худои парвардигору чаббор,
         Аз ту миннатдорам ман сад хазор бор.
         Маро бо заифа пайванд намуди,
         Бо он умрам ширин чу канд намуди.
         Маро пеш бо модар ошно намуди,
         Сони бо биби рахнамо намуди.
         Чил сол аз ин пеш модар шинохтам,
         Зи пистонаш ширу шарбат гудохтам.
         Низ чил соли комил модарам
         Парвариш кард маро аз по то сарам.
         Шабхо гахе бехоб гашт аз гами ман
         Хабаргир мегашт зи хар дами ман.
         Эй дуст,кист бе модар пайдо гаштааст?
         Зи он пайдо шоху авлиё гаштааст.
         Чаро кадри заифа мо надонем?
         Он заифа - модар!Чаро надонем?
         Кудак будам биби калон шинохтам,
         Зи он ман ашъору достон шинохтам.
         Хануз дар ёди ман он лутфи ширин,
         Бар бибии ман расад сад офарин.
         Гар бибиам намешуд дар ин дунё
         Падари ман чи тавр хамегашт пайдо?
         Бибиам гарчи заифа ном дорад,
         Дилам зи хар кори он ором дорад.
         Заифаро хар кас гар озор дихад
         Хар гул барои он хасу хор гардад.
         Ман рози нестам,заифа хор гардад,
         Дар ин замини пок дилозор гардад.
         Хабибам!Акои Оксой бигуяд чандон,
         Дили заифон созем шоду хандон!

********************************************************************************************************************************

Модар, модаро, ту ибтидоям будӣ,
Ҳам қимати қомати расоям будӣ.
З-аввал ту намезодӣ, намемурдам ман,
Гӯё ки ту низ интиҳоям будӣ.

  • * *

Модар, модаро! Шири сафедам додӣ,
Дунё баумед асту умедам додӣ.
То бар сари ман чӣ ояд аз бешу камӣ,
Ту дар сари гаҳвора навидам додӣ.

  • * *

Модар, модар, чаро чунин зодҳ маро?
Дар чорсуи азоб раҳ додҳ маро?
Аз синаи гарми хеш берун кардҳ,
Дар синаи сарди хок бинҳодҳ маро.

  • * *

Ҷаҳонеро паи эъҷоз доданд,
Фазоеро паи парвоз доданд,
Чу моро модарон зоданд рӯзе,
Заминро ҳамчу пойандоз доданд.

******************************************************************************************************************************

(Ба он духтарон ва заифоне,ки аборт мекунанд)!
        Очаам!Чаро таваллуд накарди маро?
        Гарчи умеди бисьёр доштам зи дунё.
        Чаро намонди даме шоди бубинам?
        Бо завку шавк дар зонуат бишинам,
        Аз синаат ширу шарбат бимакам.
        Нахох,ки нолаи маро аз он дунё,
        Шунидан бихости ту очаи расво!
        Бузургон такрор гуфтаанд чунин:
       "Гар ту хаёт бубахши чу шахди ширин
        Ба чисму хар як фарзанди точи
        Гуё,ки ту олам мунаввар намуди".
        Чаро ба фарзандкуши ихтиёр бикарди?
        Чаро ба хуши чунин карор бикарди?
        Накарди шавад некихо маро корам,
        Чаро кар бигашти,нашунида доду зорам?
        Чаро ба теги он чаллод маро супурди?
        Магар аз ин савдо хузуре бибурди!
        Кунун бар фигони ман гуш андоз,
        Ки дар баданат кушти маро,эй бе ниёз!
        Магар дар синаат сангаст ба чои дил
        Ту эй очаи берахму,чаллоду котил!
        Чаро хар буду шудам нобуд бикарди?
        Чаро чисму чонам ту ношуд бикарди?
        Балки ман марди устувор мегаштам,
        Байни мардуми худ неккор мегаштам.
        Ё чун Довуд подшохи окилу доно
        Дар руи чахон номдор мегаштам.
        Балки парирухсору,гулизору зебо
        Чун малика Раксона тадбиркор мегаштам.
        Балки чун Рустами достон пахлавону ботир,
        Ё чун Мусою Хорун некукор мегаштам.
        Туро ба модар номидан ор дорам бидон!
        Чун ту оча курбон шавад ба нек модарон.
        Эй очаи лаъин!Маро аз худ карди чудо,
        Бирафтам зи дунё аз ту гашта норизо!
        Мабодо касе ин кори туро талабгор буд,
        Ва дили ту мачбуран ба ин кор рози шуд,
        Аммо,ман бирафтам зи дунё,гуфта нафрин,
        Ба ту очазори бехудою лаъин!
        ********************************************************************************************************************************************

Ба он модар, ба он манзар,
Ҳазорон шукру миннат бод,

****************************************************************

Дилором бошад зани некхох,
        Валек аз зани бад худоё,панох,
        Зани зишти бадхуй ранч асту бор
        Зани хубу хушруй хеш асту ёр.

******************************************************************************************************

Аз сари пистони ту сар мешавад шӯри ҳама,
Аз сари дастони ту пайроҳаи дури ҳама.
Аз дили ту сар шавад дарёдилӣ,
Қобили сурат шавад обу гиле,

Чашми бедори ту моро бахти бедор оварад,

Ҷунбиши гаҳвора ёд аз чархи даввор оварад,
Домани бахт аст аз домони ту,
Дил басомон аст аз сомони ту.

Сӯзани ту аз сутуни қасри тилло қимат аст.

Рӯи нуронии ту аз рӯи дунё қимат аст.
Бе ту хуш фоле намонад дар ҷаҳон,
Ҷои ту холӣ намонад дар ҷаҳон...

***********************************************************************************************************************************

Аё МОДАР хузурат партави нури Худо дорад,
 Канорат лаззате аз кибриё дорад.
 Чахонро покии шират ба по дорад,
Навои аллаи ту зиндагониро бако дорад..

ЯКЕ СИМУ ЗАРУ ГАВХАР БИХОХАД,
 ЯКЕ САД АХТАРИ ДУНЁ БИХОХАД.
 ДИЛИ МАН АЗ ХАМА КОЛОИ КИММАТ,
 ДУОИ ХАЙРИ МОДАРРО БИХОХАд

************************************************************************************************************************************************

Ривоят мекунанд, ки Худованд накҳат аз гул, нӯш аз ангубин, гармӣ аз офтоб, тароват аз борон, шукӯҳ аз осмон, қаҳр аз бабру борондагӣ аз абр, вафодорӣ аз қуву равшанӣ аз субҳ, зебоӣ аз баҳору хушилҳонӣ аз андалебро қатра - қатра ҷамъ оварду занро офарид, то ҷаҳонро равшану инсониятро хушбахт гардонад. Дар ситоиши занон бузургони олам андарзҳои безавол офаридаанд. Ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам дар васфи зан-модар чунин фармудаанд:"Биҳишт зери қудуми модарон аст". Аз ин рӯ, ҳар касе, зан - модарро хор медорад, ӯ назди Худованд гунаҳкор аст.

Обрӯи аҳли дин аз хоки пои модар аст,

Ҳарчи доранд ин ҷамоат аз дуои модар аст.

Он чӣ дар васфи биҳишт фармуд Қуръони Карим,

Соҳиби Қуръон бигуфто, зери пои модар аст

Модар чароғу чашми хонадон,киматтарин  неъмати  дунё, ганҷи бебаҳост ва он барои фарзанд шахси аз ҳама наздику меҳрубон ва мунису ғамхор ба ҳисоб меравад.

Хар дуои модарони дилкабоб 

Дар хакки фарзанд гардад мустачоб 

Дар хадиси Мустафо(с.а.в)дидам навишт 

Дар кудуми модарон бошад бихишт

*******************************************************************************************************************************

ЭЙ МАН САДКА ШАВАМ,БА ХУСНИ РУЯТ МОДАРАМ.
БА ЛАЪНИ ХУШУ,БА ГУФТУГУЯТ МОДАРАМ.
ЯК ЛАХЗА АГАР ТУРО НАБИНАМ БА БАРАМ.
ОН ЛАХЗА РАВАМ БА ЧУСТУЧУЯТ МОДАРАМ.

**********************************************************************************************************************************************

Эй хона Худо, ба мулку манзил, модар,
Аз нури Худо гирифта кандил, модар.
Ман кашфи бузургият бикардам, ки туи
Аз баъди Худо бузург дар дил модар.

Тобон будию ба дида тобон, модар,
Аз мехр ба синахо гулафшон, модар.
Нуре шуда бо Худои худ пайвасти,
Эй нури ба дидахо дурахшон, модар

Модар, модар, зи дарди ту хайронам,
Бо ту сузад тамоми чисму чонам.
Мехмонгузарони ман буди дар хама умр,
Имруз ту мехмониву ман гирьенам.

*******************************************************************************************************************************************

Чон фидои як нигохи дилрабоят модарам,
Он навозишхои пур мехру вафоят модарам.
Хар кучо рафтам агар рохам хатарнок буд вале,
Боз гаштам назди ту ман бо дуоят модарам.

Чон фидои як нигохи дилрабоят модарам,
Он навозишхои пур мехру вафоят модарам.
Хар кучо рафтам агар рохам хатарнок буд вале,
 Боз гаштам назди ту ман бо дуоят модарам.

Модаричон чашму абруи туро пазмон шудам,
 Аз дурихо шуълаи руи туро пазмон шудам.
Хоб мекардам ба рохат дар сари зонуи ту,
 Дуру марчон мондаву зонуи туро пазмон шудам.

*********************************************************************************************************************************************

Асои дасти Модар бош фарзанд,
Давои дарди Модар бош фарзанд.
 Ки Модар бахри ту болу паре аст,
 Бароят доимо точи саре аст

Модар, модар, ба чон баробар модар,
Хуршеди сабохи мехрпарвар модар.
Хуршеде, ки хар сахар барояд ба чахон,
Аз боиси ман доду кайсар модар.

 Диле дорам, ки навкар мешавам ман,
Асири пои модар мешавам ман.
Агар модар ба фарзанди нагирад,
Дар ин олам каландар мешавам ман.

**************************************************************************************************************************************************

Модарам нури ду чашмонам туи,
Киблаи вакти намози ман туи,
Садкаи он номи покат мешавам,
Модарам дарду дуои ман туи.

Модарам боши давлат бар сарам,
Шукр аз ин давлати дунё кунам.
МОДАРАМ умеду ормонам туи,
Рохнамои рохи рузгорам туи,

МОДАРАМ фасли бахори ман туи,
Наврузи некному буи бихишти ман туи.
Боши ту рахнамои рузгори умри ман,
МОДАРАМ бахти сафеду умри чавонам туи.

*************************************************************************************************************************************************

Шукри Худоанд, ки ба ман модаре ато намудааст!         
Бихамдуллох, ки дар олам азизу сарваре дорам

Наку гуфтору хушгуфтору зебо модаре дорам

Чу бошам дар канори у бувад гам дар канор аз ман

Наку гуфтору хушрафтору зебо модаре дорам

Тамоми моли дунёро нисори макдамаш созам

Ки аз дунё зи молу зар басе ман бехтаре дорам

Наметарсам зи печу тоби рохи зиндаги харгиз

Ки дунё додае омурзгоре рахбаре дорам

Дар ин дуёаму аз охират хам махваре дорам

Ки дар зери кадамхояш бихишту Кафсаре дорам

***********************************************************************************************************************************************

БИГУ МОРО ЁД КАРДАИ? ПАДАРЧОН
02 Февраля 2012 | Опубликовано в ( БА ЁДИ ПАДАР) | Просмотры: | Комментарии: 11

БИГУ МОРО ЁД КАРДАИ? ПАДАРЧОН

Дуруд  ба  рухи  покат  эй   нури  дида  , эй оромиши  дили фарзандон ,эй  киблагохи  азиз  Падари  ба чону  дил  баробарам. Хар  лахза  аз оине,ки морро  падруд  гуфтаи  дар  назарам,  ки хозир дарро  кушода бо  хамон  чехраи  кушоди   нурони  бо  хамон  лутфу  мехрубони    вориди  хонаи  ман  мешаведу  ба  мисли  хар  вакта  садо  мекунед: Шахлочон  кучои чони  дадаш.. ..  вале  хайхот , ки ин хама  хаёлоти ширини  ман бо  ёди шумо  падарчон  хастанд.                                                                                                                                          Имшаб туро ба хоб дидам. Аз руят нур меборид.         Дар  боге,ки  худ бунёд карда буди  ва  мегуфти,ки  барои  фарзандону  наберахояам  тамоми меваро  шинондаам,ки омада   аз  ин  мехнати  дастони  ман  истифода  баранд  сайр мекарди.  Ба суи ман табассуми ширине кардиву чизе нагуфти.  Ёд дори  падарчон..  хар  иду  айёом  ба хонаи ман  бо    дастовезхои  зиёде  меомади  барои   Шахзоду  Сухайло   тухфахои  бисёр  меовард ,ки то  хол  харчанд хурд  буданд  хам  дар ёдашон  хаст  ва  хамон чизхоро  бинанд  мегуяанд   ба хасрат ,ки  ина   Бобочонам  овардаги  буд.

Акнун  хозир, ки  нести   касе  ба  мо  мисли шумо   мехрубонона  аз  дар намедарояаду  тухф   хам  намеорад     маро бо  ун  садои  хушат   дигар  садо намекунию    суйат   намехони  падарчон.....

Хар  гох,ки  дар  куча  касеро  мебинам  хамрохи  падараш  ба  хавас  менигараму   рузхои  гузаштаро  бо  шумо  падарчон  ба  хотир меорам, ки    хамрохат   дар  гулгашту   хиёбонхои  Душанбе    сайр карда  будам.  Дар  кадом    магозаю  бозорхое   медаромади  чизи  бехтаринро барои  мо  мехариди . Хар  гох,ки  ман хамрохи  Зулфия  куртахои  нав   харидаги  шуморро  мепушидем  аз   хурсанди  дар  куртаат  намегунчиди     мисли  кудак  .                                                                     Насихату   суханат  хамин  буд  доимо ,ки   хонед, омузед    дар  зиндаги  мухточи  касею  чизе  нашавед. Шукронаи  Яздони  пок   ки  хамаи мо  фарзандонро   сохиб  маълумот  кардию     аз  илми    ин  дуняви   ва  охират    бохабарамон    сохти   дар  зиндаги  рохи некро  нишон  доди.

Вале  афсус  сад  афсус  ,ки мо  фарзандонро  ,ки 

 бо  хазор  ноз  парваридию   сохиби  хама  чиз  карди дар  зиндаги   туро   харчанд  мекобем аммо   намеёбем  Падарчон  ,ки як пиёла  чой  дихем.  Ту  нести  ки  аз   ин  дарахтхои  шинондаат  бахравар  шави  дар  давлати  писархою  дар огушт  наберахояат  зиндаги   кун.  Ба  ин  ачал  рох  надод. "Аз омадани марг хеч шаке нест".

.Дунё гузаронасту,фониё бе бако!

Вале  ба ёд  ононе,ки мисли шумо  падарчон  аз  тири  нохалафи  сиёхкорон  кушта  шуданд у  ормони   рафтанд  ёдхо,ормонхо,  сузхо  дар  калбхо  човидони  мемонанад.

Куштандат, о ҷону ҷигар, эй ҷашну суру иди ман,

Куштандат, о нури басар, эй бар замон тамҳиди ман,

Эй фахри ман дар зиндагӣ аз диду аз нодиди ман,

Хоки ду олам бар сарам, бар ин сари испеди ман.

На хотире ранҷондаӣ, на бар касе бад кардаӣ,

На ҳаққи мардум хурдаӣ, на моли мардум бурдаӣ,

Ҳатто дили як мӯрро н-афсурдаӣ, н-озурдаӣ,

Бояд бимиранд ин сагон, боре чаро ту мурдаӣ?

Қуте агар ҳам хурдаӣ, ғамҳои мардум будааст,

Дарду ғами имрӯзаву фардои мардум будааст,

Дар синаи дардошноят ҷои мардум будааст,

Чун ҳафт пуштат аз азал малҷои мардум будааст.

Тире, ки зад бар синаат, бар мағзи ҷони ман расид,

Тире, ки зад бар синаат, бар синаи меҳан расид,

Зеро камон бар қабзаи бедонишу бефан расид,

Зеро камон андохтан бар зумраи кавдан расид.

Ёраб, ту огоҳӣ аз ин пешомади ногоҳи ман,

Ёраб, бубин ҳоли ману ин қабзаи кӯтоҳи ман,

Ёраб, шунав рӯзу шабон ин нолаи ҷонкоҳи ман,

Бар синаи қотил бизан шамшеру тири оҳи ман!

«Эй Парвардигори ман, ба ман илҳом кун (ва тавфиқ бидеҳ), то шукри неъматеро ки бар ман ва бар падару модарам инъом кардаӣ, ба ҷой орам ва то коре шоиста бикунам, ки ту аз он хушнуд шавӣ ва фарзандони маро солеҳ гардон ,ки  номбардори  Падари  азизамон бошанд . Ҳароина, ман ба сӯи ту тавба кардам ва ҳароина, ман аз мусулмононам.»

Мо фарзандон хамаруза аз Худои Мутаол талаб мекунем, ки манзили охирати падарамон ободу чояшон чаннатул маъво бошад.

МОРО ЗИ ПАДАР НОМУ НИШОНЕ БОКМСТ

ГАРЧИ ЗИ ЧАХОН РАФТ ЧАХОНЕ БОКИСТ.

ТУ  НЕСТ  БО  МО  ПАДАРЧОН!!!!

Мо  ШУМОРО  БИСЁР  ПАЗМОН  ШУДАЕМ…..

БИГУ   МОРО  ЁД  КАРДАИ????

**************************************************************************************************************************************

Иллохо,ба хар кори мисво,нигахдорат Худо бошад,
Ба пахми илму Туро,асоскорат Худо бошад.
Иллохо бигардад равшан умри азизат доимо,
Зи хар офату бало халоскорат Худо бошад.
Якат сад хазор гардад,зарафшорат Худо бошад,
Ба ту саъодат бахшида тадбиркорат Худо   бошад.
Иллохо абадул абад,сардорат Худо бошад,
Иллохо,дуогую сари корат Худо бошад!

**************************************************************************************************************************************

Сари хар як  дуои мо азизон  ин дуо бошад.

Хар, ки ёди  мо  кунад  нигахбонаш Худо бошад!

*******************************************************************************************************************************************

Аввал навишта бар Лавхи Махфуз:
Бисмиллохир-Рахмонир-Рахим!
Аноллоху ло илоха илло ано,ман истаслама ва би казои ва ясбиру ъало балои ва яшкуру ъало нуъамои,катабтуху ва баъастуху маъа-с-садикина. Ва ман лам ярзи би казои ва лам ясбир ъало балои ва лам яшкур ъало нуъамои,фалиятлуба раббан сивои ва яхруча мин тахта самои.
Он чи калам навиштааст,тагйиру табдил напазирад,магар чахор чизро: ар-ризк,ва-л-ачал, ва-с-саодат, ва-ш-шаковат.Ин чахор чиз дар азал сабт рафтааст.

             Касе ки дард надорад ба у сухан хайф аст,
                  Касе ки сажда надорад ба у кафан хайф аст!

***************************************************************************************************************************************

Эй Худованди чахондори Карим
Лоязолу лам язал,Хайи кадим
Нест чуз лутфи ту кас фарёдрас
Ё илохал-ъоламин, фарёдрас.

Он падар,он мехрубон бигзашту рафт
Нурбахши чашму чон бигзашту рафт
Моили дидору гулзори бихишт
Аз макон бар ломакон бигзашту рафт.

Худованд  хонаи охирати Падарчонамро Чанатул-маъво гардонаду  дар катори  шухадоххо,ки бе гайри хак хунашон рехтаст  чой гир  кунад!

*****************************************************************************************************************************************************

Ал-чаннату тахта акдом-ил-уммахот:-бихишт зери пои модарон аст!

Итоати падар итоат аз худо бошад ва сарпечи аз падар сарпечи аз худо аст.

****************************************************************************************************************************************************

РАФТИ АЗ ОЛАМ ПАДАРЧОНАМ БА МАРГИ НОГАХОН.
МОНД ФАРЗАНДИ АЗИЗАТ АЗ ТУ ДАР ОЛАМ НИШОН.
РАХМ СОЗАД БАР РАВОНАТ ХОЛИКИ КАВНУ МАКОН.
ШОФИАТ БОШАД БА МАХШАР ОН РАСУЛИ ИНСУ ЧОН.
КАЪБАИ МАКСУДИ МАН ЭЙ КИБЛАГОХИ МЕХРУБОН.
МАСКАНАТ БОДО ХАМЕША ДАР БИХИШТИ ЧОВИДОН.
ЭЙ ПАДАРЧОНИ АЗИЗАМ КАРДИ АЗ ОЛАМ САФАР.
СОЯ БУДИ БАР САРАМ ХМЧУН ДАРАХТИ ПУРСАМАР.
БО ДУОИ ХАЙР ЕДАДАТ МЕКУНАМ ШОМУ САХАР.
НАЗДИ ХАЛЛОКИ ЧАХОН БОШИ ХАМЕША МУЪТАБАР.
МЕКУНАМ ОРОМГОХАТРО ЗИЕРАТ СУБХУ ШОМ.
ХАМ БА ЧАШМОНАМ БИМОЛАМ ХОБГОХАТ БАРДАВОМ.
ЧАННАТУЛФИРДАВС БОШАД ЧОЯТ ЭЙ ОЛИМАКОМ.
РУХИ ПОКАТРО БИСОЗАМ МАН БА ЭХСОН ЭХТИРОМ.
ЭЙ ПАДАРЧОНАМ СУХАНХОИ ТУ ДАР ЕДИ МАН АСТ.
ХАМ БА АКЛУ ХУШУ ГУШАМ ПАНДИ УСТОДИ МАН АСТ.
РАХНАМОИХОИ ЧОНБАХШИ ТУ ИРШОДИ МАН АСТ.
АЗ ТУ ДАР ИН ОЛАМИ ЭЧОД БУНЕДИ МАН АСТ.
ДАР ХАЕТАТ КИМАТУ КАДРИ ТУРО НАШНОХТАМ.
ХОКИ ПОЯТРО БА ЧАШМАМ ТУТИЕ МЕСОХТАМ.
ДАР КУДУМАТ ПАРДАХОИ ДИДА МЕАНДОХТАМ.
ЧОНИ ШИРИНРО БА АЛФОЗИ ХУШАТ МЕБОХТАМ.
АЗ ФИРОКАТ СУХТАМ ЭЙ КИБЛАИ ОЛИЧАНОБ.
ОРЗУ ДОРАМ КИ БИНМОИ ЧАМОЛАТРО БА ХОБ.
АЗ МАНИ ОЗУРДАХОТИР ХЕЧ ГОХЕ РУ МАТОБ.
СОМЕЪИ КАЛБИ ХАЗИНАМ ДОИМОДАРПЕЧУ ТОБ.
КАЪБАИ МАКСУДИ МАНЭЙ КИБЛАГОХИ МЕХРУБОН.
МАСКАНАТ БОДО ХАМЕША ДАР БИХИШТИ ЧОВИДОН.

*********************************************************************************************************************************

МОДАР БОГЕСТ
02 Февраля 2012 | Опубликовано в Ёди модар! Модарнома (шеърхо . очеркхо . гуфторхо....) | Просмотры: | Комментарии: 0

МОДАР БОГЕСТ....

Воќеан боѓе, ки хеч ваќт ва хеч фасле онро хазон намекунад модар аст. Модар боѓест, ки тамоми хузни моро, шодии моро , ѓами моро, дарди моро дар оѓуш мегирад. Ва дар ин боѓ хеч фарзанде бегонаги надорад. Бубинед, ки ин боѓ чи боѓе аст. Рўи чонамози сидќ ва садоќат аст ва фарзанд мисли як хўша ангури ѓазал аст дар ин боѓи тамошои. Модар чонамозе дорад аз атру аз гулхо ва ин чонамоз хамеша гулбор аст. Зеро модар хамеша дар фикри дуо аст, дар фикри фарзандон аст. Дар фикри он аст, ки дунё обод бошад, зебо бошад.

Фикр мекунам хеч  атре ва хеч боѓе мисли харфхои модар зебо нест ва хеч атру гулобе чои мехрубонихои модарро намегирад. Ба ин хотир хамеша поктарин, муаттартарин чисм модар аст барои фарзандон ва фарзанд аз харфхои модар хўша мебандад дар хавои муаттар- хўшаи эътиќод, хўшаи рости, хушаи калом:

Модарам боѓест

Мевахое аз дуо дорад

То бихонад халќи оламро сари он

Модарам атри Худо дорад

Ва агар гўянд аз хама наздиктар ба худованд кист, посух албата модар аст. Зеро модар хамаваќт ва хама чо дасти дуо дорад барои кушоиш, барои ба рохи дуруст хидоят кардани фарзандон, барои тансихатии чомеа ва ин аст, ки модар аз хама кас наздиктар ба худост. Танхо модар аст, ки бештар дар атри худо ѓутавар мешавад, ѓарќ мешавад. Хар кас, ки дасти модар мегирад, домони модар мегирад аз атри худо худро муаттар мекунад.

********************************************************************************************************************************************************

Рузи таваллуди туву гарчй наям канори ту

Муборак эй азизи чон таваллуду бахори ту

 Дар ин диёри нозанин,ки ёсуман шукуфта аст,

 Шукуфта бод наргиси чамоли нурбори ту

 Дареги ин чудоихо,ки дар масири зиндаги,

 Хамеша хира дар раҳам нигохи интизори ту.

 Дареги умри рафтаам, гузаштахои кудаки,

 Биё,ки буса мезанам ба муи тобдори ту.

 Tу ай чахону чони ман,фуруги дидагони ман,

 Дили гамину хастаам, хамеша хостгори ту.

 Зи дури дурхо биё ба суям эй сурури дил,

 Ки нашъа  медихад маро хузури файзбори ту.

 Маро чу парваридаи ба мехрабонии фузун,

 Ба сидк з-ин сабаб, манам хаме сипосдори ту

*********************************************************************************************************************************************

Давлати осудагӣ домони модар будааст,

Ҳар баҳоре аз лаби хандони модар будааст.

Абр чун бусад рухи наргису ёсу настаран,

Шуртар аз оби у борони модар будааст.

Нест оҳанге, ки то бахшад фараҳ бар руҳу ҷон,

Беҳтарин савту садо, афғони модар будааст.

Дилбаре чун тарки ёре мекунад боке мабод,

Аз ҳама танҳоиҳо ҳиҷрони модар будааст.

Бо умеде аз шикебои ба раҳ дузад нигоҳ,

Мунтазир доим ба раҳ чашмони модар будааст.
**********************************************************************************************************************************************

Ба кунҷи сандалӣ биншаста шабҳо, модари пирам,

Ту шояд ҷомаи домодӣ медӯзӣ ба сад ният,

Ки рӯзи тӯй дида бар қади ман, бишканӣ армон,

Бубинӣ то ба ранги нав, ба ҳусни нав ҷавоният,

Ба он дастони ларзони шарафмандат бимирам ман!

Наёбад чашми камбинат ба ҷустан чашми сӯзанро,

Биларзад дасти пурэъҷози ту дар қабзаи пирӣ,

Валекин боз медӯзӣ ту дастархони гулдӯзӣ,

Ки рӯзи маърака дар байни мардум обрӯ гирӣ,

Чи дунёест дунёи умеди ту, Аё модар, аё модар!

Ниҳону пардагӣ бигзашт даврони ҷавоният,

Ҳаётат дар гуселу пешвози зиндагӣ тай шуд.

Бикун бо гӯшаи қарси сафедат пок ашкатро,

Ба дунё одамӣ як бор меояд ба пои худ...

Ба оҳи тобнокат аз куҷо акси садо ҷӯӣ,

Аё модар, аё модар! Бурун аз деҳа норафта, надидӣ рӯи дунёро,

Ба гирди хеш гӯё чарх гаштӣ, зиндагӣ кардӣ.

Ба гирди русто домони гардун гӯӣ часпида

Туро барбаст роҳи нияту азми ҷаҳонгардӣ.

Чӣ дорад олами дар худ ниҳони ту, Аё модар, аё модар!

Худо гуфтию оят хондию таъбирҳо ҷустӣ,

Ту доим “Ҳафтяк” мондӣ ба зери болиши кӯдак,

Ки шояд тифл бебоку далеру қаҳрамон гардад.

Дили пайғамбарон гунҷад даруни синаи кӯчак..

. Даруни кулбаи пасти назарногири пур аз дуд,

Ба ҳукми қарзи инсонӣ ҷаҳонеро бигунҷондӣ,

Шабонгаҳ мижжа таҳ нокарда, пухтӣ кулчаи ширӣ,

Саҳар фарзандҳоятро ба майдонҳо гуселондӣ,

Шараф андӯхтӣ аз ҷонфишониҳои фарзандон,

Аё модар, аё модар! Бубинӣ хоб шаб фарзандҳои мурдаи худро,

Биёбӣ саҳнаи дидорбиниҳои рӯҳонӣ.

Ба назди остонат дом монад сояи маргат,

Туро хонад ба сӯи олами торику зулмонӣ.

Матарс аз марг, охир безаволӣ ту, Аё модар, аё модар!

Ҳазорон маргро, андӯҳу ғамро пушти сар кардӣ,

Нахурдиву напӯшидиву бо сад ранҷ парвардӣ

Маро бигрифта зери пар.

Барои он ки дар ман зиндаю ҳозир бубинӣ бо

Ҳамон сайёдҳои сайдгашта – рафтагонатро,

Шудӣ хуни ҷигар, модар.

Кунун имрӯз фарзандат – ҷигарбандат ҳунар омӯхт.

Ки ёбад нони беминнат. Ба номат дафтаре бикшод,

Дуои хайр гӯ, модар, Ки ӯ бо номи ту дар роҳи раҳҷӯӣ қадам бинҳод

. Варо ту мағфират кун, раҳнамоӣ кун, Аё модар, аё модар!

Зи лабҳои фурӯрафта, зи ожанги пурасрорат,

Агар дурам, агар наздик, хонам панди ногуфта:

Чӣ суд аз он гуле, ки зеби як кокул шуду афтод?

Сано бодо ба он гул, ки барои даҳр бишкуфта.

Ту охир ибтидои ибтидоҳоӣ, Аё модар, аё модар!

Ту ҳоло дар дами пирӣ нафасҳои ғаниматро

Ба нақши гул, ба рӯи сӯзаниҳо сабт месозӣ. Дурахши охирини чашми худро дар дили шабҳо Барои субҳи фардо ҳадя месозию менозӣ.

Гулу нуру шарофат ёдгор аз ту, Аё модар, аё модар!

Суруди ҳузнангези қадимиро махон, модар!

Дилатро бо суруди аввалини ман даме афрӯз!

Агар дасторхону ҷомаи нав дӯзӣ бо уммед,

На танҳо баҳри ман, Баҳри ҳама фардоиён ҳам дӯз!

Ғанимат дон насиби вопасинатро, саломат бош, Аё модар, аё модар!

*********************************************************************************************************************************************************

Чунинам зодаи модар. МОДАР ЭЙ ПАЙГАМБАРИ ЗЕБОИ ИШК... Модар эй волотарин руъёи ишк
Модар эй дилвопаси фардои ишк
Модар эй гамхори бе хамтои ман
Аввалину охирин маънои ишк
Зиндаги бе ту саросар мехнат аст
Зери пои туст танхо чои ишк Модар эй чашму чароги зиндаги
Калби ранчури ту шуд дарёи ишк
Такягохи хастагихоям туи
Модар эй танхотарин маъвои ишк
Ёди ту ором месозад маро
Аз ту оханге гирифта нои ишк Савти лолоии ту эъчоз кард
Модар эй пайгамбари зебои ишк
Мохи ман пушту панохи ман туи
Чони ман эй гавхари яктои ишк
Дуст медорам туро девонавор
Аз ту эхё шуд чунин дунёи ишк Эй аниси лахзахои бекаси
Дар дилам барпо шуда гавгои ишк
Ташнаи огуши гарми ту манам
Ман ки мачнунам туи лайлои ишк. Маънои ишк
Модар эй сояи алтофи худо
Эй саросар хама мехр
Эй дилангезтарин маънии ишк
Эй ки ёдат хама оромиши ман
Эй вучудат хама хохиши ман Ту намоёнгари алтофи худои модар
Марваву хаччу сафои модар
Зери пои ту бихишт аст бихишт
Боз хам тифли туам
Харчи кардам
Чи зебову чи зишт Дасти ту гармтарин гармии мехр
Мехри ту поктарин маънии ишк
Нафасат роихаи райхон аст
Дидани руи накуят модар
Хама дарди маро дармон аст
Вирди зери лаби ту зикри дуъост Хона бо будани ту
Бехтарин боги дилангези худост
Поктар аз хама покихои
Хубтар аз хама хубихо
Бо сафотар аз хама дунёи
Модар Модари хубам ба худо
Дафтари имри маро
Ту чу шерозаи хасти хасти
Ту сазовори чи хасти
Хама чиз
Ман чи дорам ки туро зебад Хеч
Сояи лутфи худои модар
Маънии ишку вафои модар
Шеъри ман дархури тафсират нест
Авчи мехриву сафои модар Re: Маънои ишк
Ту шукуфотарин бахори мани
Мехрубони ман, нигори мани
Хама олам агар зи ман бигусаст
Боз хам хуби ман канори мани
Мехри ту нуктаи уручи ман аст Хуш ба холам ки гамгусори мани
Хуш ба холам ки бо ту сармастам
Дар рахи ишк таксавори мани
Бо ту чони дубора мегирам
Ту ки поёни интизори мани
Интизор шикаст харчи гам аст Ту ки харза бекарори мани Re: Маънои ишк
Ало Модар туи нури ягона!
Чароги манбаи нури ягона. Чони чонам мехрубонам Модарам.
Такягохам пушти бонам Модарам

**************************************************************************************************************************************************

Писаре аз модараш пурсид:
Модар, чаро гиря мекунӣ?
Гуфт: Зеро ман як зан ҳастам.
Писар гуфт: Ман инро
намефаҳмам.
Модар ӯро ба оғӯш кашида
гуфт: Ҳаргиз нахоҳӣ фаҳмид...

Пас писар аз падар пурсид, ки
чаро модарам бе сабаб гиря
мекунад. Падар гуфт, ки ҳамаи
занон бе сабаб гиря мекунанд.

Писарак ба воя расид ва то ҳол
намедонист, ки чаро занон гиря
мекунанд.

Инак рӯзе бо соддагӣ аз
ҳакиме пурсид: Чаро занон гиря
мекунанд?

Хирадманд посух дод: Вақте, ки
зан офарида шуд, Аллоҳ
барояш китфони пурқувват
дод, то ки вазниниҳои оламро
бардорад. Ва дасту бозуи нарм
дод, то ки ба мо роҳат бахшад.
Барояш қувваи дохилие, дод
барои бардошти таваллуди
кӯдак ва барои бардошт
кардани он лаҳзае, ки ӯро тарк
мекунанд (баъди ба воя
расидан).
Барояш салобат ва маҳкамие
бахшид, ки мушкилиҳои
хонавода ва наздиконро паси
сар кунад ва ҳамеша ғамхори
эшон бошад.
Ва барояш муҳаббати
фарзандонашро додааст, ки
хотима намеёбад ва дигаргун
намешавад (ҳатто агар
фарзандон сабаби дарду
аламҳояш шаванд ҳам).
Муҳаббати шавҳарашро ато
кардааст, то ки дар хидмати ӯ
бошад ва рафторҳои
нохушоянди ӯро фаромуш
созад. Ҳикмате барояш дода, то
хонаводаро танзим кунад.

Ва ахиран "АШК" – ро барояш
дода, то ки онро бирезад, то
вазниниҳои он ҳама
масъулиятро афканад ва роҳи
худро идома диҳад.
Ин ҳам ягона нуқтаи заъфи
ӯст.

Барои ҳамин агар ӯро дидӣ, ки
АШК МЕРЕЗАД, барояш бигӯ:
"Модарҷон туро дӯст медорам
ва ҳама он кору талоши туро
қадр мекунам..."
Агарчанде гиряи худро идома
медиҳад, лекин эҳсоси роҳат
хоҳад кард.

Чӣ қадар бузург аст МОДАР!

**************************************************************************************************************************************

Ҳиҷрони модар

*************************************************************************************************************

02 Февраля 2012 | Опубликовано в Ёди модар! Модарнома (шеърхо . очеркхо . гуфторхо....) | Просмотры: | Комментарии: 1

ФАРИШТАЕ БА НОМИ МОДАР
02 Февраля 2012 | Опубликовано в ( БА ЁДИ ПАДАР) | Просмотры: | Комментарии: 6

ФАРИШТАЕ БА НОМИ МОДАР

Кӯдаке, ки омодаи таваллуд шудан буд, рӯ ба сӯйи Худованд карду пурсид: «эй Худои хубу меҳрубонам, мегӯянд фардо маро ба замин мефиристед, аммо ман бо ин хурдӣ ва бидуни ҳеҷ кӯмаке чи гуна метавонам барои зиндагӣ ба онҷо биравам»? Ҳотифе аз ҷониби Худо ба ӯ садо дод: «аз миёни теъдоди бисёре аз фариштагонам ман якеро барои ту дар назар гирифтаам, ки ӯ дар интизори туст ва аз ту нигаҳдорӣ хоҳад кард». Кӯдак ҳанӯз намедонист, ки мехоҳад биравад ё не, боз рӯ ба сӯйи Худованд карду гуфт: «Худоё ман дар ин ҷо коре намекунам, мушкиле надорам, коре ба ҷуз хандидан ва овоз хондан надорам ва инҳо барои шодии ман кофӣ ҳастанд». Ҳотифе аз ҷониби Худованд ба ӯ нидо кард: «фариштаи ту бароят овоз хоҳад хонд ва ба рӯйи ту лабханд хоҳад зад. Тавре ки ту ишқи ӯро эҳсос хоҳӣ кард ва шод хоҳӣ шуд». Кӯдак бо нигаронӣ пурсид: «эй Худоҷони меҳрубон, вақте ман забони онҳоро намедонам, читавр метавонам бифаҳмам, ки онҳо чӣ мегӯянд»? Дубора садои латифи ҳотифи ғайб гӯши ӯро навозиш карду фармуд: «фариштаи ту зеботарин ва ширинтарин вожаҳоеро, ки мумкин аст бишнавӣ дар гӯши ту замзама хоҳад кард ва бо сабру бурдборӣ ба ту ёд хоҳад дод, ки чигуна сӯҳбат кунӣ». Кӯдак бо нороҳатӣ идома дод:»вақте бихоҳам бо ту сӯҳбат кунам чи коре кунам? Аз онҷо чигуна бо ту сӯҳбат кунам»? Посух шунид ки, фариштаат дастҳоятро дар канори ҳамдигар қарор дода, ба ту ёд медиҳад ки чи гуна дуо кунӣ ва бо ман сухан бигӯӣ. Кӯдак сарашро поин аафканду пурсид: «шунидам, ки дар замин инсонҳои баде ҳам зиндагӣ мекунанд, аз онҳо маро кӣ муҳофизат мекунад»? Овоз омад, ки фариштаат аз ту нигаҳдорӣ хоҳад кард, ҳатто агар ба қимати ҷони худаш бошад. Кӯдак даст бардошт ва пурсид: «Худоё, агар қарор аст биравам, пас номи фариштаам чист»? Ҷавоб шунид, ки номи фариштаат аҳамият надорад ба содагӣ метавонӣ ӯро модар садо кунӣ. Оре, номи ин фариштаи заминӣ модар аст. Фариштае, ки Худованд барои нигаҳдорӣ ва муҳофизати кӯдакон интихоб кардааст. Аммо ончи муҳим аст ин аст, ки оё ин фариштагони заминӣ ҳамеша ба вазифаҳои худ дуруст амал мекунанд? Пас ҳар як зан ё модар аз худ бипурсад ки ба ин вазифаи ҳассоси худ чи қадар амал карда аст. Оё то ҳол дар бораи Худо ва меҳрубонии ӯ бо фарзандатон сухан гуфтаед? Оё ба фарзандатон омӯхтаед, ки чи гуна бо Худояш сухан бигӯяд? Оё дар бораи амру фармонҳои Худованд ба фарзандатон чизе гуфтаед? Оё аз ишқу меҳрубонӣ ва неъматҳои Парвардигораш ба ӯ чизе гуфтаед? Дар зеҳни фарзандонатон аз Худованд мавҷуди тарснок ва хашмгин насозед, балки коре кунед, ки фарзандатон ошиқи Худо бошад ва ӯро беҳтарин дӯсти худ бидонад. Аммо шумо, эй касоне, ки имрӯз аз ин фариштаи заминӣ бениёз гаштаед, оё ҳаққи ӯро ба ҷо овардаед? Оё як шаби бехобии ӯро ҷуброн кардаед? Оё як рӯзи нигаронии ӯро барои бемориатон ҷуброн кардаед? Оё баҳои як зарра муҳаббати ӯро пардохт кардаед? Оё посухи аллаҳои ошиқонаи нимашабии ӯро додаед? Оё посухи он ишқеро, ки хуни шӯрро ба шири ширин табдил кард, то шумо нӯши ҷон кунед, метавонед бидиҳед? Агар ба ин гуфтаҳо фикр кунем, пай мебарем, ки ҳеҷ гоҳ наметавонем ҷавоби он ҳама заҳмату меҳнати ин фариштаи заминиро бидиҳем. Мо аз ҷуброни заҳматҳои ошиқонаи ин фариштаи илоҳӣ оҷизем. Боз ҳам ишқи ин фаришта аст ки моро аз азоби виҷдонамон мераҳонад. Агар мо бо камтарин кори хуби худ лаҳзае хотири ӯро шод гардонем, исми ӯро ошиқона садо бизанем, ва аз ӯ оҷизона талаби дуо кунем боз ҳам шоҳиди табассуми зебо ва дуоҳои ошиқонаи ӯ дар ҳаққи худамон хоҳем буд.

***********************************************************************************************************

МОДАР --- ВАТАН ХАМ ЧОНАСТ ХАМ ЧОНОН
02 Февраля 2012 | Опубликовано в Ёди модар! Модарнома (шеърхо . очеркхо . гуфторхо....) | Просмотры: | Комментарии: 0

Модар! Ватан! Ин ду калима, ки ҳамагӣ аз панҷ ҳарф таркиб ёфтаанд, дар мазмуну мундариҷа он қадар маънӣ,шукӯҳу шаҳомат доранд, ки дар тасвирашон садҳо достону романҳо офарида шуданду ғазалу таронаҳо сароида мешаванд. Ин ду мафҳум барои ҳар як инсон ончунон азизу муқаддасанд, ки барои ҳифзи ҷону нангу номусаш фарзандони арзанда ҷони худро дареғ намедоранд! Тифл баробари ба олами ҳастӣ омадану чашм кушодан аз бӯи онҳо машом муаттар карда бо ҷону дил дӯсташ медорад. Дар оғӯши модар - Ватан хору зор нашуда зиста ба воя мерасад. Барои ҳамин ду калима бе ҳамдигар маънои худро гум карда дар алоҳидагӣ вуҷуд дошта наметавонад. Модар – Ватан муқаддастарин мафҳум ҳимояи он шаъну шараф ва қарзи инсонии ҳар як шахс ба ҳисоб меравад.

Ман булбуламу ватан гулистони манаст,

Чун модари мехрубон нигахбони манаст.

У буд ки ман зи нести хаст шудам,

Ин аст ки имони ману чони ман аст..

Бузургии зан-модар пеш аз ҳама дар он таҷассум меёбад, ки ӯ чароғи хонадон, идомадиҳандаи насл, тарбиякунанда ва ба камолрасонандаи фарзанд, инчунин нигоҳдорандаи забон, таърих ва фарҳанги миллӣ мебошад. Агар ободиву суботи ҷомеа аз осоишу оромии ҳар як оила вобаста бошад, дар навбати худ ободии ҳар як хона дон аз рӯҳияи солиму созанда, сатҳи маънавиёту маърифатнокӣ ва тандурустии зан-модар вобаста аст. Ба андешаи ман зани тоҷик, ки намунаи олитарини зан-модар аст, дар доираи модарсолорӣ аз аввал то имрӯз боқӣ мондааст. Имрӯз ҳам ӯро чун зан-модар - ҳамон модаре, ки сари гаҳвора алла мехонад, парастиш мекунанд, вале шахсияташ, ишқу муҳаббаташ, андешаву оламашро касе эътироф наменамояд. Афсӯс, ки имрӯзҳо бори вазнини ҳаётро ҳам бештар занон мекашанд. Рисолати аслии зани тоҷик сабурии ӯст. Зан модари тоҷик заҳматкашу меҳнатқарин буду ҳаст ва мемонад.

Ба қавле «Ғами дунёи наву кӯҳна ҳама бори зан аст».

Cад чону дил фидои як муддаои модар,

Фатху кушоиш орад дасти дуои модар.

Бишнид гар садоям дуньёи сахтгушон,

Ангезаест шояд аз аллахои модар!!!

Модар барои ҳар як шахс азизу муқаддастар аз ҳама мавҷудоти рӯи олам аст. Ҳар чӣ ки дар рӯйи замин дорем, ҳатто ҷони азизи худро лозим шавад, тайёрам барояшон фидо созам. Модарон арзандаи ҳамагуна эҳтирому дӯстдорианд. Зеро меҳрубонтарин инсонҳои рӯи оламанд ва фарзандро дар ҳама ҳолат дастгиранду дилсӯзу бахшанда. Hавозиши дастони модар беҳтарин истироҳат аст барои фарзанд, новобаста ба синну сол.

Худо гуфтию оят хондию таъбирҳо ҷустӣ,

Ту доим “Ҳафтяк” мондӣ ба зери болиши кӯдак,

Ки шояд тифл бебоку далеру қаҳрамон гардад.

Дили пайғамбарон гунҷад даруни синаи кӯчак...

Даруни кулбаи пасти назарногири пур аз дуд,

Ба ҳукми қарзи инсонӣ ҷаҳонеро бигунҷондӣ,

Шабонгаҳ мижжа таҳ нокарда, пухтӣ кулчаи ширӣ,

Саҳар фарзандҳоятро ба майдонҳо гуселондӣ,

Шараф андӯхтӣ аз ҷонфишониҳои фарзандон,

Аё модар, аё модар!

Ишкам, умедам, хаётам туи, эй модаричон модарам,

Калбам, садоям, навоям туи, эй модаричон модарам,

Ширин забони, дармони чони, эй модаричон модарам,

Танхо бароям ту мехрубони, эй модаричон модарам,

Модар, модаро! Шири сафедам додӣ,
Дунё баумед асту умедам додӣ.
То бар сари ман чӣ ояд аз бешу камӣ,
Ту дар сари гаҳвора навидам додӣ.

Модар, модаро, ту ибтидоям будӣ,
Ҳам қимати қомати расоям будӣ.
З-аввал ту намезодӣ, намемурдам ман,
Гӯё ки ту низ интиҳоям будӣ.

Аё модар, ба қурбони ту мирам,
Чу муҳри меҳри паймони ту мирам.
Ҷаҳон пурмакру дастон аст, бигзор,
Ки ман дар рӯи дастони ту мирам.

Дилам хоҳад равам бар кӯи модар,
Вуҷудам пур шавад аз бӯи модар,
Тамоми рӯи дунёро бигаштам,
Надидам рӯи хуш ҷуз рӯи модар.

*********************************************************************************************************

Эй модари ҷон, ба гирди дастурхонат,
Мо ҷамъ шавем ҷумла фарзандонат.
Гар ҷамъ шавем хотират ҷамъ шавад,
Дарбеҳ бишавад пораҳои ҷонат.

********************************************************************************************************

МОДАР он сарчашмаи чушони хаётест,ки хастии моро аз файзи худ шодоб мегардонад.МОДАР-сарчашмаи мехру мухаббат,шавкати беканор, нури хар як хонадон аст..
 МОДАР!-туи он мохи дурахшоне,ки бо нури мехрборат шабхои тираю торики моро равшан месози.
 МОДАР!-ту офтоби дар зиндаги,ки моро гармию рушнои мебахши.
 МОДАР!-зиндаги аз ту огоз мешавад ва дунё аз буйи мукаддаси ту атрогин аст.
 МОДАР!-бонуи хар як хонадону хуснбахши замину нусратбахши тамоми рухи инсон хасти.
 МОДАР!-сафедии муи сарат барои фарзандонат рохи сафеди зиндагист.
 МОДАР!-нафаси ту насимест,ки оромишро дар чону тани мо чори мекунад.
 МОДАР!-чехраи нуронии ту барои мо азизу мукаддас аст.
 МОДАР!-дасти навозишгари ту таскинбахши мо дар лахзахои душвории зиндаги аст.
 МОДАРЧОН хар як тори муятро мепарастам,зеро муи чун шаб сиёху руи чун сапедат барои ба камол расидани чигарбандонат сапед гаштаву дар рухсорахои гули садбаргат ожангхо падид омадаанд.Тамоми умр бахри пешравию саодатмандии рузгори фарзандонат кушиш кардаи ва  ба зиндагии мо шукуху шахомат бахшидаи.

*********************************************************************************************************

БАХОРИ УМРИ ТУ ХАЗОН МАБОД ЧОНИ МОДАР....
02 Февраля 2012 | Опубликовано в Ёди модар! Модарнома (шеърхо . очеркхо . гуфторхо....) | Просмотры: | Комментарии: 8

БАХОРИ УМРИ ТУ ХАЗОН МАБОД ЧОНИ МОДАР....

Боз мехоҳам, ки аз нав кӯдаки нодон шави,
Боз мехоҳам, ки аз нав кӯдаки гирён шави.

Бар сари зонуи модар боз биншини  даме,
Гиряву хандаат , сарамро нарм бинвозад
ҳаме.

*******************************************************************************************************************************************************

Кӣ аз модар ду бор таваллуд шудааст?
К
ӣ ду бор кӯдак будааст?
К
ӣ ду бор ба ҳаждаҳ даромадааст?

******************************************************************************************************************************************************

Нестӣ нахли дубар, эй гулписар,
То ки ҳар соле ду раҳ бор овар
ӣ,
Бишкуф
ӣ ду бор, ёбӣ ду баҳор,
Зиндагии тоза такрор овар
ӣ.

Як баҳору як гулу як навбатест
Баҳри мо дар зиндагии одам
ӣ.
Ҷовидона чарх мегардад замин,
Чарх мегардем дар он мо даме.

Гар фитад аз осмон исторае,
Ҳамчу ашки оташини осмон,
Дор онро дар кафи дастони худ,
Барфур
ӯзаш чун чароғи хонадон.

Дида
ӣ гулбаргборони баҳор,
Гирдбоди қисмати гулзорро?
Ҳусни одам низ чун гулбаргҳост,
Мешавад бар роҳҳо барчошҳо.

Гил агар бошад, бир
ӯяд боз гул,
Ҷовидон бодо русуми дилбарӣ!
...Нест
ӣ нахли дубар, эй нозанин,
То ки ҳар соле ду раҳ бор овар
ӣ.

Ин пагоҳ
ӣ субҳ баҳри ту дамид,
Ҳамчу р
ӯи ту дурахшону сафед.
Г
ӯӣ нав огоҳ шуд аз ошиқӣ,
Лаззати оғ
ӯши дунёро чашид.

Бо ту г
ӯё шуд таваллуд оламе
Олами гулбозию дилбозиҳо.
Бо ту г
ӯё ибтидо шуд роҳи нав,
Роҳи худкобию сарафрозиҳо.

Бо ту ҳамсол аст имр
ӯз офтоб,
Ҳамсафи ту абру барқу жола аст.
Ин
ҷаҳону ин замину осмон
Мисли ту имр
ӯз ҳаждаҳсола аст...

****************************************************************************************************************************************************

Падару модар дарахти сабзи низоми хилқатанд, ки фарзандон меваҳои шодоби он мебошанд. Онон замини пурбаракате ҳастанд, ки маҳди пурмеҳри онон, заминасози парвариши насли одамиён ва оғӯши гармашон, бистари муносибе барои рушду шукуфоии истеъдоди фарзандон мебошад.

********************************************************************************************

Ту ҳайрон мешавӣ, модар,
Ки ман, фарзанди ту ҳар сол як бор
Дурӯза меҳмонӣ мебиёям.
Пас аз сайру сафар аз шаҳрҳои номию зебо,.

**************************************************************************************************************************************************

Иллохо,ба хар кори мисво,нигахдорат Худо бошад,
Ба пахми илму Туро,асоскорат Худо бошад.
Иллохо бигардад равшан умри азизат доимо,
Зи хар офату бало халоскорат Худо бошад.
Якат сад хазор гардад,зарафшорат Худо бошад,
Ба ту саъодат бахшида тадбиркорат Худо   бошад.
Иллохо абадул абад,сардорат Худо бошад,
Иллохо,дуогую сари корат Худо бошад!

********************************************************************************************

Асои дасти Модар бош фарзанд,
Давои дарди Модар бош фарзанд.
 Ки Модар бахри ту болу паре аст,
 Бароят доимо точи саре аст

Фарзанд давоми умри инсон бошад,  
Неруи дилу халовати чон бошад.  
Модар чу дарахтест дар ин боги чахон,
 Бигзор ки мевааш фаровон бошад.

**********************************************************************************************

Парвардигоро фарзандони моро  аз чумла тамоми фарзандони мусалмонро  бо  роҳи  нек  ҳидояат намо  имони комилу  тавфик  ато фармо  аз илму  дониши  ин дунёву  охират  саршор  гардон  ва  аз  чумлаи фарзандони  солеҳе   гардон, ки  дар охирату  ҳозир  дастгири  падару  модар  бошанд

«Эй Парвардигори ман, ба ман илҳом кун (ва тавфиқ бидеҳ), то шукри неъматеро ки бар ман ва бар падару модарам инъом кардаӣ, ба ҷой орам ва то коре шоиста бикунам, ки ту аз он хушнуд шавӣ ва фарзандони маро солеҳ гардон! Ҳароина, ман ба сӯи ту тавба кардам ва ҳароина, ман аз мусулмононам.» Аҳқоф; 15

ШАХЗОДШЕРИ ЧОНУ ДИЛИ  МОДАР  ДАР ИН  РУЗЕ,КИ БАРОИ МАН  ФАРОМУШТНАШАВАНДА  АСТ  БАРОЯТ  АЗ  ДАРГОХИ  ЯЗДОНИ ПОК  АВВАЛО  СИХАТУ  САЛОМАТ,БАРОРИ КОРУ   РУЗГОР  ДАР  ЧОДАИ  ПЕША  КАРДААТ  БУРДБОРИХО ВА  БАРАКОТ  ДАР  ХОНДАНАТ  МУВАФФАКЯТХО  ТАМАННО  ДОРАМ. ИЛЛОХ  ХАМЕША ДАР  БОЛОИ  ХАМАИ  ДУШВОРИХОИ ЗИНДАГИ ДАСТБОЛОЮ  ПИРУЗ  БОШИ   ВА  ДАР   ПИРОНСОЛИ   АСОИ ДАСТИ  ПАДАРУ  МОДАР  ЧОНУ  ЧИГАРИ  МОДАР.

ДУОЯТ МЕКУНАМ  ФАРХУНДА  БОШИ

ХАМЕША  ДАР ДИЛУ  ДАР ДИДА  БОШИ.

******************************************************************************************************************************************************

Умрат зи саду ҳазор афзун гардад,
Дарду алам аз дили ту берун гардад

Падар шинохтатару шарифтар асту модар мушфиқтару меҳрубонтар.
02 Февраля 2012 | Опубликовано в ( БА ЁДИ ПАДАР) | Просмотры: | Комментарии: 0

Падар шинохтатару шарифтар асту модар мушфиқтару меҳрубонтар.

Ҳазрати Расули Акрам (с) фармудаанд: «Падар шинохтатару шарифтар асту модар мушфиқтару меҳрубонтар».
Абдуллоҳ ибни Масъуд (р) нақл мекунад, ки рӯзе аз Расули Худо (с) пурсиданд: «Кадом амал назди Худованд некӯтар аст?»
Паёмбари гиромӣ (с) ҷавоб доданд: -Намозро дар вақташ гузоридан.
Боз пурсиданд: -Баъд аз он кадом амал некӯтар аст?
Гуфтанд: -Некӯӣ дар ҳаққи падару модар овардаанд, ки Расули Акрам (с) дар маҷлисе ба риояи ҳаққи падару модар ҳадиси дарозе нақл карда, дар охири сухан қасам ёд карда гуфтанд: Ба ҳаққи Худое, ки маро ба халқ пайғамбар кардааст, ҳар кӣ ба падару модари худ накӯӣ карда, аз худ розӣ гардонад, он кас дар биҳишт ҳамроҳи ман хоҳад буд. Марде аз он маҷлис бархоста гуфт: Ё Расулуллоҳ (с), маро дар овони хурдӣ падару модарам фавтидаанд. Чӣ тавр онҳоро аз худ розӣ гардонам?
Ҳазрати Муҳаммад (с) фармуданд: Барои падару модари худ садақа кун, ё мӯҳтоҷеро таъом деҳ, қироати Қуръон кун ва намози фарзиро хонда, аз ақиби он барои мағфирати падару модар дуо кун. Аллоҳ Таъоло мустаҷоб карда, мағфират менамояд, агарчи онҳо гунаҳкор ҳам бошанд.
Дар «Навоби ғул калима» омадааст, ки ҳар касе бомдод бархезад ва падару модар аз вай хушнуд бошанд, дари биҳишт барояш кушода мегардад. Агар фарзанд ба рӯи падару модар бо меҳрубонӣ нигарад ва бар эшон раҳм кунад, Худованди Таъоло савоби ҳаққи мақбул дар девони аъмоли ӯ сабт мегардонад:
Бо модари хеш меҳрубон бош,
Омодаи ҳурматаш ба ҷон бош.
Бо чашми абад нигар падарро,
В-аз гуфтаи ӯ мапеч сарро,
Гар ҳар ду шаванд аз ту хурсанд,
Хушнуд шавад зи ту Худованд.
Муоз ибни Ҷабал (р) ривоят мекунанд, ки Мӯсо алайҳиссалом дар муноҷоти худ гуфтанд: «Илоҳо, маро васияте кун!» Нидо омад, ки «Ризои модар ҷӯй!» Ҳамин тавр то ҳафт бор нидо омад: «Эй Мӯсо (а), ризои модар ҷӯй ва ҳурматашро бишнос!»
Марде назди Расул (с) омаду гуфт: «Ё Расулуллоҳ (с) , модари ман пир шудааст, бо дасти хеш нон дар даҳони вай мениҳам ва об медиҳам. Ӯро ба пушти худ мебардорам. Оё ҳаққи фарзандии худро адо кардаам?
Пайғамбар (с) ба ӯ гуфтанд: - Аз сад якеро нагузоридаӣ. Лекин Худованд туро савоби бисёр медиҳад.
Боре ҷавоне назди ҳазрати Муҳаммад (с), омада гуфт: «Ё Расули Худо (с), иҷозат диҳед, ки ба ғазо» (ҷиҳод) равам».
Он Ҳазрат (с) гуфтанд: -Модар дорӣ?
Ҷавон гуфт: -Бале, модарам ҳастанд.
Паёмбар (с) фармуданд: -Бирав, ӯро нигаҳдорӣ кун, ки биҳишт зери қадами вай аст.
Яъне,касеро модараш розӣ бошад, биҳишт ба ӯ наздиктар аст.
Обрӯи аҳли дин аз хоки пои модар аст,
Ҳарчи доранд ин ҷамоат аз дуои модар аст.
Он чӣ дар васфи биҳишт фармуд Қуръони Карим,
Соҳиби Қуръон бигуфто, зери пои модар аст.
Дар як ҳадиси мубораки Расули Худо (с) омадааст: «Се тоифаро оташи дӯзах намесӯзад: Зане, ки итоаткори шавҳар бошад, фарзанде, ки барои падару модар накӯкорӣ кунад, шахсе, ки ба халқи Худо раҳм кунад».

*******************************************************************************************************************************************************

Эҳсону неки бо падару модар

September 24, 2011

Trackback

Ислоҳ

by Administrator

Ҳамду сано Худои бузургу бо азаматро ва салавоту салом бар Паёмбару аҳли байту асҳобаш, ва бар пайравони онҳо. Аммо баъд: Худованд мефармояд:

وَقَضَى رَبُّكَ أَلَّا تَعْبُدُوا إِلَّا إِيَّاهُ وَبِالْوَالِدَيْنِ إِحْسَانًا إِمَّا يَبْلُغَنَّ عِنْدَكَ الْكِبَرَ أَحَدُهُمَا أَوْ كِلَاهُمَا فَلَا تَقُلْ لَهُمَا أُفٍّ وَلَا تَنْهَرْهُمَا وَقُلْ لَهُمَا قَوْلًا كَرِيمًا (23) وَاخْفِضْ لَهُمَا جَنَاحَ الذُّلِّ مِنَ الرَّحْمَةِ وَقُلْ رَبِّ ارْحَمْهُمَا كَمَا رَبَّيَانِي صَغِيرًا (24)} [الإسراء: 23، 24] "Парвардигорат муқаррар дошт, ки ҷуз Ӯро напарастед ва ба падару модар эҳсону некӣ кунед. Ҳар гоҳ то ту зинда ҳастӣ, ҳар ду ё яке аз он ду (падару модар) солхӯрда шаванд, ононро маёзор ва ба дуруштӣ хитоб макун ва бо онон ба икром сухан бигӯй. Дар баробарашон аз рӯи меҳрубони сари хоксорӣ хам бикун ва бигӯ: «Эй Парвардигори ман, ҳамчунон ки маро дар хурдӣ парвариш доданд, бар онҳо раҳмат овар". (Исро 23 ва 24

Падару модар!!!

Оё медонед падару модар киро мегуянд?

Падару модар яъне сабаби пайдоиши инсон, барои ин ду шахс, бо баландтарин мартабаи эҳсону неки бояд рафтор кард. Некиву эҳсон бо падар, ба хотири он ки у ба сабаби фарзандаш тамоми машақатҳоро аз сар гузаронид то ки уро ба воя расонд, ва некиву эҳсон ба модар, ба хотир он ки у фарзандашро бо машақати зиёд ба дунё оварда ва тамоми раҳмату шафқаташро ба у бахшидааст. Ҳабри уммат ва тарҷумони қурон, Абдуллоҳ ибни Абос (р) мегуяд: се ояте ҳастанд ки комил кунандаи ҳамдигаранд, ва яке аз онҳо бидуни дигараш пазируфта намешавад, ояти якум Худованд мефармояд:

وَأَطِيعُوا اللَّهَ وَأَطِيعُوا الرَّسُولَ [التغابن: 12] "Худоро итоъат кунед ва паёмбарро итоъат кунед" (Тағобун 12)

Аз ин оят чунин фаҳмида мешавад ки ҳарки итоъати Худовандро ба ҷо биёраду итоъати паёмбарашро ба ҷо наорад аз у пазируфта намешавад. Дар ояти дувум Худованд мефармояд:

وَأَقِيمُوا الصَّلَاةَ وَآتُوا الزَّكَاةَ [البقرة: 43]

"Ва намозро барпой доред ва закотро бипардозед" (Бақара 43)

Аз ин оят фаҳмида мешавад ки ҳарки намоз бихонаду закотро напародозад, аз у пазируфта намешавад.

Ва дар ояти сеюм Худованд мефармояд:أَنِ اشْكُرْ لِي وَلِوَالِدَيْكَ إِلَيَّ الْمَصِيرُ [لقمان: 14]

"Манро ва падару модаратро шукр гӯй" (Луқмон 14)

Аз ин оят фаҳмида мешавад ки ҳарки шукри Худоро ба ҷо биёраду шукри падару модарро ба ҷо наорад, аз у пазируфта намешавад.

Ба хотири ҳамин Худованд дар китобаш бандаҳояшро доимо васият мекунад ки ба падару модар бо чи роҳе ки набошад эҳсону неки кунед, ва бо чи роҳе ки набошад аз норозигии ва бадрафтори ба онҳо ҳушдор медиҳад, чуноне ки Худованд мефармояд:

وَاعْبُدُوا اللَّهَ وَلَا تُشْرِكُوا بِهِ شَيْئًا وَبِالْوَالِدَيْنِ إِحْسَانًا [النساء: 36]

"Худоро бипарастед ва ҳеҷ чизеро шарики Ӯ масозед ва ба падару модар эҳсону некӣ кунед" (Нисо 36)

Ва боз мефармояд:

وَوَصَّيْنَا الْإِنْسَانَ بِوَالِدَيْهِ حُسْنًا [العنكبوت: 8]

"Ба одамизод супориш кардем, ки ба падару модари худ эҳсону некӣ кунад" (Анкабут 8)

Ва боз мефармояд:

وَوَصَّيْنَا الْإِنْسَانَ بِوَالِدَيْهِ حَمَلَتْهُ أُمُّهُ وَهْنًا عَلَى وَهْنٍ وَفِصَالُهُ فِي عَامَيْنِ أَنِ اشْكُرْ لِي وَلِوَالِدَيْكَ إِلَيَّ الْمَصِيرُ [لقمان: 14]

"Одамиро дар бораи (эҳсону неки бо) падару модараш супориш кардем. Модараш ба ӯ ҳомила шуд ва ҳар рӯз нотавонтар мешуд ва пас аз ду сол аз шираш бозгирифт. Ва супориш кардем, ки Манро ва падару модаратро шукр гӯй, ки бозгашти ту ба суи ман аст" (Луқмон 14)

Бо ин оятҳо маълум гардид ки падару модар чи қадар ҳақи бузурге бар фарзандонашон доранд, ва махсус модар, чунки у дар муқобили чандин сахтиҳову машақатҳо ба хотири фарзандаш истодагари кардааст, ба монанди парҳезгори аз хурданиҳо ва нушиданиҳо ба хотири фарзандаш, ва вазнинии ҳомилаги ва ҳар машақате ки занони ҳомила аз сарашон мегузаронанд, ва аммо тавалуд кардан бошад, ба монанди он аст ки инсон аз дами марг раҳо меёбад, дарди онро ба ғайр аз модарон каси дигаре наметавонад дарк кунад.

Ва дар суннати Паёмбар (с) низ дар бораи фарз будани эҳсону неки бо падару модар, ва огоҳи аз норозиги ва хашмгин сохтани онҳо хело зиёд таъкид шудааст. Чуноне ки дар ҳадиси Паёмбар (с) омадааст: "Ризогии Парвардигор дар ризогии падару модар аст, ва хашмгинии Парвардигор дар хамгинии падару модар аст" (Табарони)

Ва дар ҳадиси дигар аз Амр ибни Ъос (р) ривоят шудааст ки марде ба назди Паёмбар (с) омад ва гуфт: ман ба назди ту омадам то ки бо ту байъат кунам, ки ҳиҷрат мекунам, ва падару модарамро дар ҳоле гузоштам ки бароям гиря мекарданд, Паёмбар (с) гуфт: "Баргард ба назди онҳо ва бихандон онрҳоро, чигунае ки гирёнашон карда буди" (аҳли сунан ба ҷуз Тирмизи)

Аз имом Аҳмад ва ибни Моҷа аз Муовия ибни Ҷоҳимаи Сулами ривоят шудааст ки У аз Паёмбар (с) талаб кард ки ҳамроҳи у ҷиҳод кунад, Паёмбар (с) уро амр кард ки баргардад ва бо модараш эсону неки кунад, вақто ки Муовия (ин хоҳишашро такрор кард) ва дар суханаш истодагари намуд, Паёмбар (с) ба У гуфт: "вой бар ту (эй Муовия) зери пои модаратро ҳамроҳи намо ҷаннат дар он ҷо аст"

Аз Абуҳурайра (р) ривоят шудааст ки марде назди Паёмбар (с) омаду гуфт: "Эй Расули Худо ман беҳтарин эҳсону некияамро бо ки кунам? Паёмбар (с) гуфт: бо модарат, он мард гуфт: боз бо ки? Паёмбар (с) гуфт: боз бо модарат, он мард гуфт: боз боки? Паёмбар (в) гуфт: боз бо модарат, он мард гуфт: боз бо ки? Паёмбар (с) гуфт: боз бо падарат" (Бухори ва Муслим)

Аҳли илм ба чунин фикранд, ки модар се баробари падар бар фарзанд ҳақ дорад, чунки модар се марҳалай мушкилиро аз сараш мегузаронад, аввал мушкилоти ҳомиладори, дувум мушкилоти тавалуд, севум мушкилоти нашъунамо ва хурондану нушонидани тифл, аммо дар тарбияти фарзанд падару модар баробар ҳуқуқанд, чуноне ки Худованд дар ин оят ишора кардааст:

Ва аз Абуҳурайра (р) ривоят шудааст ки Паёмбар (с) гуфт: "Се тоифае ҳастанд ки Худованд рузи қиёмат ба суяшон назар нахоҳад кард, оқи падару модар, зани мардмонанде ки худро бо мардон монанд месозад, ва (марди) даюс, ва се тоифа ҳастанд ки дохили ҷаннат нахоҳанд шуд, оқи падару модар, арақнуш, ва касе ки чизе медиҳаду боз миннат мекунад". (Насои ва Аҳмад ва Ҳоким)

Инчунин Муъоз ибни Ҷабал (р) мегуяд ки Паёмбар (с) манро чунин васият кард: "Ба Худо шарик наёр, агарчи кушта шави ва сузонда шави, ва оқи падару модар нашав, агарчи онҳо туро амр кунанд ки аз аҳлу оила ва молҳоят руй гардон……" (Аҳмад)

Ҳамон гунае ки неки ва эҳсон бо падару модар аз васиятҳо ва амрҳои Паёмбари ислом (с) мебошад, инчунин аз амалкард ва васиятҳои дигар паёмбарони пешин низ буд.

Чуноне ки аз Паёмбар (с) ривоят шудааст, ҳаногме ки аз назди қабри модараш, ки дар Ваҳбо минтақае дар миёни Макка ва Мадина ҷоигир аст дафн шуда буд, бо ҳамроҳии саҳобагонаш ки ададашон ҳазор нафар буданд, мегузашт, дар он ҷо истоданду Паёмбар (с) сари қабри модараш гиря кард ва саҳобагон низ аз гиряи Паёмбар (с) ба гиря омаданд, сипас Паёмбар (с) гуфт: "Аз Худованд иҷоза пурсидам ки барои модарам талаби мағфират намоям, бароям иҷоза надод, ва иҷозаи зиёрати қабри уро хостам бароям иҷоза дод, сипас (Паёмбар с) гуфт: қабрҳоро зиёрат намоед, онҳо охиратро ба ёди шумо меоранд"

Инчунин Иброҳими Халил (а) бо вуҷуди ин ки падараш кофир буд уро бо лутфу меҳрубони нидо мекард ва мегуфт: يا أبتي "Эй Падари ман" ва уро ба суи ибодати Худованди ягона мехонд, ва аз у хоҳиш мекард ки тарки ширку куфр кунад, вале ҳангоме ки падараш уро бо зарбу лат таҳдид намуд, ва хост ки уро аз хонааш берун намояд, Иброҳим (а) ба ҷуз ин сухан ба у чизи дигаре нагуфт, чуноне ки Худованд фармуд:

سَلَامٌ عَلَيْكَ سَأَسْتَغْفِرُ لَكَ [مريم: 47]

"Салом бар ту! Аз Парвардигорам бароят бахшоиш хоҳам хост" (Марям 47)

Ва ин чунин Худованд ба Яҳё ибни Закарё ба хотири он ки бо падару модараш эҳсону неки мекард сипос гуфт, чуноне ки Худованд фармуд:

وَبَرًّا بِوَالِدَيْهِ وَلَمْ يَكُنْ جَبَّارًا عَصِيًّا [مريم: 14]

"Ба падару модар некӣ мекард ва ҷаббору саркаш набуд" (Марям 14) Ва ҳамингуна гузаштагони солеҳи ин уммат низ дар неки бо падару модар бисёр кушишманд буданд.

Чуноне ки аз Абуҳурайра (р) ривоят шудааст, ҳангоме ки мехост аз хонааш берун ояд, дар назди дари хонаи модараш меистоду мегуфт: асалому ъалайка ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу ва модараш мегуфт: ва ъалайка салом ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу эй фарзандам, ва Абуҳурайра мегуфт: Худованд туро раҳм кунад чуноне ки ту манро аз хурди тарбият намуди, ва модараш мегуфт: Худованд туро низ раҳм кунад чуноне ки бо ман дар пиронсоли эҳсону неки менамои.

Ва аммо Абдуллоҳ ибни Масъуд бошад, шабе модараш аз у об талаб кард, Абдуллоҳ ибни Масъуд рафт то ки об биёрад, ҳангоме ки баргашт дид ки мадараш хоб аст, Абдуллоҳ об дар даст то субҳ дар назди сари модараш интизор монд, ва уро ҳатто бедор ҳам накард то ки уро нороҳат насозад, ва инчунин аз наздаш ҳам дур нарафт то ки мабодо модараш бедор шаваду об бихоҳад ва Абдуллоҳро пайдо накунад.

Ва ибни Ҳасани Тамими бошад аз пушти каждуме рафт то ки уро бикушад, ва дид ки каждум дар кунчи хона дохили сурохие пинҳон шуд, ибни Ҳасан дари он сурохиро бо ангуштонаш баст, каждум ангушти уро газид, аз у пурсиданд ки чаро ин хел кард, дар ҷавоб гуфт: ба хотири он ин корро кардам ки тарсидам ки шояд он каждум берун ояду модарамро бигазад.

Ва ибни Ъавни Музаниро рузе модараш нидо кард, ибни Ъавн дар ҷавоб ба модараш каме бо садои баландтар ҷавоб дод, то ки модараш уро хубтар бишнавад, локин бо вуҷуди ин ибни Ъавн пушаймон шуд ва дар роҳи Худо ду ғуломро хариду озод кард.

Ҳангоме ки ба ҳоли гузаштагогнамон менигарем мебинем ки мо дар муқобил нисбат ба падару модаронамон бисёр кутоҳи мекунем, ҳатто ба он дараҷае мерасем ки дучори ғазабу норозигии онҳо мегардем.

Оқи падару модар чанд намуд мебошад ки аз баъзе аз онҳо мо хабар надорем ва дар назарамон андак менамояд, мисли ин ки садоро аз садои падар ё модар баланд намудан, ё ин ки ҳангоми соҳиби пулу мол шудан ё инки соҳиби илм шудан нисбати онҳо такабури намуданд.

Аз ҷумлаи оқи падару модар онаст, ки фарзанд парвои падару модар накунад ва онҳоро ба ҳоли худ гузорад то ки маҷбур шаванд ки даст ба талбандаги бизананд.

Инчунин касеро аз онҳо болову беҳтар донистан, мисли рафиқонро ва ё зану фарзандро ва ҳатто нафсашро.

Ва нидо кардани онҳоро бо номҳояшон ва шухи нанамудан ба номҳои онҳо.

Модаре ки тифлашро дар шикамаш нуҳ моҳ бо чанди машақатҳо бо тамоми намуди эҳтиётҳо ҳамл намуд, ҳар рузе ки дар шикамаш бузург мешавад ҳамон қадар дарду машақати модар зиёд мегардад, ва ҳангоме ки тифлашро ба дунё меорад чунон дарду аламе мебинад ки гуё аз дами марг раҳо ёфтааст, ва баъди тавалуди фарзандаш ҳамаи умедҳояшро бар фарзандаш мебандад, ва тамоми хушиву саодаташро дар хушиву саодати он фарзандаш мебинад, ва шабу рузашро дар хидмати фарзандаш мебахшад, кушиш мекунад ки уро аз беҳтарин таомҳо ва безарартарин таомҳо бихуронад, барои у заҳмат мекашад ва худро хаста месозад то ки фарзандаш роҳат бинад, синаву дастонашро савораи фарзандаш месозад, худро гурусна медорад то ки фарзандаш сер шавад, шабҳо хоб намекунад то ки фарзандаш оромона хоб кунад, ҳарвақто ки уро набинад фарёд мезанад, агар аз у руй гардонад уро хиҳиш мекунад, ҳаргоҳе ба фарзандаш зараре расад барояш кумак металабад, фикр мекунад ки тамоми хайру неки дар дасти уст, ва то замоне ки фарзанд дар оғушаш ё зери назараш бошад ба у нохушие нахоҳад расид.

Оё баъди ҳамаи ин ҷазои модар, уро норози сохтан ва аз у руй гардонидану сазовори хашми у гаштан аст?!. Худоё аз ин руз ба раҳмати ту паноҳ мебарем. Аммо падар бошад, ба хотири фарзанд чандин намудҳои мушкилотро аз сар мегузаронад, то ки луқмае пайдо кунаду дар даҳони у бигзорад, ва дар тарбияту таълими у чиқадар машақатҳое нест ки накашида бошад, ҳаргоҳе ки фарзанд ба наздаш биёяд хушҳол мегардад, ва ҳаргоҳе ки аз наздаш дур гардад дар фироқи у месузад, ҳаногме ки падар ҳозир мегардад, фарзанд фикр мекунад ки дунё дар зери дасти уст ва дигаронро аз падараш метарсонад бо сари баланд қадам мезанад. Оё баъди ҳамаи ин ҷазои падар такабури ва норози сохтани уст, ва сазовори хашми у шудан аст?!.

Худоё аз ин руз ба раҳмати ту паноҳ мебарем.

Ҳар як инсони оқил бояд огоҳ бошад, ки дар ҳақи падару модар кутоҳие накунад, оқибати ин кор бисёр сахт аст, бояд тамоми кушишашро сарф намояд, то ки бо онҳо эҳсону неки намояд, чунки рузе аз рузҳо онҳоро аз даст хоҳад дод, ва баъд аз он дигар газидани ангушт фоидае надорад, эҳсону неки бо падару модар агар аз нигоҳи шариъат ҳам фарз намешуд, аз нигоҳи инсонияту виждон аз баландмартабатарин амалҳо ба ҳисоб мерафт.

Ва илова бар ин эҳсону неки бо падару модар гуноҳонро аз байн мебарад, ва сабаби қабули дуъоҳо мегардад.

Худоё гуноҳони мо ва падарону модаронамонро бубахшо ва онҳоро раҳм намо чигунае ки моро дар хурди тарбият намуданд, ва онҳоро бо паёмбарону содиқон ва шаҳидону солиҳон ҳашр намо ва ҷои онҳоро фирдавси аъло бигардон. Омин

Ва салому дуруд бар беҳтарин ва охирини паёмбарон Муҳаммад (с) бод.

Бандаи оҷиз ду матлаб дорад аз лутфи Худо, Тавфи Байтуллоҳ, тавофи равзаи пайғамбар аст.
02 Февраля 2012 | Опубликовано в ( БА ЁДИ ПАДАР) | Просмотры: | Комментарии: 1

Бандаи оҷиз ду матлаб дорад аз лутфи Худо, Тавфи Байтуллоҳ, тавофи равзаи пайғамбар аст.

Зиёрат  рафтан  дар  ниҳоди  башар  аст. Одам табиъатан  дӯст  медорад  ба  зиёрат  биравад  хоҳ зиёрат  ба  сӯйи  ҷойу  макони  муқаддаст  бошад  ё ҳатто  зиёрати  хешу  ақрабо  ва дӯсту наздикон. Зиёрат  дар  маҷмӯъ  таассуроти  муҳими руҳонӣ дар инсон дорад. Ба қавли ирониҳо "устухонро сабук мекунад" ва руҳро болида.

Зиёрати хонаи Каъба панҷумин рукни ислом буда, он ҳам ибодати баданӣ ва ҳам ибодати молист. Имом Аҳмад ривоят мекунад, ки ҳазрати Муҳаммад саллалоҳу алайҳи ва саллам фармуданд: «Ҳар касе иродаи ҳаҷ кардан дошта бошад, ҳарчи зудтар барои адои он шитоб намояд, зеро мумкин аст беморие рух бидиҳад ё чизе гум шавад ё ягон ҳоҷати дигаре падид ояд.

Дар ривояти Имом Тирмизӣ омадааст: «Миёни ҳаҷ ва умра мутобиат бикунад». Яъне, ин дуро пасиҳам анҷом бидиҳед, зеро ҳардуи он камбағалӣ ва гуноҳро ончунон аз кас дур месозанд, ки дамаи оташ ғаждии оҳану тиллову нуқраро дур менамояд.
Мукофоти ҳаҷҷи мабрур биҳишт аст.
Дар ривояти Ибни Моҷаи Қазвинӣ омадааст, «Ҳаҷгузорон ва умракунандагон қосидони Худоянд. Агар аз ӯ дуо кунанд, дуояшонро қабул менамояд ва агар талаби омурзиш намоянд, онҳоро мебахшад».
Расули Худо (с) барои ҳоҷиён чунин дуо кардаанд: «Худоё, ҳаҷгузоронро биёмурз ва ононеро биёмурз, ки ҳаҷгузорон барояшон аз ту талаби омурзиш намуданд». Аз он ҳазрат пурсиданд, ки «дар ҳаҷ кадом амалҳо беҳтаранд?» Ишон дар ҷавоб гуфтанд: «Бо садои баланд талбия гуфтан ва қурбонӣ кардан».

Ҳаҷ кардан ба мусулмон имон медиҳад, ки фурӯтанӣ (хоксорӣ) ва тақвояш бештар гашта, Худоро зиёдтар итоат ва пайравӣ намояд. Сарзамини муқаддас, одоби ҳаҷ,таъсири маънавӣ, нерӯи ҷамоат, илҳомоти фикрӣ... ҳамаи инҳо ба афкори мӯъмин таъсири худро хоҳанд гузошт. Мақсаду мароми ҳоҷӣ бештар сӯи хайру некӣ майл хоҳад кард. Зеро ӯ дар аснои тавоф манзараи қиёматро мебинад. Хурду калон, мансабдору бемансаб, сиёҳпӯсту сафедпӯст иҳром ба бар карда, танҳо фикри зиёрат бар сар доранд. Фикри ӯ аз ташвиши дунё дур мешавад, гуноҳро тарк мекунад. Расули Худо (саллаллоху алайхи вассалам) фармудаанд: "Ҳар касе ҳаҷ бигзорад ва гирифтори олудагию инҳирофе нагардад, монанди тифли навзод аз гуноҳ пок мешавад".

Чанд  вакт пеш  аниктараш  21- августи  соли 2011   дар  даҳаи  оҳири    моҳи шарифи   Рамазон  модари  азизам  ҳамроҳи   бародарам   Шарафчон  сафари ҳаҷи умра  доштанд  ва  баъди  зиёрати Макатуллоҳ  ба Ватан бо як  таассуроти  хубе  баргаштанд.Модари азизам  Ҳачи фарзиро соли 2000 адо карда  буданд  ва  ин дуюмин  сафри  модар ба  Хонаи Худо буд. Худованди кариму  Ҳаким Ҳачи эшонро  кабулу магбул  гардонда  боши  ва  моро  ҳам ба  зиёрати  чойҳои мукадас  насиб  гардони.

Асл дар ибодат ва ба вижа ибодати баданӣ ин аст, ки инсон шахсан худаш онро анҷом диҳад. Агар инсон бимирад ва онро анҷом надода бошад, фарзандаш метавонад, ба ҷои ӯ он ибодатро барояш анҷом бидиҳад. Пайғамбари Худо (с) мефармояд: «Дар ҳақиқат фарзандони шумо даромад ва самари шумо ҳастанд». (Ҳадиси шариф).
Бинобар ин баъди аз дунё гузаштани падару модар метавонанд, адодиҳандаи роҳи онҳо бошанд. Ҳамчунин пайғамбар фармудааст: «Вақте инсон мемирад, амали ӯ қатъ мегардад, магар се чиз: садақае ки ҷорӣ бошад, илме ки мардум аз он фоида бибаранд, фарзанди солеҳе, ки барои ӯ дуо кунад». (Ҳадиси шариф).

Шукронаи  Парвардигорро мекунам ,ки  ҳарчанд   падари  бузургворам   ба зиёрати   ҳач насибашон  нашуд   ба чойи падар  фарзандҳо  ҳар сол  ин амалро  анчом медиханд.Имсол  ҳочи  Шараф   ба чойи  падари меҳрубонамон  дуюм бора  ҳач  карданд

*******************************************************************************************************************************************************

Ёдоштхои Падар
02 Февраля 2012 | Опубликовано в ( БА ЁДИ ПАДАР) | Просмотры: | Комментарии: 1

Зиндаги бошитоб мегузарад( Ёдоштхои Падар)

Зиндаги  бошитоб  мегузарад

Умр  монанди об  мегузарад

Оре,  Одами шогирде аст, ки дард ва андуҳ  уро таълим медихад ва ҳеч кас бидуни эхсоси ин муаълим кодир ба шиносоии худ нест. Ин  ҳама дарди  бепадари  моро  фарзандонро  хам таълим дод ,хам  инсонҳоро  шинохтем, ки чониян ё  нони  ин ҳама  ангезаҳо дарси зиндаги  буданд  дар ҳайёти  мо.

Он чи  аз  панди  Падари  бузургворам  омухтам мегуфт; Зиндаги худ як  дарси ибрат  аст  шумо дар   он  мисли накош  ҳастед ,ки  бо кирдору  рафтори худ  онро накоши мекунед, кушиш ба  харч диҳед ки накоши шумо бидуни ягон хатпок(хаткуркунак)  бошад  вакте,ки ба гузашта  бармегардед  ниёз ба  хатпок надошта  бошед.

Коре ,ки тавоноии  анчомашро ба  фардо магузор зеро,ки имруз  ҳамон  фардое   ҳаст,ки интизораш буди.

Падарчони азизу  меҳрубонам шукри Парвардигори  оламиёнро мекунам,ки фосилаи каме,ки дар зиндаги  бо мо буди  аз шумо  бисёр чизро омухтем ва  то ҳол  сармашки  кору  зиндаги худ кардаем.

Эй падар аз бахри побусат салом овардаам
Бо умеди раҳмати руҳат калом овардаам
Дуст  дорам ,  Эй  падар бо  ёди  ту  Точикободро,
Сангу  чубу  хору  хас, ҳар  зарра  гарди  хокро

Дар  ин  тули 14-сол, ки моро Падарчон  тарк  кардию  хонаи охиратро ба худат  авлодтар донисти  мо  факат  шуморо ҳар  лахзаю ҳар  нафас  ёд  меорем  бо тилловате  аз сурахои  Куръони карим  руҳи шуморо  шод мекунем  ва  ба ин  худро  тасало медиҳем,ки  ҳама  мо бандаҳо  мирандаем  ин дунёи фони ба  кассе  вафо накардааст  факат як  чиз мемондааст  ин ҳам бошад  номи неку  аъмоли хуб.

Номи неки рафтагон зоеъ макун,

То нагардад номи некат бар забун.

Зиндаю ҷовид монд ҳар кӣ накӯном зист,

К-аз ақибаш зикри хайр зинда кунад номро

Хотироти  бисёре  дорем  Падарчон  аз  шумо,ки  соатҳо киса кунам  тамом намешавад вале  баъзе  хотиртҳое  ҳастанд,ки  ҳамеша  пеши чашмонамон мебиёянд.

Бахше  аз  ин  хотироти   неке ,ки барои  мо  дарси  ибрату  зиндаги шуданд!

Падари   меҳмондустам!  

   Солхои 1982-1983  буд . Дар ноҳияи  Гарм раҳмати падарам  ҳамон  солҳо  Раиси Шуро  буданд.Ва  мо дар  маркази ноҳияи  Гарм зиндаги мекардем.Падарам  бисёр  мехмондустор буд. Рузе   набуд ,ки танҳо  хона  биёяанд,  ҳар    нисфирузи   вакти  хурокхури  ягон  рафикашро  ҳамрохаш гирфта хона  меоварданд.

Хар  руза барин  имруз ҳам  ҳамрохи  падарам  рафиконаш, Мусаяб Умаров  , Ахмадбек Лоиков  ва  Мирзо Мухаммадназаров  меҳмон  шуданд. Мо ки фарзандон  хама   дар макатб мехондем,  модарам ҳам  муаллима  будан  барои ҳамин  ба  меҳмонхо  дар меҳмонхона  доимо    дастархон тайёр мекардему  болояшро мепушонидем,ки ҳамеша  омода бошад.

Ман ки  ҳамон руз  барвактар аз  дарс омада будам  омодаи хурок  тайёр  куни  будам ,ки ҳамаи аҳли оила  омада хуроки нисфирузиро  хуранд. Хамин  лаҳза  занги телефон шуду  пардачонам гуфтанд,ки  ягон хурок   дар обед   омода  соз,  мо ҳозир меравем. Пас  аз  лаҳзае  бинам,ки ронандаи  падарам  пештар  омаданд дар як  халта гулмоҳи оварданду гуфтанд,ки инро ҳам  пухта  тайёр кунед  барои мехмонхо.

Ман,  ки  то  ин  вакт  ҳамеша  ҳамрохи модарчонам  хурок  мепухтам,ягон бор  моҳи бирён худам  напухта будам  чи карданамро намедонистам  аз кучо  сар кунам.Дасту похурда  шуда будам,ки  мабода,ки  назди  меҳмонҳои  падарам  аз  уҳдаи ин набароям..

Хамин лахза бинам,ки акаи Мирзо шодравон,ки  дар ҳамсоягии мо  зиндаги мекард  бо даъвати  падарам  омада  расиданд.  Дид,ки  ман  танҳо дар ошҳона   моҳиҳоро  тоза карда истодам  гуфтанд,ки Шаҳло  инкарад  моҳи бисёрро чи тоза карда  меисти  барои 4-  нафар  2- кг  басанда  аст.  Биё  ман  ёрдам  мекунам  тезтар  мешавад.  Хамин лаҳза  чунон  хурсанд шудам,ки акаи Мирзо ,ки  дар пухту  паз  устоди  хубе буд  ва  ҳамто надошту  маҳорати баланди ошпази доштанд  акнун  аз  онхо сири  бомаза  пухтани  моҳибирёнро  ёд мегирам.

Хамин хел  ҳам шуд  якчоя  бо акаи  раҳмати Мирзо то омадани  падарчонаму   меҳмонҳо  як  табаки калон  моҳибирён аз гулмоҳои  дарёи Сорбог  тайёр карда  болои миз  гузоштем. Меҳмонҳо ҳам  омадан.

Падарчонам аз дар бо як  руҳи болида  бо даҳони пур аз  ханда  бо он каду  комати  баланду он чеҳраи  нурони  вориди ҳавли шуданду    садо карданд,ки Шаҳлочони дадаш  мо  омадем, акнун  хурокҳои пухтагиатро баҳо медиҳем!

Шурбои ман  ки тайёр буд  аввал аз хомшурбо  ним косаги баъдан  моҳибирёнро  хурданду  маро  таърифу  раҳмат гуфта    рафтанд.Раҳмати Падар  доим  дар хона  байни  мо  фарзандон  мусобика  мегузош  дар корҳои хона, кассе  беҳтар  ичро мекард  соҳиби туҳфаю  меҳрубонии падар мешуд  аз ин руй  доим кушиш мекардем,ки  чи фармоише  мекунанд  падару модар ба хуби ичро кунем  то ки  таърифу  туҳфаҳои  Дадачонамро соҳиб  шавем.

 То ҳол  кадом вате,ки  моҳибирён  пазам ҳамин  лаҳза  пеши руйам  мебиёд  ва  мегуям,ки моҳибирёнро  ба  ман  раҳмати акаи Мирзо ёд дода  буд.Худованд  дар  раҳмати Худо  бошанд  ҳамаи  онхое,ки моро  аз  ин дунё  тарк  кардаанд.

*****************************************************************************************************************************************************

"Аз Аллоҳ бубин, ҳар он чӣ меояд ба сар, Бе ризои Ҳақ намехезад зи санги ҳам шарар", Худоё ҳар кӣ ба ту раҳ ёфт, равшан шуд ва ҳар кӣ ба ту паноҳ бурд, паноҳ ёфт. Ва ман ба даргоҳи ту паноҳ овардаам, пас ту эй Худо ҳусни занни маро ба раҳматат ноумед масоз ва аз фурўғи раъфату иноятат маро маҳҷуб магардон. Худоё, ба ман диле ато кун, ки муштоқи мақоми қурби ту бошад ва забоне, ки сухани сидқаш ба сўи ту боло равад ва назари ҳақиқате, ки тақарруби ту ҷўяд.

ГАР КУНАМ ЁДИ ПАДАР,ДУ ЧАШМАИ МАН ГИРЁН  ШАВАД          ГАР КУНАМ ЁДИ ПАДАР,ИН  КАЛБИ  МАН  БИРЁН  ШАВАД.

У  НАМЕДИХАД  ДИГАР  БАР  МАН  ДУОЮ  ФОТИХА,

АЛВИДОЪ ЭЙ АЛВИДОЪ,ТО РУЗИ ДИДОР  АЛВИДОЪ.

ШУКРИ  АЛЛОХ  МЕКУНАМ  ИМОНИ КОМИЛ  ДОШТАИ,

ХИЗМАТИ  МАРДУМ  БИКАРДИ,ТУХМИ  НЕКИ  КОШТАИ.

СИНАИ  КУХРО  ШИКОФТА,БОГУ БУСТОН  КАРДАИ,

ДАШТАКУ САНГЛОХРО,ХАМЧУН ГУЛИСТОН  КАРДАИ.

САНЧИДУ  ЗАРДОЛУВУ СЕБУ АНОР  БИШНОНДАИ,

ХАРКИ  НУШИ ЧОН КУНАД,ТУ АЗ САВОБАШ  БАХРАИ.

ОДАМИ  ДАР БОГИ УМР,ЧУН  БАРГИ  ТАР  БУДАСТУ БАС,

ГАР  ХАЗОН  ОЯД  БА БОГАШ,БОГИ  ДИГАР  МЕРАВАД.

АНДАРУНИ  БОГИ ТУ БАРГХОИ  ТАР  САДХО  ХАЗОР,

ЧУН  ХАЗОН ШУД БОГИ УМРАТ,БОГИ  ДИГАР  РАФТАИ.

АЗ   ХУДОВАНДИ  ТАЪОЛО,АЪЗАМИ   ДОРАД  ДУО,

АЗ  БИХИШТАД  ПОРАЕ  БАР У  НАСИБ  ГАРДОН  ХУДО

****************************************************************************************************************************************************

Хеч гох аз хотирам нахохад рафт! Як  руз  гусфандонро гирифта ба суи чарогох рафтам.Ногох  дидам ки як мард ва писараки ношиносе бо хамрохии чурахоям бо завк бози кардаисодаанд...

Ва ман ба наздашон омадам бачахо гуфтанд, шинос шав.Ин мард пеш омаду гуфт чура биё  шинос мешавем,ман акаи Махмуд ва ин писарам Шарафчон,Аз ин баъд мо хам бо хамрохии шумо (Гов ва гусфандонамонро) ба чарогох мебиёрем...

Ва ман бошам лахзае дар фикр мондаму бо худ гуфтам манн, ки ин мард Акаи Махмуд ин  номро чое дидаам  хамоне,ки дар газета дида будам.Ба рости ин хама мисли як филми афсонави дар пеши назарам чарх мезад...

Ва ба худ мегуфтам ин мард,ки раиси нохияи мебошад дар ин чарогох чи мекунад.

Бо хуши ва хурсанди ба Шарафчон ва падараш акаи Махмуд шинос шудем...

Дар чарогох ки аз хонаи акаи Махмуд он кадар дур набуд  бисер дустонам ва бо шавку завки бисер бози мекардем.Хар бегох падари Шарафчонро дар он чо интизор будем...

Бегохи Аз кор, ки меомад киссахояш  пур аз ширини ба мо бачахо таксим мекард,бо хамрохии мо бачахо бисер шухию бозихо мекард...

Шарафчон ки нав ба деха омада буд  аспсавориро хуб наметонист.Мо уро дар байни 3-руз аспсавориро омухтем.Хурсандию бози чурагии мо хамто надошт...

Дар хона ва дар мактаб бо сари баланд бисер таъриф мекардем  аз  ин марди хоксор ..

Аз байн чандин  соли кудакиамон мисли як мичазадан гузашт...

Як рузи офтоб хаво софу бегубор буд.Баъди якчанд дакика борон сар шуд,мо хайрон шудем дар ин хавои бе абр борон ачиб.,.

Ногох шунидем овози гирьяву фигон аз суи хонаи шумо.Хайрон шуда давида рафтем...Рафта  дидем,ки часади акаи Махмуд  пури хун  руйи  хавлин буд  ва  тамоми мардуми  нохия  дар ончо  дар фигон буданд!

Мо ки хурдсол будем аз тарсу аз ларза чи кор карданамонро намедонистем....

Хама марду зан гиря мекарднад Бо чашмони гирён мо дигар бо Шарафчон во нахурдем. Бо хамин Гусфандчарони  анчом ёфт.

Апачон бахшиш ки ман акаи Махмуд мегуям...

Вакте акаи Махмуд бо мо шинос шуд.Ба мо гуфт ман раис нестам ман чураи шумоям.Акаи Махмуд бо хамин хотири хоксорию одамдустиаш дар дили мо хамеша чун инсони хубу гамхор боки мемонад...

Хамшарики ва хамдардии маро ба хамдардии худатом кабул намоед.Акаи Махмудро Худованд рахмату махфираташ кунад ва чояш Чаннат бошад.!

Рохе  ки ба  чарогох мерафтанд!

Чарогохое  ки  бачахо бози мекарданд!

******************************************************************************************************************************************************

Мондааст ёдгор ба мо сурати падар,
Хушруй ин кадар!
Бо чашми дил ба чехраи гармаш кунем назар,
Чун шуълаи сахар!

Пешонияш фароху нигаххош мехрбор,
Чинхо ба руи у.
Бар руи суфае биншастааст бо викор
Чун барф муи у.

Гуям-аш, чонпадар,писарат ШАРАФАТ хам падар шудаст,
Бо рохи ту равон.
Андак хам аз илму фазли замон бохабар шудаст,
Дар тули солиён.

Гуяамаш чонпадар,ту бубин боги умри мо,
Имруз пурсамар.
В-аз он нихолхо шуда пайванд дар чаман
пайванди бештар.

Гуямаш чонпадар хуш гузарад рузгори мо
бо мехнати халол
дар байни дустон на кам аст эътибори мо,
дар чодаи камол.

Аз ончи лозим аст ба мо ,хаст эй падар,
Дардо.ки ту нести.
Хардам ба гуши ман бирасад нола аз чигар:
якто ту нести чон падар

***************************************************************************************************************************************************

ОШИ  ПАЛАВИ  ЗУЛИЧОН!

Чи  хуш  аст ёд овардани  даврони  кудаки  барои  хар як  инсон,ки дар халкаи ахли оила  гузашта  бошад. Ин  ёдхо моро лахзае хам  бошанд  ба    дунёи  зебои  кудаки боз мегардонанд.

Солхои  мактабхони  ки  13-14  сол  доштам  дар хона хама  кори  бори рузгор  ба души манну  хохарам Зулфия буд.Моарачона  хамаи  корхоро  таксим карда  буданд  ва хар яки мо медонистем  кадом корро кунем.Ба гайри рубу чин  боз хурок пази хам ба души ман буд.Бо ёрию гуфтаи  модарчон  аз  ухдаи  пухтани  хамаи  хурок  мебаромадам  ва  хар  вакте,ки  хуроки наве  мепухтам  рахмати    падарам  хушнуд мешуданд  ва  мегуфтанд,ки  бахоят+5  чони дадаш.

Як  руз  модарчон гуфтанд,ки акнун шумо  аз худ кардед пухтани  хамаи намуди хурокро навбати Зуличон   дар  ошхона. Зуличон,ки худ  пухту пазро дуст  намедошт   ба амри модарчон  не гуфта   натавонист.

Ба  ошхона  даромаду  гуфт,ки   ягон  кас  ба  ман  нафахмонад   ман   худам Оши  падав  мепазам.Аз ин гап  модарчон  хурсанд шуданду  гуфанд  хама  махсулот  дар пешат   гиру  аз  пайи корат шав  мо  хурда баъд  бахо медихем.

Хамин  хел  Зуличон  худаш  бе ёрдами  мо дар  ошхона  як  деги калона  2-кг  биринчро оши  палавро  дам  партофту  шоди куни омад  ба  назди ману  модарчон : гуфт,ки  баъди 40 мин  оши  палав  тайёр мешавад  рафта  дадачонамро   занг занам,ки дер накарда  расида  биёяд  ба  ош хури.

Рафтану  гиширо бардоштанду  ба  дадачонам занг задан:  ва  гуфтан,ки  ман Оши палав  пухтам дадачон рафиконатонро  акаи Абос  акаи  Сайидмухтор  ва акаи Тугона  гирифта  обед  биёед.

Бо   даъвати  Зуличон  рахмати  падарам,ки  бисёр инсони  дил кушод буданд бо рафикони худаш  расида  омадан. Вакт  кашидани  Оши палав хам расид  мо хамрохи модарчон  вориди  ошхона шудем,ки  бинем чи гуна  Ош  пухтааст   Зуличон.Вакте,ки дегро  кушодем  модарчон  аз  кахр намедонист  чи гуяд  Зуличонро  чанди бор  дашном  дод,ки наметавони чаро  морро намонди ки кумак  кунем  хам худат  дида   ёд  бигир  боз барои   шарманда  кардани худат  дадачонатро  занг  зади, ки   рафиконатро  гирфта биёр.! Дар  оши пухтаи Зуличон  сабзи набуд  оши сап  сафед,худи Зуличон  аз  хурди   дар  хурок  пиёзу  сабзиро  чудо мекард  бо тахди дили худаш  оши бесабзи пухтаст.

Баъди хурдани мехмонхо  хуроки якумро модарчон  парадамро чег зад  гуфт  оши духтарат бе  сабзи аст   монед  нахуред ошро  хозир ягон чи мепазем.

Дадачонам дегро  кушода  диданду  хандаи  карда  ва  амр кард,ки хамин Оши пухтаи  духтарамро кашида  биёред. Оша  кашида  бурданд  вале нахурданд  дар чояш истода буд  вакт  рафтан  дадачонам гуфтан,ки Зуличон бахот  5  оши бомаза  пухти духтарчон ,рахмат  лекин кушиш кун , ки даъфи дигар аз  ин хам хубтар  пази. Зуличон хурсанд  шуду аз  шодди ба  сурудхони даромад! Бахои  5  сохиб шудам гуфта!

Вакте,ки рафтем якчо ба мехмонхона,ки гундорем дастархони мехмонхорро  Зуличон  ошро  дид,ки  истодаст   ба  гиря  даромад,ки оши ман ба  дадачонам  махкул набудаст    маро   хамин хел дилбардори кардаанд  набошад агар  махкул мебуд ошро хурда  тамом мекарданд.

Дар Оши  Зуличон  на танхо  сабзи  балки  намак  хам  надош.

То  хозир  мазаи   Оши  палави бе сабзию бенамаки Зуличон  аз ёдамон намеравад.

******************************************************************************************************************************************************

Ёди модар! Модарнома (шеърхо . очеркхо . гуфторхо....)
02 Февраля 2012 | Опубликовано в Ёди модар! Модарнома (шеърхо . очеркхо . гуфторхо....) | Просмотры: | Комментарии: 301

Модар.... чихел калимаи ширин ва дилагез аст.Вактеки Модар мегуем тамоми баданамону рухамонро як ехсоси хубе фаро мегирад, ки мо аз он халоват мебарем.
Модар ба мисли замин якто аст ва мухабати у барои мо фарзандон беканора ва човидона аст.
Як шаба ранче , ки Модар кашид
Бо ду чахонаш натавон баркашид.
Аё модар! Туро ёд кардам, дар танҳои чашм мепушам ва садои хандаҳоят ба гуш мерасад. Вақте чашм мекушоям ин садо хомуш мегардад, зеро ин садо тасаввур аз хотиротам буд. Туро ёд кардам модар,чи гуна суханҳое бароят бигуям то ту дар наздам ҳозир шави ва туро оғуш гирам сарамро болои китфонат гузораму роҳат кунам. Оҳ модар! Чашмонам аз ёди ту ҳамеша нам ҳастанд. Чи қадар вазнин, чи қадар мушкил ин дури аз ту, туро ёд кардам.
Биё модар, даст бар сарам бигузор, дили мисли мавчҳои дарё пурталотум гаштаамро ором намо, биё ки ман бо ту рози дил бигуям. Эй раҳмати Худованд ту бузургтарин шахси ҳаёти, зеро бо ин ҳама бузурги маро пиҳил карди. Эй чаннати Парвардигор дар руи замин! Ту василаи хушбахтии ҳаёти ман, зеро ту маро бизоди, баҳри ман шабҳо дар сари гаҳворам нишаста бехоби кашиди, ду чуйбори ширатро аз ман дареғ надошти. Туро ёд кардам модар ту мисли гул ҳасти, ки аз буи хушат чаҳон муаттар аст. Аё модар! Туро ёд кардам, аз ин дури дилам шикаста аст мисли намози мусофир.

******************************************************************************************************************************************************

ТИФЛИВУ ДОМОНИ МОДАР ХУШ БИХИШТЕ БУДААСТ,
МО БА ПОИ ХУД РАВОН ГАШТЕМУ САРГАРДОН ШУДЕМ.
.............................................................................
Аз сари пистони ту сар мешавад умри хама,
Аз сари дастони ту пайрохаи дури хама.
Аз дили ту сар шавад дарьёдили,
Кобили сурат шавад обу гиле.

Чашми бедори ту моро бахти бедор оварад,
Чунбиши гавхора ёд аз чархи даввор оварад.
Домани бахт аст аз домони ту,
Дил ба сомон аст аз сомони ту.

Сузани ту аз сутуни касри тилло кимат аст,
Руи нуронии ту аз руи дуньё кимат аст.
Бе ту хуш фоле намонад дар чахон,
Чои ту холи намонад дар чахон.

******************************************************************************************************************************************************

Cад чону дил фидои як муддаои модар,
Фатху кушоиш орад дасти дуои модар.
Бишнид гар садоям дуньёи сахтгушон,
Ангезаест шояд аз аллахои модар!!!

Бӯи ҷону бӯи нону бӯи пистон,
Бӯи гулҳои баҳори баччагӣ,
Бӯи шири гарми навдӯшида меояд зи дастони ту, модар.
Дар рухат ожангҳо чун сатри шеъри зиндагӣ,
Офарин хонанд бар азму ба имони ту, модар.

--------------------------------------------------------------------------------
Дар он соат,ки дилгирам куҷоӣ модари пирам,
Биё бинмой тадбирам,ки дар гирдоби тақдирам

*****************************************************************************************************************************************************

Бо нураш гарчи ин хуршеди ховар,
Фаро гирад чахонеро саросар,
Намегардад валекин он баробар
Ба ин пуркуввати бо мехри модар!
Факат модар ба хар гармову сармо,
Хамеша бар сари гахвораи мо,
Накарда мижа тах, биншаста шабхо,
Бипарвард у чу чон бигрифта дар бар.
Вучудаш чун ба фарзанд аст пайванд,
Варо хонад ба худ чону чигарбанд.
Агар хоре занад бар пои фарзанд,
Дили модар шавад гамгин мукаррар.
Барои фикру ёди пурумедаш,
Барои хурмати муи сафедаш,
Ба чон хам хурмату иззат кунедаш,
Набошад то ки чашмаш хеч гах тар.

***************************************************************************************************************************************************

Модар,модар ба ҷон баробар модар,
Дубора нашуд ба кас муяссар модар.
Нолам зи ғамат,хок бар сар гирам,
Кошке бимирам дар пеши пои модар.

***********************************************************************************************************

Bihisht,ki rizoi modaronast,
Dar zeri qudumi Modaronast. Bale Modar qimatarin nemati dunyo,Sarchashmai muhabati bekanor,himatbalandtarin shakhsi bashar ast.Kanori modar khud maktadi avvalini hayoti most.Misli ogushi modar bihishtoso makoni digare nest.Modar misli zamin tanho va yaktost.Modar dar hama holat ch hoziru ch goib payvasta dar yodi farzand hast.Az dast raftani Modar baroi farzand fojeai khelo garon ast;

Modar,modar, kasi bahimmat boshad,
Didori sharifi u ganimat boshad.
Az makhzani pandi on bigir arzoni,
Fardo ch kuni,ki ganji qimat boshad.

Ore, davlati farzandon modar ast.Zindagi khud sher ast,ki bo allai modar ibtido girifta, bo nomi on khotima meyobad.Har farzande,ki qimati modarro donad bo duoyash khushbakhtu shuhratyor megardad.
Sad jonu dil fidoi yak muddaoi modar,
Fathu kushoish orad dasti duoi modar.
Khra bar on kasonam k-az kheshtan rizoyand,
Yak bor noshunida harfi rizoi modar

******************************************************************************************************************************************************

Az sarvatu zi shuhrat gar bar falak zana sar,
Tazim mekuna boz dar peshi poi Modar,

Zihi,Modar,ba chunin qudratu matonat, ehsonu jasorat va mehru sadoqati bekanor,ki buzurgoni olam dar peshat sar furud meorand...

*********************************************************************************************************

Sad Afsus barodari aziz ki dar Garibi giriftor shudem, anabad ba kadri modar merasem.
Khay ma shumora namedonum ammo sad afsus ki khudam chuninam.
Dar zamoneki dar nazdi modaru padar budam ba kadrshon onkadar namerasidam
ammo ina durki shudam ba kadri modar merasidagi shudaam....

****************************************************************************************************

Ма курбони сари пои ту мешам Модари ман
Фидои калби зеби ту мешам Модар ман.

МОДАРИ МАН ЧОНИ МАН- ДУНЕОИ МАН....

БА НОМИ ХУДОИ ЧАХОНОФАРИН
ХАКИМИ СУХАН ДАР ЗАБОН ОФАРИН

************************************************************************************************************

Еоди Модар мекунам еоди модар.
Ман гарибам ман мусофирам
Гами ту мекунад дилгиру дилгир.
Аео ей модари рахдур..

******************************************************************************************************************************

Ишкам, умедам, хаётам туи, эй модаричон модарам,
Калбам, садоям, навоям туи, эй модаричон модарам,
Ширин забони, дармони чони, эй модаричон модарам,
Танхо бароям ту мехрубони, эй модаричон модарам,

**********************************************************************************************************

Чодарат аз гиря тар шуд,

Умри ту бо гиря сар шуд.

Аз ду чашмат хоб рафту хандаҳои ту назар шуд.

Модарам, ай модарак, хокат шавам,

Хоки андӯҳи дили покат шавам.

Буғчаат бар дӯши хаста,

Ай парешон, ай муҳоҷир.

Ай зан, ай мазлуми торих,

Ай тамоми шаб мусофир.

Модарам, ай модарак, хокат шавам,

Хоки андӯҳи дили покат шавам…

***********************************************************************************************************************************************

Аё модар ба курбони ту мирам
Чу мухри мехри паймони у мирам
Чахон пурмакру датон аст бигзор
Ки ман дар руи дасони ту мирам.

Худовандо! Худованди чахони!
Ато гардон ба мо илми маони!
Чу бисмиллох гуяд тифли мактаб,
Зи дузах чор кас ёбад амони

******************************************************************************************************************************************************

Сиришти ман ниходи ман ту буди
Сафои бомдоди ман ту буди
Аё модар ба он сон бесавоби
Нахустин устоди ман ту буди.

*****************************************************************************************************************************************************

Модар! Ватан! Ин ду калима, ки ҳамагӣ аз панҷ ҳарф таркиб ёфтаанд, дар мазмуну мундариҷа он қадар маънӣ,шукӯҳу шаҳомат доранд, ки дар тасвирашон садҳо достону романҳо офарида шуданду ғазалу таронаҳо сароида мешаванд. Ин ду мафҳум барои ҳар як инсон ончунон азизу муқаддасанд, ки барои ҳифзи ҷону нангу номусаш фарзандони арзанда ҷони худро дареғ намедоранд! Тифл баробари ба олами ҳастӣ омадану чашм кушодан аз бӯи онҳо машом муаттар карда бо ҷону дил дӯсташ медорад.
Дар оғӯши модар - Ватан хору зор нашуда зиста ба воя мерасад. Барои ҳамин ду калима бе ҳамдигар маънои худро гум карда дар алоҳидагӣ вуҷуд дошта наметавонад. Модар – Ватан муқаддастарин мафҳум ҳимояи он шаъну шараф ва қарзи инсонии ҳар як шахс ба ҳисоб меравад.

*************************************************************************************************************************************************

РУБОӢ ВА ДУБАЙТИҲО

Бар мадфани модарам чу гул бигзорам,
Ман мӯи сафеди хешро бишморам.
Чун панҷаи хуршед сарам бинвозад,
Аз панҷаи нарми модарам ёд орам.

* * *
Ёрон ҳама ҷо, вале Ватан дар як ҷост,
Ҳар санги Ватан мисоли ҳайкал зебост,
Олам ҳама ҷо азиз, лекин бар ман
Модар яктост, Тоҷикистон яктост.

* * *
Як мушт зи хоки модари хушназарам,
Мушти дигаре зи хоки поки падарам
Чун ҳадяи вопасинашон бар фарзанд
Резед ба гӯри ман, чу ман даргузарам.

* * *
Модар, модаро, ту ибтидоям будӣ,
Ҳам қимати қомати расоям будӣ.
З-аввал ту намезодӣ, намемурдам ман,
Гӯё ки ту низ интиҳоям будӣ.

* * *
Модар, модаро! Шири сафедам додӣ,
Дунё баумед асту умедам додӣ.
То бар сари ман чӣ ояд аз бешу камӣ,
Ту дар сари гаҳвора навидам додӣ.

* * *
Модар, модар, чаро чунин зодҳ маро?
Дар чорсуи азоб раҳ додҳ маро?
Аз синаи гарми хеш берун кардҳ,
Дар синаи сарди хок бинҳодҳ маро.

* * *
Ҷаҳонеро паи эъҷоз доданд,
Фазоеро паи парвоз доданд,
Чу моро модарон зоданд рӯзе,
Заминро ҳамчу пойандоз доданд.

* * *
Аё модар, мадори ман ту будӣ,
Гули аввалбаҳори ман ту будӣ.
Нахушкад чашмаи шеъру сурудам,
Зи бас сарчашмадори ман ту будӣ.

* * *
Аё модар, ба қурбони ту мирам,
Чу муҳри меҳри паймони ту мирам.
Ҷаҳон пурмакру дастон аст, бигзор,
Ки ман дар рӯи дастони ту мирам.

* * *
Сиришти ман, ниҳоди ман ту будӣ,
Сафои бомдоди ман ту будӣ.
Аё модар, ба он сон бесаводӣ
Нахустин устоди ман ту будӣ.

* * *
Ту хушбахтӣ зи қисмат, хоҳари ман?
Сарафрозӣ ба олам, додари ман?
Замин то осмон розиям аз ту,
Ту аз ман розӣ рафтӣ, модари ман?

* * *
Ҷаҳонсозу ҷаҳонороӣ, эй зан,
Сутуни гунбади миноӣ, эй зан.
На танҳо қалъаи дилҳоӣ, эй зан,
Ки ҳатто қалъаи дунёӣ, эй зан.

* * *
Дилам хоҳад равам бар кӯи модар,
Вуҷудам пур шавад аз бӯи модар,
Тамоми рӯи дунёро бигаштам,
Надидам рӯи хуш ҷуз рӯи модар.

* * *
Сари гӯри ту биншастам даме чанд,
Бигирйистам зи андӯҳу ғаме чанд.
Зи санги сарди болои мазорат
Бипурсидам: баҳои одамӣ чанд?

* * *
Дареғо, модари пирам, дареғо,
Чароғи бахту тақдирам, дареғо.
Ту будӣ бар сарам, будам фалакгир,
Кунун бе ту замингирам, дареғо.

* * *
Туӣ пирам, туӣ тадбири пирам,
Дуоям кун, дуоятро бигирам.
Намемирӣ ту, эй модар, агар ман
Барои модари миллат бимирам!

* * *
Куҷоӣ, модари ҷонпарвари ман,
Худои умри ман, пайғамбари ман.
Сарам дар бистари марг аст имрӯз
Биё аз гӯру биншин бар сари ман.

Агар Аллох шавад аз банда рози,
Ба у ёр аст истикболу мози.
Гузар аз душманон,гир домани дуст,
Бигиру магзро,хориу шав аз пуст.

*************************************************************************************************************************************************

Ту хушбахти зи кисмат хохари ман
Сарафрози дар олам додари ман.
Замин то осмон розиям аз ту
Ту аз ман рози рафти модари ман..

*****************************************************************************************************************************************************

Модарам ай модарам хоки поят бар сар
Модарам ай модарам руху чонам модарам.

БА НОМИ ХУДОИ ЧАХОНОФАРИН
ХАКИМИ СУХАН ДАР ЗАБОН ОФАРИН

*******************************************************************************************************************************************************

Ба андешаи ман зани тоҷик, ки намунаи олитарини зан-модар аст, дар доираи модарсолорӣ аз аввал то имрӯз боқӣ мондааст. Имрӯз ҳам ӯро чун зан-модар - ҳамон модаре, ки сари гаҳвора алла мехонад, парастиш мекунанд, вале шахсияташ, ишқу муҳаббаташ, андешаву оламашро касе эътироф наменамояд. Афсӯс, ки имрӯзҳо бори вазнини ҳаётро ҳам бештар занон мекашанд. Рисолати аслии зани тоҷик сабурии ӯст.

Зан модари тоҷик заҳматкашу меҳнатқарин буду ҳаст ва мемонад. Ба қавле «Ғами дунёи наву кӯҳна ҳама бори зан аст».

******************************************************************************************************************************************************

Бузургии зан-модар пеш аз ҳама дар он таҷассум меёбад, ки ӯ чароғи хонадон, идомадиҳандаи насл, тарбиякунанда ва ба камолрасонандаи фарзанд, инчунин нигоҳдорандаи забон, таърих ва фарҳанги миллӣ мебошад. Пайғамбари ислом ҳазрати Муҳаммад дар яке аз ҳадисҳои худ мефармояд: “Чаҳор чиз саодати шахс аст: ҳамсари шоиста, фарзандони хайрхоҳ, рафиқони хуб ва рӯзӣ дар Ватан”.
Ба ин маънӣ, занону модарон ҳамеша дар тарбияи фарзандони соҳибмаърифату хайрхоҳ ва дорои ахлоқи ҳамида кӯшиш намуда, онҳоро ба ҳаёти мустақилона омода созанд. Зеро фарзанди аз ҷиҳати ҷисмонӣ ва маънавӣ солим ба қадру манзалати падару модар, Ватан ва таъриху тамаддуни миллат мерасад ва барои давлату миллати худ хизмат мекунад.
Ин масъулияти бузург модаронро вазифадор месозад, ки дар баробари нигоҳубину парасторӣ ва камолоти маънавию ҷисмонии фарзандони худ онҳоро дар рӯҳияи худогоҳиву худшиносӣ, ҳувияту ифтихори миллӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ҳомии марзу бум тарбия намоянд.
Агар ободиву суботи ҷомеа аз осоишу оромии ҳар як оила вобаста бошад, дар навбати худ ободии ҳар як хона дон аз рӯҳияи солиму созанда, сатҳи маънавиёту маърифатнокӣ ва тандурустии зан-модар вобаста аст. Нақши модар махсусан дар тарбия, омӯхтани забон, таъриху фарҳанг, донишҳои муосир ва умуман камолоти маънавӣ ва ҷисмонии фарзанд хеле барҷаста мебошад.

*******************************************************************************************************************************************************

МОДАРАМ, ЭЙ МОДАРИ ДУНЁНАДИДА

Рӯзҳои шоду беосебамон буд.
Як дарахти себамон буд.
Зери боли шохҳояш
ҷойгоҳи хобамон буд,
Нонамон буд, обамон буд.

Модарам дар ҷода мегашт,
Хушқаду озода мегашт.
Аз таҳи рӯмоли гардӣ
Миларо сар дода мегашт.

Як дарахти тутамон буд,
Моядори будамон буд.
Донамон буд бо ҳама бедонагӣ,
Шиннияш сармоядори қутамон буд.

Тут мехушконд модар,
Баҳри кирмак барг мечид.
Ҷони мо ҳам барги ларзон буд,
Ҷони моро аз даҳони марг мечид.

Кулии пургандуме ҳам доштем,
Рангу рӯи мардумӣ ҳам доштем.
Нони рӯи хонамон буд,
Хунамон буд, ҷонамон буд.

Модарам чанголӣ мекард,
Кай заифинолӣ мекард?
То ки мо бошем ҳамболи замона,
Бо замон ҳамболӣ мекард.

Чашмае болои деҳ буд,
Гӯиё Мавлои деҳ буд.
Пурсахотар аз ҳама дарёи олам,
Давлату дунёи деҳ буд.

Модарам з-он чашма меовард об,
Рӯи моро ҳар саҳар мешуст.
Гӯӣ бо нури сабоҳӣ
Баҳри фардои башар мешуст...

Модарам, эй модари покизаҷон, дигар чӣ гӯям?
То кунун з-он оби чашма тозарӯям.
Тозарӯ дар пеши ту, дар пеши фардо,
Тозарӯю тозадил дар пеши дунё...

Ҳар гаҳе бар зодгоҳам раҳ бигирам,
Дар сари хоки ту мехоҳам бимирам.
Модарам, эй модари дунёнадида,
Мисли ту покизадил дунё надида!

****************************************************************************************************************************************************

Баҳори ту хазон мабод, эй биҳишти ман,
Ба дасти дигарон мабод сарнавишти ман.
Азизу беҳтарини ман, модари ман,
Биҳиштӣ дар замини ман, модари ман.

Модар барои ҳар як шахс азизу муқаддастар аз ҳама мавҷудоти рӯи олам аст. Модари ман ҳам бароям гиромитарин ва наздиктарин инсон ҳастанд. Ҳар чӣ ки дар рӯйи замин дорам, ҳатто ҷони азизи худро лозим шавад, тайёрам барояшон фидо созам. Модарон арзандаи ҳамагуна эҳтирому дӯстдорианд. Зеро меҳрубонтарин инсонҳои рӯи оламанд ва фарзандро дар ҳама ҳолат дастгиранду дилсӯзу бахшанда. Hавозиши дастони модар беҳтарин истироҳат аст барои фарзанд, новобаста ба синну сол.

************************************************************************************************************

Dar haki modar chi kadar sukhan guyem kam ast....
Onho khele buzurgan....
Jannat ki rizoi Modaron ast dar zeri kuduni Modaron ast.

Ruze yak nafar peshi Paygambaramo (s.a.s) meoyad va mepursad :

Ey Rasuli Khudo ba ki man khush raftori kunam, kiro khub nigoh kunamu ehtirom kunam..
Paygambari buzurg (s.a.s) meguyad:
Ba MODARAT.
vay shakhs boz mepursad, bad ba ki ?
Paygambaramo boz meguyad ba MODARAT.
On shakh, dafi 3-yum mepursad Paygambaramo boz ba MODARAT meguyad.
Vakhte boz mepursad... Paygambari buzurg on vakht ba Padarat meguyad....

In buzurgii Modara binen ki Paygambaramo 3 bor ba MODARAT meguyan.....

*********************************************************************************************************

Тифлию домони модар худ бихиште будааст,
Чун ба пои худ равон гаштем саргардон шудем.

*********************************************************************************************************

Модар, модар, ҷону дили мо, модар,
Ганҷинаи дар зери гили мо, модар.

Модар бузург аст. Бузургии модар дар он аст, ки бузургтарин неъмати дунё - фарзандро ба дунё меорад. Шабу рӯз дар фикри он аст, ки фарзанд бузург, донишманд, ҳунарманд шавад ва барои ҷомеа инсони саҳмгузор гардад. Вақте ки фарзандаш 1-2 сола мешавад, модар ба вай аввалин калимаҳоро ёд медиҳад. Вақте ки фарзанд калимаҳоро аз бар карда натавонад, модари бузург бо вай пайваста калимаҳоро такрор карда, омӯхтани онро мусоидат менамояд, то ки фарзанд сухан карданро ёд гирад, тарзи озодона сухан карданро аз худ намояд ва дар синни 3-4 солагӣ ба ӯ тарзи рафтору кирдор ва ба калонсолон чӣ тавр суханронӣ намуданро нишон медиҳад.
Як калимаро ба фарзанди 2-3 сола, агар ягон шахси дигар омӯзонад, он фарзанд ба як бору ду бор калимаи вайро аз худ намекунад, зеро он шахси дигар ба ин кӯдак такрор намекунад. Дар ин ҷо бузургии модар маълум мешавад.

Эй модари ҷон, ба гирди дастурхонат,
Мо ҷамъ шавем ҷумла фарзандонат.
Гар ҷамъ шавем хотират ҷамъ шавад,
Дарбеҳ бишавад пораҳои ҷонат.

************************************************************************************************************

Худо гуфтию оят хондию таъбирҳо ҷустӣ,
Ту доим “Ҳафтяк” мондӣ ба зери болиши кӯдак,
Ки шояд тифл бебоку далеру қаҳрамон гардад.
Дили пайғамбарон гунҷад даруни синаи кӯчак...
Даруни кулбаи пасти назарногири пур аз дуд,
Ба ҳукми қарзи инсонӣ ҷаҳонеро бигунҷондӣ,
Шабонгаҳ мижжа таҳ нокарда, пухтӣ кулчаи ширӣ,
Саҳар фарзандҳоятро ба майдонҳо гуселондӣ,
Шараф андӯхтӣ аз ҷонфишониҳои фарзандон,
Аё модар, аё модар!

************************************************************************************************************

Модари хушназарам, ҳар назарам ҳадяи туст,
Асаре дорам агар, он асарам ҳадяи туст.

Дар фазои абадиййат паи парвози дароз
Модари муштипарам, болу парам ҳадяи туст.

Хоксории ту он қадр маро кард баланд,
Ки ҳама қудрати кайҳонгузарам ҳадяи туст.

Дар раҳи ман ҳама дам дидаи тар доштаӣ,
Ки аз он дидаи тар шеъри тарам ҳадяи туст.

Ақли ту кӯтаҳ агар гуфт касе, кӯтаҳӣ кард,
Чун такопӯи раҳи дуртарам ҳадяи туст.

Аҷаб ин аст, ки занро ҳама хонанд заиф,
Бо заифит ҳама карру фарам ҳадяи туст.

Пошикаста ҳама гӯянд зану модарро,
Ман гувоҳам, ки зи по то ба сарам ҳадяи туст.

Офаридӣ ту маро, то зи ҷаҳон баҳра барам,
Баҳра бурдан зи ҳама баҳру барам ҳадяи туст.

Ман ба ҷои туям, эй модари барҷомонда,
Дидаи равшани фардонигарам ҳадяи туст.

********************************************************************************************************************************************

Ба ёди модари ормонношикаста.

Модар! Чӣ сухани зебову гувороест, ки аз такрори он ҳар лаҳзаю соат дилам гум мезанад ва аз чашмонам беихтиёр ашк ҷорӣ мешавад.
Модар чароғу чашми хонадон, ганҷи бебаҳост ва он барои фарзанд шахси аз ҳама наздику меҳрубон ва мунису ғамхор ба ҳисоб меравад.
Модарон арзандаи ҳамагуна эҳтирому дӯстдорианд. Зеро меҳрубонтарин инсонҳои рӯи оламанд ва фарзандро дар ҳама ҳолат дастгиранду дилсӯзу бахшанда. Hавозиши дастони модар беҳтарин истироҳат аст барои фарзанд, новобаста ба синну сол.

Ғамхору ғамшарикон аз мӯи сар зиёданд,
Аммо ба рӯзи сахтӣ холист ҷойи Модар.

Бале, ҷойи модари мушфику мехрубон, апаи Сайрабиби дар дилу дидахои хама наздикон хусусан фарзандон холист.

Дарду алам дилҳои хунчакону ҷигарҳои сӯхтаи фарзандон дар ду олам намеғунҷад. Мусибати гарон ва ғаму андӯҳе, ки моҳи апрели соли 2009 дар ин бахори гулафшон болои сари хонадони апаи Сайрамбиби омад, миёни фарзандон ва нздиконро ботамом шикаст.
Ҳазор афсӯсу дареғ, ки ин ҳама шодиву нишоти фарзандон ва он ҳама орзуву умедҳои ширини модари азиза апаи Сайрамбиби, ки дар дили хеш дошт баъди чанде якҷо бо ҷисми наҳифу зебо зери хоки тира рафт. Ӯ рафт ва ҳама шодиии дунёро бо худ рабуд. Дигар ин дунёи рӯшан бо ҳама зебогиву сарсабзиву айшу нишоташ барои фарзандон як зиндон буд, зиндагӣ барояшон рангу бӯ ва маънияшро гум карда буд.Зеро,ки фарзандон дар рузхои баҳору навруз ки табиат ҳамакнун зинда мешаваду зебо aз модари азизу меҳрубони худ ҷудо шуданд.
Ҳарчанд тақдири Худовандро чора нест ва банда бояд пеши тақдири кашидаи Холиқаш мутеъ бошад, вале боз ҳам бо гузашти беш аз шаша мох наметавонанд фарзандон бе дард ва бе оби дида он мусибати гарон, дарди бемодариро таҳаммул кунам. Модари азизи хонадон апаи Сайрамбиби дар баҳори 54- уми хеш баъди касали тулони, ки гирифтори бемории Саратон буданд олами бевафоро барои ҳамеша тарк гуфт. Он рӯз сангинтарин, саъбтарин ва сиёҳтарин рӯзи хонадон буд.

Модар,модар ба ҷон баробар модар,
Дубора нашуд ба кас муяссар модар.
.
Модари ормонношикаста! Фарзандони шумо бо ному бо ёди шумо мефахаранду меболанд,ки чунин модари дарёдилу саховатманде доштанд.Водарег аз он ки ин модари чигарсухта дар ин умри ками хеш ба хама орзую хавасхое, ки дар дил дошт расида натавонист.Дар ин дунё мехнати зиёде карду рохаташро надида рафт.Худованди мехрубон иллохо ачри мехнати ин модари ормонирро дар дунёи охират насибу рузи гардони.
Апаи Сайрамбиби аз худ 9-фарзанд боки гузошта аст, ки аз ин 6-нафара сохиби хонаю дари ободанд, вале 3 –нафар имрӯз, ки дар авҷи камолот, дар хубии умри хеш бо хости Яздони пок аз навозиш ва лутфу меҳрабонии модар бенасиб гаштаад хуб эҳсос мекунад, ки воқеъан бемодарӣ балост ва дуъо мекунад ҳеч касро Худо гирифтори балои бемодарӣ накунад.

Ту хушбахтӣ зи қисмат, хоҳари ман?
Сарафрозӣ ба олам, додари ман?
Замин то осмон розиям аз ту,
Ту аз ман розӣ рафтӣ, модари ман?

Эй модари азиз, эй раҳмати Худованд ,ту бузургтарин шахси ҳаёти, зеро бо ин ҳама бузурги маро пиҳил карди. Эй чаннати Парвардигор дар руи замин! Ту василаи хушбахтии ҳаёти мо фарзандон ҳасти, зеро ту маро бизоди.
Модари азиз илоҳо ҷоят ҷаннат, рӯҳат шод, манзили ахиратат ободу пурнур бошад! Фарзандон ва хама наздикон имрӯз аз набудани модари дилбанд ҷигархуну озурда ҳастанд.

***********************************************************************************************************

ФАРИШТАЕ БА НОМИ МОДАР

Кӯдаке, ки омодаи таваллуд шудан буд, рӯ ба сӯйи Худованд карду пурсид: «эй Худои хубу меҳрубонам, мегӯянд фардо маро ба замин мефиристед, аммо ман бо ин хурдӣ ва бидуни ҳеҷ кӯмаке чи гуна метавонам барои зиндагӣ ба онҷо биравам»? Ҳотифе аз ҷониби Худо ба ӯ садо дод: «аз миёни теъдоди бисёре аз фариштагонам ман якеро барои ту дар назар гирифтаам, ки ӯ дар интизори туст ва аз ту нигаҳдорӣ хоҳад кард». Кӯдак ҳанӯз намедонист, ки мехоҳад биравад ё не, боз рӯ ба сӯйи Худованд карду гуфт: «Худоё ман дар ин ҷо коре намекунам, мушкиле надорам, коре ба ҷуз хандидан ва овоз хондан надорам ва инҳо барои шодии ман кофӣ ҳастанд». Ҳотифе аз ҷониби Худованд ба ӯ нидо кард: «фариштаи ту бароят овоз хоҳад хонд ва ба рӯйи ту лабханд хоҳад зад. Тавре ки ту ишқи ӯро эҳсос хоҳӣ кард ва шод хоҳӣ шуд». Кӯдак бо нигаронӣ пурсид: «эй Худоҷони меҳрубон, вақте ман забони онҳоро намедонам, читавр метавонам бифаҳмам, ки онҳо чӣ мегӯянд»? Дубора садои латифи ҳотифи ғайб гӯши ӯро навозиш карду фармуд: «фариштаи ту зеботарин ва ширинтарин вожаҳоеро, ки мумкин аст бишнавӣ дар гӯши ту замзама хоҳад кард ва бо сабру бурдборӣ ба ту ёд хоҳад дод, ки чигуна сӯҳбат кунӣ». Кӯдак бо нороҳатӣ идома дод:»вақте бихоҳам бо ту сӯҳбат кунам чи коре кунам? Аз онҷо чигуна бо ту сӯҳбат кунам»? Посух шунид ки, фариштаат дастҳоятро дар канори ҳамдигар қарор дода, ба ту ёд медиҳад ки чи гуна дуо кунӣ ва бо ман сухан бигӯӣ. Кӯдак сарашро поин аафканду пурсид: «шунидам, ки дар замин инсонҳои баде ҳам зиндагӣ мекунанд, аз онҳо маро кӣ муҳофизат мекунад»? Овоз омад, ки фариштаат аз ту нигаҳдорӣ хоҳад кард, ҳатто агар ба қимати ҷони худаш бошад. Кӯдак даст бардошт ва пурсид: «Худоё, агар қарор аст биравам, пас номи фариштаам чист»? Ҷавоб шунид, ки номи фариштаат аҳамият надорад ба содагӣ метавонӣ ӯро модар садо кунӣ. Оре, номи ин фариштаи заминӣ модар аст. Фариштае, ки Худованд барои нигаҳдорӣ ва муҳофизати кӯдакон интихоб кардааст. Аммо ончи муҳим аст ин аст, ки оё ин фариштагони заминӣ ҳамеша ба вазифаҳои худ дуруст амал мекунанд? Пас ҳар як зан ё модар аз худ бипурсад ки ба ин вазифаи ҳассоси худ чи қадар амал карда аст. Оё то ҳол дар бораи Худо ва меҳрубонии ӯ бо фарзандатон сухан гуфтаед? Оё ба фарзандатон омӯхтаед, ки чи гуна бо Худояш сухан бигӯяд? Оё дар бораи амру фармонҳои Худованд ба фарзандатон чизе гуфтаед? Оё аз ишқу меҳрубонӣ ва неъматҳои Парвардигораш ба ӯ чизе гуфтаед? Дар зеҳни фарзандонатон аз Худованд мавҷуди тарснок ва хашмгин насозед, балки коре кунед, ки фарзандатон ошиқи Худо бошад ва ӯро беҳтарин дӯсти худ бидонад. Аммо шумо, эй касоне, ки имрӯз аз ин фариштаи заминӣ бениёз гаштаед, оё ҳаққи ӯро ба ҷо овардаед? Оё як шаби бехобии ӯро ҷуброн кардаед? Оё як рӯзи нигаронии ӯро барои бемориатон ҷуброн кардаед? Оё баҳои як зарра муҳаббати ӯро пардохт кардаед? Оё посухи аллаҳои ошиқонаи нимашабии ӯро додаед? Оё посухи он ишқеро, ки хуни шӯрро ба шири ширин табдил кард, то шумо нӯши ҷон кунед, метавонед бидиҳед? Агар ба ин гуфтаҳо фикр кунем, пай мебарем, ки ҳеҷ гоҳ наметавонем ҷавоби он ҳама заҳмату меҳнати ин фариштаи заминиро бидиҳем. Мо аз ҷуброни заҳматҳои ошиқонаи ин фариштаи илоҳӣ оҷизем. Боз ҳам ишқи ин фаришта аст ки моро аз азоби виҷдонамон мераҳонад. Агар мо бо камтарин кори хуби худ лаҳзае хотири ӯро шод гардонем, исми ӯро ошиқона садо бизанем, ва аз ӯ оҷизона талаби дуо кунем боз ҳам шоҳиди табассуми зебо ва дуоҳои ошиқонаи ӯ дар ҳаққи худамон хоҳем буд.

************************************************************************************************************

МЕХРНОМА

Модарчони мехрубонам! хар гохе чои туро дар хонаам холи мебинам,садои ошнояатро намешунавам,хандахои
зебояатро ба хотир меорам хумории мехрубонию навозишхояат мегирад ба худ чой намеёбам дар ин дунёи равшан.
Намедонам, ки барои саросема рахти сафари бебозгашт бастанат ба хашт чигарбанди зору хайрон бевафои карданат,ба Беназиру Замирабонуи пурорзую пурармон чодари аруси надухтанат баъди инкадар бедорхобихову захматхои пири наронданат киро домангир шавам?
Тавлиди тифл барои модар як ҳадяи бузурге аз ҷониби Парвардигор аст ва ӯ аз Худованди мутаъол талаби онро мекунад, ки фарзанди дилбандаш саломат ва бедард ба воя бирасад. Модар чароғу чашми хонадон, ганҷи бебаҳост ва он барои фарзанд шахси аз ҳама наздику меҳрубон ва мунису ғамхор ба ҳисоб меравад. Ин шири сафеду ҷонбахши модар аст, ки ҳеч ғизову анвоъи олам дар шириниву тамъ бо он баробар нест.
Мо фарзандон чӯҷаҳаконе будем, ки зери қаноти гарму нарму рӯҳафзои модар бузург шудем ва зери қаноти модар худ қанотдор шудем ва қасди ба дуриҳои дур парвоз карданро дорем. Имрӯз, ки ман дар авҷи камолот, дар хубии умри хеш бо хости Яздони пок аз навозиш ва лутфу меҳрабонии модар бенасиб гаштаам хуб эҳсос мекунам, ки воқеъан бемодарӣ балост ва дуъо мекунам ҳеч касро Худо гирифтори балои бемодарӣ накунад. Ҳар замон ба ёди даврони тифлӣ ва аёми шогирди мактаб буданам дилам гум мезанад. Он замон ёри бовафо, макону маъвои сидқу сафо, модари азизу дилбандам ҳар лаҳза, дар ҳама кору ҳол бо ман буд. Касе он замон чун ман хушбахт набуд. Чун сари дастархони пурнози манзили падар менишастем ва мо фарзандони навбол ба чеҳраҳои шукуфта ва нуронии волидони хеш менигаристем дарун- дарун як ҷаҳон шодӣ мекардем. Дар гӯшаи хотирамон ҳам набуд, ки рӯзе ин хонадони рӯшану бутуни мо торик ва мотамзада хоҳад шуд
Ҳазор афсӯсу дареғ, ки ин ҳама шодиву нишоти мо фарзандон ва он ҳама орзуву умедҳои ширини модари азизамон баъди чанде якҷо бо ҷисми наҳифу зебои модарҷонамон зери хоки тира рафт. Ӯ рафт ва ҳама шодиии дунёро бо худ аз мо рабуд. Дигар ин дунёи рӯшан бо ҳама зебогиву сарсабзиву айшу нишоташ барои ман як зиндон аст, зиндагӣ бароям рангу бӯ ва маънияшро гум кардааст.
Туро,ки дар сини 54 солаги орзую хавасхояатро як су гузошта армонхои мо нашикаста моро аз мехру мухаббати беимтихояат сер накарда дасти навозишу мехри беандзаатро аз мо дарег дошти!
Ё дардеро,ки ба чисми зебои ту баромадан нахост хафт мох туро дар бистари бемори дошту дар чашми мо лахза ба лахза афгор намуд!
Ё худро,ки хамчун фарзанд чонатро харидори карда натавонистам.
Ё ачалро,ки барвкт, нобахангом ба хонаи дили ту ангушт зада буду,мо дарак надоштем!
Хамаи ин саволхо ва боз чандин саволхое,ки наберахояат мепурсанд хар шабу руз вирди забон вале манн ба ягонтаи онхо чавоб ёфта наметавонам.
Модарчон,ин чи муамои сарбастае буд,ки назди мо гузошти?
Модарчон мо аз туву аз тагдир гила дорем, хафт мох аст ,ки шабу руз ба ёди руи ту нола дорем.
Ва имруз ,ки зодруз дори аз Худованди мутаъол зора дорем ,ки як лахза туро ба мо фиристад.
Аз руи ту,аз буи ту, аз мую абруи ту,аз хандаи зебои ут,аз лутфу аз гуфтори ту лахзае сер шавем.
Ва маар Мукадаси ту аз ту пурсиданияам,ки ба он кадар хорисихо чи тавр моро дар нима рох партофта рафти?
Модарчон одам агар аз гам месухт манн кайхо хокистаре будам ва бод маро кайхо ба сари куи ту бурда буд.
Модарчон он кадар ба сухбатхояат хумори гаштаам,он кадар суханхои ногуфтаву орзухои нодида дорам! Вале афсус, афсус.сад афсус..
Бошад чизи сарде ,ки оташи дили морро андаке хомуш кунад.
Он кадар суханхое дорам,ки гайр аз ту ба кассе гуфта наметавона..
Модарчонам,мехрубонам,нозбардора,дилбардорам,пурармонам,чашминтизорам, Чаро рафти?
Модарчон зодрузат бе манну бе мо, дар дунёи фано танхою танхо муборак бошад!

Модари манн номи ачибе доштанд Шул-ави.Бобояам мегуфтанд ,ки ин номи шохдухтари озарист,ки бо зебои,акли расо рафтору гуфтори нек машхур будааст.
Ва манн вакте ба модарам менигаристам хамонао маликаи хусну маъни ва лутфу назокатро медидаи
Имруз тасаллои дили мо Модарномахои шоиронаст.Мехонаму месузаму мегиряаму диламро камее холи мекунам.
Модари ҷон, ман ҳама умр ба ёди ту месӯзаму месӯзам, аз ҳар куҷо нишони туро меҷӯяму меҷӯям.Очаҷон, илоҳо ҷоят ҷаннат, рӯҳат шод, манзили ахиратат ободу пурнур бошад! Мо фарзандон имрӯз аз надоштани модари дилбанд ҷигархуну озурда ҳастем, вале шукр аз он мекунем, ки падари меҳрубон дорем ва чун чароғи хонадони мо модар бирафт, пеши Худо дуо мекунем, ки падари азизамонро, сутуни хонадони моро нигаҳбон бошад!

Ин Мехрнома аз номи хамаи фарзандон модаргумкарда ва дуоталабу чашминтизори ту: Мукаддас, Манзура,Малохат,Гулчехра,Замира,Беназир,Мухаммадризо,Мусаяб!

******************************************************************************************************************************************************

Биҳиштӣ дар замини ман, модари ман.
.

Модар! Вожаест гўшнавозу гуворо ва қашангу марғуб. Дарачаи бузургии модар то ҳаддест, ки онро бо Ватан дар як радиф қарор дода, Ватан-Модар ва ё Модар-Ватан мехонем.
Модар чароғу чашми хонадон,киматтарин неъмати дунё, ганҷи бебаҳост ва он барои фарзанд шахси аз ҳама наздику меҳрубон ва мунису ғамхор ба ҳисоб меравад. Ин шири сафеду ҷонбахши модар аст, ки ҳеч ғизову анвоъи олам дар шириниву тамъ бо он баробар нест.
Модарон арзандаи ҳамагуна эҳтирому дӯстдорианд. Зеро меҳрубонтарин инсонҳои рӯи оламанд ва фарзандро дар ҳама ҳолат дастгиранду дилсӯзу бахшанда. Hавозиши дастони модар беҳтарин истироҳат аст барои фарзанд, новобаста ба синну сол.
Обрӯи аҳли дин аз хоки пои модар аст,
Ҳарчи доранд ин ҷамоат аз дуои модар аст.
Он чӣ дар васфи биҳишт фармуд Қуръони Карим,
Соҳиби Қуръон бигуфто, зери пои модар аст
.Модари азизу мехрубони мо имсол ба сини мубораки 63- кадам мемонанд,яъне мавлуди пайёомбари доранд.
Дар тулии хайёту зиндаги модарчони мо бисёр умри пурбаракатро аз сар гузарониданд.Омузгор буданду таи 35-сол дар мактабхои хамагони ба насли наврас дарси илму адаб меомухтанд.
Мо фарзандон чӯҷаҳаконе будем, ки зери қаноти гарму нарму рӯҳафзои модар бузург шудем ва зери қаноти модар худ қанотдор шудем ва бо панду насихатхои модар дар зиндаги чои худро ёфтаем.
Канори модар худ мактаби аввалини ҳайёт аст барои фарзандон.Инсон баъди аз раҳо гаштан аз огуши гарми модар кимити уро хубтар дарк мекунад.Зеро мисли канори модар бихишосо макони дигаре нест.Бархак шоир фармудааст:

Тифлию домони модар хуб бихиште будааст,
То ба пои худ равон гаштем,саргардон шудем.

Модарчони мо ҳамеша дар тарбияи фарзандони соҳибмаърифату хайрхоҳ ва дорои ахлоқи ҳамида кӯшиш намуда, ҳамаи мо панч нафар фарзандонро ба ҳаётати мустақилона омода сохтаанд. Зеро фарзанди аз ҷиҳати ҷисмонӣ ва маънавӣ солим ба қадру манзалати падару модар, Ватан ва таъриху тамаддуни миллат мерасад ва барои давлату миллати худ хизмат мекунад.
Ин масъулияти бузургро модарчони мо ба душ дошт, ки дар баробари нигоҳубину парасторӣ ва камолоти маънавию ҷисмонии фарзандони худ онҳоро дар рӯҳияи худогоҳиву худшиносӣ, ҳувияту ифтихори миллӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ҳомии марзу бум тарбия кардааст..
Агар ободиву суботи ҷомеа аз осоишу оромии ҳар як оила вобаста бошад, дар навбати худ ободии ҳар як хона дон аз рӯҳияи солиму созанда, сатҳи маънавиёту маърифатнокӣ ва тандурустии зан-модар вобаста аст. Нақши Модарчони мо махсусан дар тарбия, омӯхтани забон, таъриху фарҳанг, донишҳои муосир ва умуман камолоти маънавию динни ва ҷисмонии мо фарзанд хеле барҷаста мебошад.

Ақлу заковат ва фаросату тамизи зан ҳамеша вирди забонҳо буд ва имрӯз бо як вижагие дар ҷомеа намоён мегардад. Беҳуда нест, ки дар байни мардум занро вазири мард мегӯянд. Ба он хотир, ки тамоми шикасту рехти хонадонро маҳз ҳамин занҳо саришта мекунанд.Модарчони ман низ хамеша маслихатчию машварчи падарам буданд дар зиндаги ба гайри кори рузгору кори омузгориашон.

Баҳори ту хазон мабод, эй биҳишти ман,
Ба дасти дигарон мабод сарнавишти ман.
Азизу беҳтарини ман, модари ман,
Биҳиштӣ дар замини ман, модари ман.

Модарчони мо дар ҳамаи ҳолат чи ҳозиру чи гоиб пайваста дар ёду хайёли мо фарзандон хастанд.Хар лахзае,ки моро дар гирди дастархон якчо орому сиҳат мебинанд меболанду хурсанд мешаванд.
Оре,давлати мо фарзандон модари азизи мо аст.У барояамон мисли замин якто аст.Зиндаги худ шеър аст.,.ки бо аллаҳои модарон ибтидо гирифта,бо ном он анчом меёбад.Хар фарзанде,ки кимати модарро донад,бо дуояаш хушбахту шухратёр мегардад.

Сад ҷону дил фидои як муддаои модар,
Фатҳу кушоиш орад дасти дуои модар.

Бишнид гар садоям дунёи сахтгӯшон,
Ангезаест шояд аз аллаҳои модар

Модар барои ҳар як шахс азизу муқаддастар аз ҳама мавҷудоти рӯи олам аст. Модари ман ҳам бароям гиромитарин ва наздиктарин инсон ҳастанд. Ҳар чӣ ки дар рӯйи замин дорам, ҳатто ҷони азизи худро лозим шавад, тайёрам барояшон фидо созам
Аз сарвату зи шухрат гар бар фалак занам сар,
Таъзим мекунам боз дар пеши пои модар.
Зиҳи,Модар,бо чунин кудрату матонат. Эҳсону часорат ва меҳру садокати беканор,ки мо хама чигарбандонат пешат сар фуруд меорем.
Имруз,ки рузи мавлуди шумо ҳаст модарчони азиз мо фарзандон аз Яздони пок аз худованди яктою меҳрабон талаби онро дорем,ки шумои азизро болои сари мо фарзандон нигаҳбон бошаду ба шумо умри дароз, тани сиҳат, хушнудию хушвактиҳои зиёдро талаб дорем.
Аё Модар мавлудат муборак,
Шавад ҳар сол фирӯзат муборак.
Зӣ чашми бад нигаҳбонат Худо бод,
Биёрад бахт ҳар рӯзат муборак.
Мо фарзандон имрӯз аз надоштани падари азизу дилбанд ҷигархуну озурда ҳастем, вале шукр аз он мекунем, ки Модари меҳрубон дорем ва чун сутуни хонадони мо падари ба чону дил баробари мо бармахал бирафт, пеши Худо дуо мекунем, ки Модари азизамонро, чароғи хонадони моро нигаҳбон бошад,чунки давлати беҳамтои мо фарзандон Модарчонамон ҳастанд.

**********************************************************************************************************

Зиндагони лазаташ дар ибтидою интихост,
Ё лахад чои фарогат ё канори модар аст.

Ду бихиште доштам дар рузгори хештан,
Батни модар он якеву дигаре домони У.

Модари чоне, чон модари чоне,
Лаби модар ширин аст, ширинтар аз чоне,
Модари чоне.
Хар сахар мехезам, ёдам ба ёди модарам,
Гул ба гул мепечам, чигаркабобай модарам,
Модарам руяш сафеду, чашму кошонаш сиёх,
Дигаре токат надорам, модари чонам биё.

*********************************************************************************************************

ШЕЪРҲО ДАР МАВЗӮОТИ ДИНӢ---SHERHO DAR MAVZUOTI DINI
02 Февраля 2012 | Опубликовано в ШЕЪРҲО ДАР МАВЗӮОТИ ДИНӢ~~SHERHO DAR MAVZUOTI DINI | Просмотры: | Комментарии: 60

Толиби дидори Ҳақ бедор шав вақти саҳар,
Чуяндаи асрори Ҳақ бедор шав вақти саҳар.
Ҳар зери заҳмат мерасад бисер неъмат мерасад,
Акнун ки фурсат мерасад бедор шав вақти саҳар.
Рав ошиқи бечора шав аз хонумон бегона шав,
Бар руйи Ӯ назора шав бедор шав вақти саҳар.
Эй Шамси Табрези бие баҳри Худо кун тоъате,
Ғофил машав як соату бедор шав вақти саҳар

Ба гуристон гузар як дам,назар бар аҳли ҳасрат кун,
Сари ҳасрат печиданд дар чоки гиребони.
Ба точу тахту ранги ин фони чи менози?
Ки бад аз муддати андак ба хоки даҳр яксони.
Гузар аз хоку рангу дун бино аз хонаи ДИН кун,
Чаҳон н-ояд ба кор аммо ба кор ояд МУСУЛМОНИ!

*************************************************************************

Ба даргоҳи Худо пеш аз аҷал ой,
Гузашт умри азизат дар амал ой.
Ба ғафлат сарфа шуд умрат маҳу сол,
Биё бедор шав аз хоб имсол.
Замин рузе кунад се бор фарёд,
Чаро ту ғофили эй одамизод?
Машав бар фурсати дуруза мағрур,
Туро бошад дили ман хонаи гур.
Ба ҳасратхо дарои дар дили ман,
Ғариби оқибат дар манзили ман.
Ду чашмони чаҳонбинат хурад мур,
Мачоле нест то онро куни дур.
Шави пусида мушти устухони,
Бикун коре ки ончо дар намони!
Магу ҳарфи Ӌунуни аз забон аст,
Ҳама чун шир аз пистони ҷон аст.

**************************************************************

Чи рӯз аст рӯзи марг ай одамизод,
Насози чун аз он рӯзи табаҳ ед.
Чаро дар ғусаи он ғам насӯзи?
Ки чашми худ ба сақфи хона дузӣ.
Нафас дар ғарғара ҳоле дигаргун,
Ту дониву Худо, ҳол ай ӌигархун.
Ғами ӌон хур даме ай ғафлатоҳан,
Мазан дар шишаи имони худ санг

Чадди ту Одам бихишташ чой буд,
Кудсиён карданд бахри у сучуд.
Як гунохро карда гуфтандаш тамом,
Музниби музниб бирав берун хиром
Ту тамаъ дори ки бо чандин гунох
дохиил чаннат шави, эй русиёх!!

Хабар аз илми дин кун ахли динро
Макори тухм хар шура заминро
Бидонад ташна кадри косаи об
Надонад кур кадри нури махтоб

Рузе ки ачал дарояд аз пешу пасат
Шак нест, ки мухлат надихад як нафасат
Ёри нарасад дар он дам аз хеч касат
Барбод шавад чумла хавою хавасат

Пеш аз хама омад ба замин Одаму Хаво
Ку Юсуфу Яъкуб, кучо шуд Зулайхо?
Ку Хусраву Ширин ватан карда ба сахро
Ку Лайливу Мачнун, кучо Вомику Аъво?
Аз чабри фалак, чоки гиребон хама рафтанд.

*******************************************************************

Ҷон бод фидои қаду болои Муҳаммад,
Бо гесӯи мушкини сумансои Муҳаммад.
Ҷибрил ҷилавдори Буроқаш шаби меъроҷ,
Ҳурон сафи дар саф ба тамошои Муҳаммад.
Арш аст сарафроз зи ташрифи қудумаш,
Курсист ба болиш зи таманнои Муҳаммад.
Хуршед гирифт хӯшае аз хирмани ҳуснаш,
Маҳ руйканон бӯса зад аз пои Муҳаммад.
Ташрифи заминаш хамаро вола намуда,
Ташрифи само ҷумла ба ғавғои Муҳаммад.
Шуд гулшани олам зи туфайли гули рӯяш,
Аз шавқ ҳама булбули гуёи Муҳаммад.
Омад ба қадаш хилъати лавлок мувофиқ,
Тоҷе ба сараш қавси «авадно»-и Муҳаммад.
Тоҳо лақабаш, васфи қабояш ба Музаммил,
Баҳри зафари хасм «фатаҳно»-и Муҳаммад.
Фардо, ки кунад ҷилва ба бозори киёмат,
Маҳшар шавад он рӯз ба тамошои Муҳаммад.
Аз баҳри шафоъат ба ҳама уммати осӣ,
Бандад камари ҳиммату аъло Муҳаммад.
Хоки қудумаш сурма ба чашмони Ҷунунӣ,
К-ӯ ҳаст ба ҷон волаву шайдои Муҳаммад.(Маъдан-ул-ҳол)

Машварат кун бо гурўҳи солеҳон,
Бар Паёмбар амри "шовирҳум" бидон.
"Амруҳум шўро" барои ин бувад,
К-аз ташовур саҳву каж камтар равад.

Ё раб, бикушо гиреҳ зи кори мани зор,
Раҳме ки зи ақл оҷизам дар ҳама кор.
Ҷуз даргаҳи ту кай бувадам даргоҳе,
Маҳрум аз ин дарам макун, эй Ғаффор!
Эй Холиқи ҳар баландиву ҳар пастӣ,
Шаш чиз ато бикун ба мо зи ҳастӣ.
Имону амону тандурустӣ,
Илму амалу фарохдастӣ.

**********************************************************************

Ба номи худованди хуршеду мох,
Ки дилро ба номаш хирад дод рох.

Худованди хастиву хам рости
Нахохад зи ту кажживу кости

Худованди кайвону бахрому шед
К-аз уяя навиду бар уям умед

Сутудан манн уро надонам хаме
Аз андеша чон барфишонам хаме

Зи гардаднда хуршед то тира хок
Хамон боду об, оташи тобнок

Ба хастии яздон гувохи диханд
Равони туро ошнои диханд

Суи офаринандаи бениёз
Бибояд Ки боши хаме дар гудоз

Зи дастуру ганчур в-аз точу тахт
Зи каммиву бешиву нокому бахт

Хам у бениёз асту мо бандаем
Ба фармону рояш сарафкандаем

Чу чону хирад бегумон кардааст
Сипехру ситора баровардааст

Чуз уро мадонн кирдигори баланд
К-аз у шодмониву з-у мустаманд

Шабу Рузу гардонсипехр офарид
Хуру хобу тундиву мехр офарид

******************************************************************

U manii dini Mustaforo dorad,
Rozguii odamu Khudoro dorad,
Har oyati u buvad pur az pandu masal,
Ham hast shifo baroi harguna kasal

Har kaski Quron tilovat sozad,
Guyo,ki ba janat ishorat sozad.

Quron,ki dar taqviyati inson ast,
Nodir kitob dar bani inson ast,
U rohmano baroi khosu om ast,
Rohest,ki az haqiqati Islom ast

*****************************************************************

БА НОМИ ХУДОИ ЧАХОНОФАРИН
ХАКИМИ СУХАН ДАР ЗАБОН ОФАРИН
АЗИЗЕ,КИ АЗ У КАСЕ САР БИТОФТ,
БА ХАР ДАР,КИ ШУД ХЕЧ ИЗЗАТ НАЁФТ

********************************************************

Рафтанд хубони чахон бо нола аз дасти ачал,
Барнову пиру нотавон бо нола аз дасти ачал.
Рафтанд аз боги чахон Искандару шоханшахон,
Чамшеду Доро ногахон,бо нола аз дасти ачал
Ку Юсуфу гулперахан, Яъкуб дар байтулхазан,
Оду Самуду анчуман,бо нола аз дасти ачал
Ин олами боги фано бо Мустафо шуд бевафо
Ин дам чи муояд зи мо,бо нола аз дасти ачал
Бубакру Умар шуд кучо,Усмон Алии Муртазо
Нурони чашми Мустафо,бо нола аз дасти ачал
Ин аргувонат заъфарон, чашмони мастат хунфишон,
Боги хаёти тан хазон,бо нола аз дасти ачал
Сад чораат бечора шуд,мардум хама овора шуд,
Дил дар дарунат пора шуд,бо нола аз дасти ачал.
Сад нола бар афлок шуд,хоке ба суи хок шуд,
Дилхо хама гамнок шуд,бо нола аз дасти ачал
Як лахза бар худ нола кун,домони дил пуржола кун,
Рухсорахоро лола кун,бо нола аз дасти ачал
Чун мавчи дил тугён бизан,дар хуни дил чавлон бизан,
Сар бар дари Рахмон бизан,бо нола аз дасти ачал
Эй дил, сухан кутох кун, Наккошро огох кун,
Ру чониби Аллоh кун,бо нола аз дасти ачал

**********************************************************************

Биё, эй толиби чаннат,дуруди Мустафо мегу,
Шунида номи Он Хазрат,дуруди Мустафо мегу.
Сахар аз хоб чун хези,зи дида ашки хун рези,
Диле бо дард омези,дуруди Мустафо мегу.
Паси хар тоату одат,фароги шодиву хасрат,
Чу майлат хаст ба хазрат,дуруди Мустафо мегу.
Чу рафти чониби масчид,ки то гарди дар он сочид,
Гирифтори рохи Хак бо чид,дуруди Мустафо мегу,
Агар мушкил ба сар дори,тарики пурхатар дори,
В-агар майле бар зар дори,дуруди Мустафо мегу.
В-агар уро талаб дори,на охи нимашаб дори,
Чу калбу кому лаб дори,дуруди Мустафо мегу.
Ба хар махфил, ки биншини, чамоли дустон бини,
Баро як дам зи худбини,дуруди Мустафо мегу.
Чу бар бустон гузар карди, ба руи гул назар карди,
Машоматро хабар карди,дуруди Мустафо мегу.
Агар хохи шафоатро,наъими хулду рохатро,
Шунида номи Он Хазрат,дуруди Мустафо мегу.
Ту,Наккош аз сабукчони, нарафти рохи Рахмони,
Барои рузи хайрони дуруди Мустафо мегу.

*********************************************************************

ВУЗӮ
Чу баҳри намозе ба по хостӣ,
Вузӯ гир, некӯву бе костӣ.
Вузӯ гир, баҳри адои намоз,
Ки то сӯи Аллоҳ орӣ ниёз.
Барӣ сӯи ӯ рози қалбу дуо,
Ҳақи бандагиро намоӣ адо.
Вузӯ нури муъмин бувад рӯзи ҳашр,
Ҳамон рӯзи ҳавлафгани сахти нашр.
Шиносад Паямбар, ба он умматаш,
Диҳад Эзиди пок офийяташ.
Миёни дигар умматон нурпош,
Зи оринҷи дасту кафу дасту по-ш
Нахуст аз ҳама нийят овар ба дил,
Ки пои намозат намонад ба гил.
Ба ҷуз он нагардад дурустат салот,
Ибодоти дигар чу ҳаҷҷу закот.
Барои вузӯву намози Худой,
Сабук сӯи оби покиза ой!
Аз он пас, ту номи Худованд гӯй,
Сипас, панҷаҳоро ту се бор шӯй.
Зи як гар ба се бор шӯӣ, равост,
Ҳар андомро, кардаи Мустафост.
Маяфзо зи се бор, дар шустанаш,
Ки зишт асту зулм аст, афзуданаш.
Дуруст ин сухан кори Пайғамбар аст,
Ба чандин кутуби ҳадис андар аст.
Насоиву Бӯдовуд овардаанд,
Ҳамин қавли Пайғамбари арҷманд.
Бигир об, баҳри даҳонат ба рост,
Ки бо чап ҳамин кор кардан хатост.
Бидеҳ обро гардиш андар даҳон,
Ба бинӣ бикаш, об аз баъди он.
Зи бинӣ, биафшон ба чап обро,
Фиристода омӯхт асҳобро.
Сипас, об бар чеҳраи худ бизан,
Зи рустангаҳи мӯи сар то зақан ,
Бишӯ, рӯи худ пок, онгаҳ, се бор
Чунин ҳаст фармудаи Кирдигор .
Дигар, дастҳо то ба оринҷ шӯй,
Бад-он сон ки покиза гардад накӯй.
Ба сар масҳ каш, пой се бор шӯй,
Сипас, зикрҳои вузӯро бигӯй!

**************************************************************

Ба Рузе аз к,азои осмонй,
Бишуд машгул дар Тавротхонй.
Назар андохт бар исми Мухаммад,
Зи шафкат бусса кард аз номи Ахмад.
Ба хакки бусаи исми Паёмбар,
Гузаштам чурми исёнаш саросар.
Хабибамро кассе, ки дуст дорад,
Кучо Молик варо дузах дарорад.
Ба чону дил мухибби Мустафо бош,
Ба ёрони Мухаммад чонфидо бош.
Ба як каф гир домони шариат,
Ба касби дигарат касби тарикат.

***************************************************************

Банда хамон бех,ки зи таксири хеш,
Узр ба даргохи худо оварад.
В-арна сазовори худовандияш,
Кас натавонад,ки ба чой оварад.
Илохо то хаёт доред дар дини Худо бошед,
Илохо то хаёт доред дар дини Худо бошед,
Илохо гушатон сомеъ шавад амри илохиро,
Кабули кавли пайгамбар кунед дар хар кучо бошед

******************************************************************

Худовандо, нигаҳ дорӣ маро аз макри шайтонӣ,
Ҳидоят бо сироталмустақим кун сӯи раҳмонӣ.
Умеди том ҳар банда аз он лутфи азал дорад,
Нашуд аммо касе воқиф аз он мактуби пешонӣ.
Ба рӯзи- сахти маҳшар бандаи бечора дар монад, .
Ба ин дармондагон абри карамро зуд афшонй.
Нашуд воқиф касе аз қисмати неку бад ин ҷо,
Ман ин асрори пинҳонро намедонам, ту медонӣ.
Ба ҳар дине, ки бошӣ, бош мӯъмин рав дами охир,
Ҷудо гардад ба вақти марг куфрон аз мусулмонӣ.
Ба ҳоли оҷизон ё раб, кунӣ дар муҳтазар раҳме,
Ки байни ҷону эмон мубтало банда ба ҳайронӣ.
Ба ҳар дарде агар ҳар бандаи бечора дармонад,
Набошад ғайри фазли ту ба ҳар дармонда дармоне.
Диламро сӯи худ каш з-ин ғами гирдоби бепоён,
Мабодо ки дар ғафлат равам бо ин парешонӣ.
Ҷунунро дил аз андӯҳи ҷон кандан тапад дар хун,
Кушо ин уқдаро ё раб,ба фазли худ ба осонӣ.(Маъдан-ул-ҳол)

********************************************************************************

АБУЛҚОСИМ ФИРДАВСӢ
ГУФТОР АНДАР СИТОИШИ ПАЙҒАМБАР

Туро донишу дин раҳонад дуруст,
Дари растагорӣ бибояд-т ҷуст.
В-агар дил нахоҳӣ, ки бошад нажанд,
Нахоҳӣ, ки доим бувӣ мустаманд.
Ба гуфтори Пайғамбарат роҳ ҷӯй,
Дил аз тирагиҳо бад-ин об шӯй!
Чӣ гуфт он худованди танзилу ваҳй,
Худованди амру худованди наҳй,
Ки хуршед баъд аз расулони меҳ,
Натобид бар кас зи Бӯбакр беҳ.
Умар кард Исломро ошкор,
Биёрост гетӣ чу боғи баҳор.
Пас аз ҳар дувон, буд Усмон гузин,
Худованди шарму худованди дин.
Чаҳорум Алӣ буд ҷуфти "Батул",
Ки ӯро ба хубӣ ситоид Расул,
Ки ман шаҳри илмам, Алиям дар аст,
Дуруст ин сухан қавли Пайғамбар аст.
Гувоҳӣ диҳам к-ин суханҳо зи ӯст,
Ту гӯӣ, ду гӯшам пуровози ӯст.
Алиро чунин гуфту дигар ҳамин,
К-аз эшон қавӣ шуд ба ҳар гуна дин.
Набӣ офтобу саҳобон чу моҳ,
Ба ҳам бастаи якдигар ростроҳ.
Манам бандаи аҳли байти Набӣ,
Ситояндаи хоку пои васӣ.
Ҳаким ин ҷаҳонро чу дарё ниҳод,
Барангехта мавҷ аз ӯ тундбод.
Чу ҳафтод киштӣ бар ӯ сохта,
Ҳама бодбонҳо барафрохта.
Яке паҳн киштӣ ба сони арӯс,
Биёроста ҳамчу чашми хурӯс.
Муҳаммад бад-ӯ андарун бо Алӣ,
Ҳамон аҳли байти набиву валӣ.
Хирадманд к-аз дур дарё бидид,
Карона на пайдову бун нопадид.
Бидонист к-ӯ мавҷ хоҳад задан,
Кас аз ғарқ берун нахоҳад шудан.
Ба дил гуфт: Агар бо Набиву васӣ,
Шавам ғарқа дорам ду ёри вафӣ.
Ҳамоно ки бошад маро дастгир,
Худованди тоҷу ливову сарир.
Худованди ҷӯи маю ангубин,
Ҳамон чашмаи ширу мои маин...
Гарат з-ин бад ояд, гуноҳи ман аст,
Чунин асту ин дину роҳи ман аст.
Дилат гар ба роҳи хато моил аст,
Туро душман андар ҷаҳон, худ дил аст.
Набошад ҷуз аз бепадар душманаш,
Ки Яздон ба оташ бисӯзад танаш.
Ҳар он кас ки дар ҷон-ш буғзи Алист,
Аз ӯ зортар дар ҷаҳон зор кист?
Нигар, то надорӣ ба бозӣ ҷаҳон,
Набаргардӣ аз некпай ҳамраҳон.
Ҳама некиат бояд оғоз кард,
Чу бо некномон бувӣ ҳамнамуд.
Аз ин дар сухан чанд ронам ҳаме,
Ҳамоно, каронаш надонам ҳаме.

******************************************************************************

Дилам доим барои умматон чун дог месузад,
Набинам кош дар харду чахон дарди сари уммат.
Чи шуд ахволи зори умматонам рузи чон додан,
Набудам як даме афсус болои сари уммат.

**********************************************************************

БА ҶУЗ Ӯ КАСЕ ОЛИМИ ҒАЙБ НЕСТ

Ба номи Худое, ки Субҳон бувад,
Бурун аз маконҳову имкон бувад.
Аввалу Охиру Зоҳиру Ботин аст,
Кариму Самад, Ҷомиъу Мӯҳсин аст.
Замин дар тайи Арш ҷо кардааст,
Ду зидро ба ҳам ҷо ба ҷо кардааст.
Худое, ки ҷонро азиз офарид,
Зи ночиз ҳазорон чиз офарид.
Худое, ки аз нор нур мекунад,
Зи хок одам, аз ғам сурур мекунад.
Баландию пастинамо ӯ бувад,
Ҳамеша Рабби Кибриё ӯ бувад.
Падид орад аз хок хору гиёҳ,
Кунад гавҳар аз сангу в-аз занг моҳ.
Ӯ бинҳод ба мардум қазову қадар,
Ба ҳар лаҳзае мекунад ӯ назар.
Чу дил пок бошад, набинад дар он,
Ба покӣ дили пок бояд, бидон!
Диле ҷӯ, ки он дил назар оварад,
На он дил, ки бар ту зарар оварад.
На ҳар дил бувад дил, на ҳар роҳ сабил,
На ҳар сабр аст, чу сабран ҷамил.
Набошад ба ҳар шох бору самар,
Садафҳо на ҳар як биёрад гуҳар.
На ҳар қавл қавли накӯ равшан аст,
На ҳар сина ҷойи бузурги фан аст.
Ба ҷуз он Худо пок аз айб нест,
Ба ҷуз Ӯ касе олими ғайб нест.
Ту то бошӣ зикри Худованд кун,
Ҳама роҳи ғафлат ба худ банд кун.
Фасона махон аз дурӯғу ғурур,
Ту биноӣ, худро макун шахси кӯр.

*************************************************************************************

Ҳар дида, ки ибрате нагирад, кӯр аст,
Ҳар нуқл, ки лаззате набахшад, шӯр аст.
Рахте, ки тағайюр напазирад, кафан аст,
Он хона, ки табдил наёбад, гӯр аст.
Бедил

******************************************************************

Ҳар,Ки бо зикри Худо унс бигирад шабу руз,
Гар бувад мурдаи садсола,Ки рухаш бахшад.
Ҳар Ки дар фотихаи руз ба фатхия шитофт,
Ҳеҷ шак нест,Ки Фаттоҳ футуҳаш бахшад.

*******************************************************************

Эй басо кас ба як дуои саҳар,
Рафта қадраш зи чарх болотар.
В-эй басо кас ба як дуои шом,
Дину дунёш ба бод дода тамом.

**********************************************************************

ЭЙ, КИ МЕФАХРӢ ЗИ ХУД
Эй, ки мефахрӣ зи худ Одам Сафиюллоҳ канӣ?
Модари покизаи мо - ҳамдамаш Ҳавво канӣ?
Мавҷаи тӯфони Нӯҳ хушку тарки дунё гирифт,
Соҳиби тӯфон куҷо гардиду он дарё канӣ?
Бо ситам то оташи намруд бурдандаш ба зӯр,
Оташ аз баҳраш гулистон шуд, Халилуллоҳ канӣ?
Сар ба фармони падар биспурд андар зери теғ,
Ҳаст Ҳоҷар интизори ӯ - Забеҳуллоҳ канӣ?
Куштанаш мехост андар маҳд Фиръавни лаъин,
Розгӯи Тури Сино Мӯсии гӯё канӣ?
Дурии фарзанд андар байтулэҳзонаш кашид,
Яъқуби чашминтизори Юсуфи барно канӣ?
Устухони хушк омад аз нигоҳаш дар сухан,
Рафт сӯи осмон Исои Руҳуллоҳ канӣ?
Боиси эҷоди олам нури ӯ гардида буд,
З-ӯ нишон ҳаргиз намеёбам, Расулуллоҳ канӣ?
Чорёри бомурувват роҳи дин паймудаанд.
Шери даргоҳи Илоҳӣ - Ҳайдари аъло канӣ?
Эй Зарифӣ, дил чи бандӣ дар макони бесубот,
Ҳофизи ширинкалому Саъдии доно канӣ?
Исмоил Зарифӣ, деҳаи Косатароши ноҳияи Панҷакент.

***********************************************************************************************************

БА КОРИ НЕК ҲАМЕША ҶАҲД СОЗЕД
Худовандо, ба даргоҳат бинолам,
Ҳамеша ҳастӣ ту огоҳ зи ҳолам.
Худовандо гуноҳонам бибахшо,
Ки ман як бандаи ошуфтаҳолам.

Ба ёдат ашки дида ҳар сабоҳ аст,
Маро дар ҳар қадам чандин гуноҳ аст.
Намоям тоату тавба биёрам,
Ки номи поки ту пушту паноҳ аст.

Дилам чун мавҷи баҳр туғён дорад,
Умед аз раҳмати Раҳмон дорад.
Ба кори нек ҳамеша ҷаҳд созед,
Ки рӯзе умри мо поён дорад.

Худовандо, диламро шод гардон,
Дину дунёи ман обод гардон.
Агарчи бандаи пур аз гуноҳам,
Зи нори дӯзахат озод гардон.

Ба васвоси лаъин рафтор кардам,
Гуноҳ болои ҳам такрор кардам.
Худоё, тавбаи манро қабул кун,
Пушаймонӣ аз он кирдор кардам.
Шамсиддини ҚУДРАТ, деҳаи Тутака , ноҳияи Ҳисор

*****************************************************************************************************************************************************

Хез эй дил, нола кун бо ҳазрати олиҷаноб,
То шавад бар даргоҳи лутфаш дуоят мустаҷоб.
Лутф фармо, эй каримо, нест чун ман дар ҷаҳон,
Бандаи номасияҳ, шармандаи рӯзи ҳисоб.
Бин, ки хосон дар ризояш ҳамчу дил дарбохтанд,
То шавад хушнуд з-ишону нагирад бо итоб.
Мо намегӯем моро ҳаст тоату амал,
Ҳеҷ коре барнамеояд зи мо ғайри иҷоб.
Чунки худбиниву худроию солусист кор,
Хайру тоат гуфта месозем кори носавоб.
Умр мустаъҷал, амал бисёр , аммо роҳ дур,
Корвонӣ рафта, мо дар фикри нафсу хурду хоб.
Масти кору ғафлатем бедор кай хоҳем шуд?
Шаб гузашту субҳидам шуд ҳам баромад офтоб.
Оқибат Шайдо аз ин дори фано хоҳем рафт,
Бо рухи зарду дили пурҳасрату чашми пуроб.

***********************************************************************************************************

Ман рӯзааму майл ба ифтор надорам,
Бо рӯзахӯрон қуввати гуфтор надорам.
Хоҳам, ки ба як моҳ ҳама гушна нишинам,
Аз гушнагиям шикваю озор надорам.
Зеро, ки гуноҳони ман аз мӯӣ фузун шуд,
Бо сад гунаҳам оқибати кор надорам.
Шайтоннафасӣ, сӯи ман асло манигар ту,
Ман майл ба шайтону гунаҳкор надорам.
Аз чор ҷиҳат нафси аммора ҳама қуфл аст,
То Ид ҷуз аз тавба дигар кор надорам.
Ман рӯзааму майл ба ифтор надорам,
Бас, бас ки дигар фурсати такрор надорам.
Раънои МУБОРИЗ

**************************************************************************************************

Илму олим ҳамчу меҳру моҳ бувад,
Раҳнамои мардуми гумроҳ бувад.
Илм бисёр аст, аммо илми дин,
Дастгири халқ мегардад яқин.

*****************************************************************************************************

Ҳар лукма ки мухури бигу Бисмиллоҳ
Ҳар як нафасе фуру бари ё Аллоҳ
Ҳар кор ки мекуни Худо хоҳаду гуй
Корат ба ривоч меравад, Иншооллоҳ

****************************************************************

Намозатро сари имон ҳамедон,
Касеро сар набошад, нест имон.
Макун дигар баҳона эй, ҷавонмард,
Намозатро ҳамебояд адо кард.

****************************************************

ХИЧОБ

Хохарону духтарони муслимин
бе хабар аз Уммахотул му*минин
Аз Сахобиёти Уммат гофиланд
ошики фаннонахои гарбианд
Кашф карданд соиду а*ноки хеш
чалб созанд сад чавонро суи хеш
Аз хаёву иффату сидку сафо
дур гаштанду ба худ карданд чафо
Ошики расму русуми гарбиён
аз ХИЧОБ аст обру ей Дилбарон
Асри нав бар ту сабакхо дода аст
бе хичобиро тамаддун хонда аст
Аз губору дуд чашматро бишу
то бубини ма*нии Шар*ат наку
Аз табарруч нахй бинмудаст Худо
амри Куронат намебини чаро?
Садди боби фитнахо бошад Хичоб
бе хичоби оварад сад изтироб
Суннату Курон бинмо як назар
аз макоми хеш дони бештар
Дар чаманзори чахон хамчун гули
рохи Захро пеша кун гар окили
Гар ту дори аз саодат чустучу
гани бахтатро зи Куронат бичу
Роху расми зиндагиро дар чахон
карда аст бар ту Худовандат баён
Чодарат рамзи тахаллуф нест, нест
ин хама гавго дуруге беш нест
Хикмату мантик нагуяд ин сухан
гар чи такрораш кунанд дар анчуман
Ин фазилатро нишони бад заданд
бар чабини у ракам дигар заданд
Гох бар шамси зухову руи мох
парда гардад пораи абри сиёх
Модари ё Хохари ей Мухтарам
офарин; хасти ту аз Хайрул Умам
Доманат гахвораи мардони рох
бар гузашти хеш бинмо як нигох
Пок гардад чилхо гар тохири
по гузори аз шараф дар муштари
Аз суханхои Сахеи он Чаноб
омада мардони Умматро хитоб
Хар ки икромат кунад бошад карим
гар ихонат мекунад бошад лаим
Чодарат рамзи хаёву иффат аст
хам зи амру фарзи дини фитрат аст
Зинаташ аз симу зар зебанда тар
хам викори ту бисозад бештар
Гар мусалмонзодаи амраш пазир
Чодари Исломиён бар сар бигир
Дини фитрат амр бинмудаст туро
то чу гул хушбу нигах дорад туро
Чодаратро бар сару гардан гузор
то зи ту хушнуд гардад Кирдгор.

***********************************************************************************

С А Л А В О Т:

Дар вакти субхгохон буи Мухаммад омад,

Андар машоми мардон буи Мухаммад
омад.

Рафтам ба суи бустон гулхо шукуфта дидам,

Аз чониби гулистон буи Мухаммад омад.

Х,ар субхи дам бинолам дар хонакоху масчид,

Аз охи субх,хезон буи Мухаммад омад.

«Ваш-Шамс»
васфи руят, «Вал-Лайл» наъти муят,

Аз сурахои Куръон буи Мухаммад омад.

«То
хо» бихону «Ё син» в-он гах бигуй омин,

Аз
зикри исми Рахмон буи Мухаммад омад.

Ин
хашт дар кушода дар интизори Хазрат,

Аз боргохи Ризвон буи Мухаммад омад.

Шукри
Худо хазорон, чандин хазор борон,

Аз мулкати Бадахшон буи Мухаммад омад.

Туфони
Карбалоро гирди Хусайн дидам.

Аз нолаи Имомон буи Мухаммад омад.

Имло,
бизан ту худро дар сухбати гарибон,

Аз сухбати гарибон буи Мухаммад омад.

******************************************************************

Ey do'st, dar in jahon mo yak nafasem.
Gah otashu, gah gulemu gah xoru xasem.
Harchand vafo nadorad, in dori fano.
Boyad ki ba qadri hamdigar mo birasem.

* * * * *

Jonona charo az in jahon bexabari,
Shabhoi daroz dar talabi molu zari,
Nasibai mo az in jahon yak kafanay,
Onro ba gumon ki bari yo nabari.

***************************************************************************

Dil dar in dunyo maband, dunyoi foniy bigzarad.
Navbati piri daroyad, navjavoni bigzarad.
Ey ki dori bog'u bo'ston, molu mulku mamlakat.
Bog'i tu vayrona gardad, bog'boni bigzarad.
In ajal hamchun pul astu jonho chun korvon,
Nogahon bini ki zon pul, karvone bigzarad.

***************************************************************

Tamomi kulli ashyoni Xudoni qudrati qildi.
Shu davlat senga yetmasmu Muhammad ummati qildi.

******************************************************************

ХАБИБИ ХОЛИКИ ЯКТО МУХАММАД,
МУХИББУ ХАЗРАТИ МАВЛО МУХАММАД.
АМИРИ КИШВАРИ МУЛКИ ХИДОЯАТ,
ИМОМИ ЯРСАБУ БАТХО МУХАММАД.
ШАВАД АРШИ БАРИН ФАРШИ РАХИ У,
МУКИМИ ТАХТИ 8АВАЛНЛ* МУХАММАД.
ШАХИ КАСРИ *КАФО БИЛЛОХ* БОШАД,
МАХИ БАДРИ ФАЛАКПАЙМО МУХАММАД.
БУВАД САРВИ ЛАБИ ЧУИ ИРОДАТ,
ГУЛИ ХУБИ ЧАМАНОРРО МУХАММАД.
ДИХАД БАР ТАШНАКОМОНИ ЧАХОН ОБ.
ЗИ ЧОМИ СУРХИ *ТО ХО* МУХАММАД.
БА ГУЛЗОРИ ХИДОЯТ ПУРФИГОН БУД,
ДАМОДАМ АНДАЛЕБОСО МУХАММАД.
БА ГУФТОРАШ,КИ ХОЛИ АЗ ХАВО БУД,
ФИКАНДА ДАР ЧАХОН ГАВГО МУХАММАД.
ГУНАХГОРОНИ УММАТРО БА МАХШАР,
БУВАД ОХИР ФАРАХБАХШО МУХАММАД.
БА ЁДАШ ШОД ДИЛХОИ МУХИББОН,
ФАРАХБАХШАНДАИ ЧОНХО МУХАММАД.
АСОИ ДАСТИ ХАР АФТОДА НОМАШ,
ХАЁЛАШ РОХАТИ ДИЛХО МУХАММАД. АЗ ХАД АФЗУН,
ТАРАБАФЗОСТ ЭЙ ШАМЪИ ДИЛОРО,
БА ДИЛХО ЁДИ РУЯТ Ё МУХАММАД.
САЛОТУ ХАМ САЛОМИ АЗ ХАД АФЗУН,
БА РУХАТ ЭЙ ХАБИБИ МО МУХАММАД.
БА АБДУЛХАЙ НАСИМИ БОГИ ФИРДАВС,
РАСАД АЗ ХОКИ КУЯТ,Ё МУХАММАД

******************************************************************

ХУДО БАХШАНДА БО НОМАШ БИКУШАМ,
БА МЕХРУБОНИАШ ДАР АКЛУ ХУШАМ.
СИПОСИ БЕАДАД БОД ОН ХУДОРО,
МУРАББИИ ДЖАХОНИЁНИ МОРО.
КИ БАХШОЯНДА ЗОТИ МЕХРУБОН АСТ,
ХАМЕША НОМИ НЕКАШ ДАР ЗАБОН АСТ.
БУВАД ШОХАНШОХИ РУЗИ КИЁМАТ,
КИ МАРДУМ ШОДУ ГАХ АНДАР НАДОМАТ.
ХУДО ТАНХО ТУРО МО МЕПАРАСТЕМ,
ВА АЗ ТУ ЁРИХО ДЖУЯНДА ХАСТЕМ.
БУБАР МОРО БА РОХИ РОСТ ДОИМ,
БА РОХИ СОХИБИНЪОМОНИ КОИМ.
НА БО РОХИ КАСОН, КИ ДАР ГАЗАБ МОНД,
БА ГУМРОХИ ГУНАХ БАР ХЕШ БИНШОНД.

***************************************************************

Ё РАБ БА ДАРАТ РУИ НИЁЗ ОВАРДАМ,
НЕ ХАДЖУ ЗАКОТУ НЕ НАМОЗ ОВАРДАМ.
ДЖОНЕ, КИ РАМИДА БУД АЗ ДАРГАХИ ТУ,
БИГРИФТАМУ БАР ДАРИ ТУ БОЗ ОВАРДАМ.

****************************************************************

Дар чахони бе бако охир парешон мешави,
Умри худ зоеъ макун чоно пушаймон мешави.
Кадри ёру дустонро дон андар зиндаги,
Окибат ай бехабар дар хок пинхон мешави.
Доимо дар зикри хак бошу, Худоро ёд кун,
Хон марав бо рохи шайтон пур зи усён мешави.
Гар биёби давлату, дунёву мулки бехисоб,
Ин хама хайрон бинод, чисми бе чон мешави.
Зан кунад шуи дигар, фарзанд фаромушат кунад,
Хеч ёди ту намеояд, чу дар хок мешави.
Эй, ки дори аклу хуш сарфи худо кун моли худ,
Пеш аз он, ки андар лахад пусида вайрон мешави.
Дар забонат лоилохро, доимо такрор кун,
Дур аз гуфтори бад бош, чунки расво мешави.
Ахли илму толибонро гар тавони даст гир,
Бо хунармандон нишин, окилу доно мешави.
Бо бадон маншин, ки имони ту мегардад хароб,
Дар сарои охират дар нори сузон мешави.
Толибо хохи саодат неки кун, бо мардумон,
Дар бихишти човидон бо хуру гилмон мешави.

******************************************************************

Рузи махшар, ки чон гудоз бувад,
Аввалин пурсиш аз намоз бувад.

Бенамозе гар бихандад, хандаи у зебанда нест,
У чи механдад, намедонад Худоро банда нест,
У намедонад, ки чои бенамозон дузах аст,
Хар гунохест дар чахон аз бенамози бадтар нест.

Зи биёбони адам, то ба сари бозори вучуд,
Ба талоши кафане омада, урёне чанд.

Чу дарёи рахматаш талотум кунад,
Гунах сохиби хешро гум кунад.

Чуз ба дастурии "Колаллох ё Коларрасул",
Рох марав, фармон мадех, хочат магу, хуччат маёр.

**************************************************************************

КАДОМ МОДАР БА ДУЗАХ МЕДАРОЯД,
ХАМОН МОДАР КИ ДУХТАРРО БИЗОЯД.
НА ТАЪЛИМАШ КУНАД НА ШАРМУ ИМОН,
БА БЕ ТАЪЛИМ ДАРИ БЕРУН БАРОЯД.
САДОИ ДУХТАРОН ПУШИДА ТАР БЕХ,
ВУЧУДАШ ДАР ИБОДАТ НЕКУТАР БЕХ.
ЧАМОЛАШ МИСЛИ ХУРРИ АХЛИ ЧАННАТ.
ЗИ ЧАШМИ АЧНАМИЁН ДУРТАР БЕХ.....

******************************************************************

Кучо васфи Ту меорем, ба чонмон ё Расулалаллох,
Калам очиз мемонад, ба васфат ё Расулалаллох.
Даруни кулбаи эхзун, ба ёди Ту менолем,
Ки шояд як назар сози, ба суймон ё Расулалаллох.
Хама халкон дар ин олам, ба суи айш мекушанд,
Бигардон ин дили моро, ба суят ё Расулалаллох.
Гарики бахри усёнем, зи кардахо пушаймонем,
Ачаб шармандае хастем, ба наздат ё Расулалаллох.
Сарам дар болини марбут, забонам лол мемонад,
Ба номи Ту шавад чори, забонмон ё Расулалаллох.
Либос бе остин пушем, замони рихлат аст Дунё,
Савори аспи чубинем, бигир дастмон Расулалаллох.
Намози бе азон хонанд, дар он соат баро имом,
Ба зери хок танхоем, шафоат кун Расулалаллох.
Даруни гури торик ду малак пурсанд динат чист?
Бигуем дини мо Ислом, гувохи мо Расулалаллох.
Ба рузи хашр бардорем, сар аз хоки лахад ё Раб,
Ачаб дармондае хастем, ба наздат ё Расулалаллох.
Хама бо накш мегуянд, ба холи худ саргардон,
Кучо ёбем дар он холат, Туро мо ё Расулалаллох.
Ибодулло, хаме худро ба хоки пои пирон зан,
Ки шояд як даме созад, шафоат Он Расулалаллох.

********************************************************************

Додам ризо ба дуст ки харчи хакам кунад,
Кавме ба айшу ишрату кавме ба гам кунад
Баъзе ба хушдиливу базм аст дар хузур.
Баъзе дигар зи гиря ду чашмаш варам кунад
Як чост тую мастию сад нагмаи сурур.
Чои дигар фигону садову вобалам кунад,
Чанде гуруснаанд барахна ба охи сард.
Они дигар зи салтанати чоми чам кунад.
Баъзе ба дарди ишк гирифтору мубтало
Баъзе ба мисли гов чарои шикам кунад.
Кавмест солхурдаву кавмест навчавон
Баъзе вучуд ораду баъзе адам кунад……

***************************************************************

Чашме дорам хама пур аз сурати дуст
Бо дида маро хуш аст, чун дуст дар уст.
Аз дидаю дуст фарк кардан на накуст.
Ё дуст ба чои дида, ё дида хам уст.

Хохи, ки шавад дили ту чун оина,
Дах чиз бурун кун аз даруни сина.
Кибру хасаду зулму харому гайбат,
Бухлу тамаъу хирсу риёву кина

******************************************************************

Дил ба ин дунё мабанд, дунёи фони бигзарад,
Навбати пири дарояд, навчавони бигзарад.
Эй ки дори богу бустон, молу мулку мамлакат,
Боги ту вайрона гардад, богбони бигзарад.
Эй ки дори зуру бозу, дар чахони номдор,
Зури ту хам охир ояд, пахлавони бигзарад.
Ин ачал хамчун пулест, чонхо чун корвон,
Ногахон бини з-он пул корвоне бигзарад.
Шамси Табрези, чи дони холати мастони хеш.
Кори ту хам охир ояд, кордони бигзарад...

****************************************************************

Шукр гу, эй дил ки дар хайли мусалмон офарид,
Орифи худ карда хам бо нури имон офарид.
Пову дасту чашми бино дод аклу ихтиёр,
Дар дахонам ин забон худ санохон офарид.
Неъмати бисёр пайдо кард бахри тоаташ
Боги чаннатро барии ахли мухибон офарид.
Хамду лиллах кард моро уммати хайрулбашар
Бехтарин аз кутуби хеш Куръон офарид
Кард инъом бар кавме хуру гилмони бихишт
Бо гурухе дузахи аз нории сузон офарид
Ахли исён бояд аз лутфаш набошад ноумед
Бахри гуфрону шафоатхои исён офарид
Сабр мебояд ба каф кардан зи кулфатхои дун.
Ёд дори дар тани Аюб кирмон офарид.
Ранчи ин фони ба уншокаст лаззоташ ба гайр
Дустонашро ба чандин з-ин сон офарид
Чан солее Нух пайамбар кашида ранчи кавм
Сохташ киштинишину мавчи туфон офарид
Аз фироки Юсуфаш месухт дар байтулхазан.
Оташи хичрон бари Яъкуби канъон офарид
Эй Чунуни хикати махлук бахри хидматаш
Кай барии нафси саг бо хурдани нон офарид.

********************************************************************

Маханд ту дар инчо ки мижгони ту гирё наст дар фардо
Агар рези дар ин чо ашк хандон хаст дар фардо
Ба андухи Киёмат зард кун рухсори гулгун
Бо сони шамси анвар мохи тобон аст дар фардо
Макун чавру ситам бар чони худ аз тарки фармонаш
Ба гайри акбахо хафт дарки сузон аст дар фардо
Касе гар андар ин чо хирмани тоат набардорад
Ба сад афсусу хасратхо пушаймон аст дар фардо
Чаро эй калхамач бо чилваи ин зол менози
Валекин айшгохи хоксорон аст дар фардо
Ба машаргох гар хар касс ба хар су равон гардад
Ки майлони Чунуни суи чонон аст дар фардо

**********************************************************

Зи ёди Хак машав гофил,агар хуше ба сар дори,
Бубин,то манзили укбо чи рохи пурхатар дори.
 Нафасро сарфи тоат кун,бигу авроди субхони,
Ба зикри Хак шуди моил,хузури бахру бар дори

******************************************************************

Бандагони нафсро сад хайфи номи бандаги,
      Бандаи содик хамон ки ру ба Мавло мекунад.
      Бехабархо дар фиреби ишрати имрузаанд,
      Бохабархо рузу шаб анчоми фардо мекунанд.