Сделать свой сайт бесплатно

Реклама

Создай свой сайт в 3 клика и начни зарабатывать уже сегодня.

@ADVMAKER@

МОДАР --- ВАТАН ХАМ ЧОНАСТ ХАМ ЧОНОН

02.02.2012

Модар! Ватан! Ин ду калима, ки ҳамагӣ аз панҷ ҳарф таркиб ёфтаанд, дар мазмуну мундариҷа он қадар маънӣ,шукӯҳу шаҳомат доранд, ки дар тасвирашон садҳо достону романҳо офарида шуданду ғазалу таронаҳо сароида мешаванд. Ин ду мафҳум барои ҳар як инсон ончунон азизу муқаддасанд, ки барои ҳифзи ҷону нангу номусаш фарзандони арзанда ҷони худро дареғ намедоранд! Тифл баробари ба олами ҳастӣ омадану чашм кушодан аз бӯи онҳо машом муаттар карда бо ҷону дил дӯсташ медорад. Дар оғӯши модар - Ватан хору зор нашуда зиста ба воя мерасад. Барои ҳамин ду калима бе ҳамдигар маънои худро гум карда дар алоҳидагӣ вуҷуд дошта наметавонад. Модар – Ватан муқаддастарин мафҳум ҳимояи он шаъну шараф ва қарзи инсонии ҳар як шахс ба ҳисоб меравад.

Ман булбуламу ватан гулистони манаст,

Чун модари мехрубон нигахбони манаст.

У буд ки ман зи нести хаст шудам,

Ин аст ки имони ману чони ман аст..

Бузургии зан-модар пеш аз ҳама дар он таҷассум меёбад, ки ӯ чароғи хонадон, идомадиҳандаи насл, тарбиякунанда ва ба камолрасонандаи фарзанд, инчунин нигоҳдорандаи забон, таърих ва фарҳанги миллӣ мебошад. Агар ободиву суботи ҷомеа аз осоишу оромии ҳар як оила вобаста бошад, дар навбати худ ободии ҳар як хона дон аз рӯҳияи солиму созанда, сатҳи маънавиёту маърифатнокӣ ва тандурустии зан-модар вобаста аст. Ба андешаи ман зани тоҷик, ки намунаи олитарини зан-модар аст, дар доираи модарсолорӣ аз аввал то имрӯз боқӣ мондааст. Имрӯз ҳам ӯро чун зан-модар - ҳамон модаре, ки сари гаҳвора алла мехонад, парастиш мекунанд, вале шахсияташ, ишқу муҳаббаташ, андешаву оламашро касе эътироф наменамояд. Афсӯс, ки имрӯзҳо бори вазнини ҳаётро ҳам бештар занон мекашанд. Рисолати аслии зани тоҷик сабурии ӯст. Зан модари тоҷик заҳматкашу меҳнатқарин буду ҳаст ва мемонад.

Ба қавле «Ғами дунёи наву кӯҳна ҳама бори зан аст».


Cад чону дил фидои як муддаои модар,

Фатху кушоиш орад дасти дуои модар.

Бишнид гар садоям дуньёи сахтгушон,

Ангезаест шояд аз аллахои модар!!!

Модар барои ҳар як шахс азизу муқаддастар аз ҳама мавҷудоти рӯи олам аст. Ҳар чӣ ки дар рӯйи замин дорем, ҳатто ҷони азизи худро лозим шавад, тайёрам барояшон фидо созам. Модарон арзандаи ҳамагуна эҳтирому дӯстдорианд. Зеро меҳрубонтарин инсонҳои рӯи оламанд ва фарзандро дар ҳама ҳолат дастгиранду дилсӯзу бахшанда. Hавозиши дастони модар беҳтарин истироҳат аст барои фарзанд, новобаста ба синну сол.


Худо гуфтию оят хондию таъбирҳо ҷустӣ,

Ту доим “Ҳафтяк” мондӣ ба зери болиши кӯдак,

Ки шояд тифл бебоку далеру қаҳрамон гардад.

Дили пайғамбарон гунҷад даруни синаи кӯчак...

Даруни кулбаи пасти назарногири пур аз дуд,

Ба ҳукми қарзи инсонӣ ҷаҳонеро бигунҷондӣ,

Шабонгаҳ мижжа таҳ нокарда, пухтӣ кулчаи ширӣ,

Саҳар фарзандҳоятро ба майдонҳо гуселондӣ,

Шараф андӯхтӣ аз ҷонфишониҳои фарзандон,

Аё модар, аё модар!


Ишкам, умедам, хаётам туи, эй модаричон модарам,

Калбам, садоям, навоям туи, эй модаричон модарам,

Ширин забони, дармони чони, эй модаричон модарам,

Танхо бароям ту мехрубони, эй модаричон модарам,

Модар, модаро! Шири сафедам додӣ,
Дунё баумед асту умедам додӣ.
То бар сари ман чӣ ояд аз бешу камӣ,
Ту дар сари гаҳвора навидам додӣ.

Модар, модаро, ту ибтидоям будӣ,
Ҳам қимати қомати расоям будӣ.
З-аввал ту намезодӣ, намемурдам ман,
Гӯё ки ту низ интиҳоям будӣ.

Аё модар, ба қурбони ту мирам,
Чу муҳри меҳри паймони ту мирам.
Ҷаҳон пурмакру дастон аст, бигзор,
Ки ман дар рӯи дастони ту мирам.

Дилам хоҳад равам бар кӯи модар,
Вуҷудам пур шавад аз бӯи модар,
Тамоми рӯи дунёро бигаштам,
Надидам рӯи хуш ҷуз рӯи модар.

*********************************************************************************************************

Эй модари ҷон, ба гирди дастурхонат,
Мо ҷамъ шавем ҷумла фарзандонат.
Гар ҷамъ шавем хотират ҷамъ шавад,
Дарбеҳ бишавад пораҳои ҷонат.

********************************************************************************************************

МОДАР он сарчашмаи чушони хаётест,ки хастии моро аз файзи худ шодоб мегардонад.МОДАР-сарчашмаи мехру мухаббат,шавкати беканор, нури хар як хонадон аст..
 МОДАР!-туи он мохи дурахшоне,ки бо нури мехрборат шабхои тираю торики моро равшан месози.
 МОДАР!-ту офтоби дар зиндаги,ки моро гармию рушнои мебахши.
 МОДАР!-зиндаги аз ту огоз мешавад ва дунё аз буйи мукаддаси ту атрогин аст.
 МОДАР!-бонуи хар як хонадону хуснбахши замину нусратбахши тамоми рухи инсон хасти.
 МОДАР!-сафедии муи сарат барои фарзандонат рохи сафеди зиндагист.
 МОДАР!-нафаси ту насимест,ки оромишро дар чону тани мо чори мекунад.
 МОДАР!-чехраи нуронии ту барои мо азизу мукаддас аст.
 МОДАР!-дасти навозишгари ту таскинбахши мо дар лахзахои душвории зиндаги аст.
 МОДАРЧОН хар як тори муятро мепарастам,зеро муи чун шаб сиёху руи чун сапедат барои ба камол расидани чигарбандонат сапед гаштаву дар рухсорахои гули садбаргат ожангхо падид омадаанд.Тамоми умр бахри пешравию саодатмандии рузгори фарзандонат кушиш кардаи ва  ба зиндагии мо шукуху шахомат бахшидаи.

*********************************************************************************************************


Комментарии (0)Просмотров (1147)


Зарегистрированный
Анонимно