Сделать свой сайт бесплатно

Реклама

Создай свой сайт в 3 клика и начни зарабатывать уже сегодня.

@ADVMAKER@

ТУРО МАН ЁД КАРДАМ, МОДАРИ ҶОНАМ…

02.02.2012

ТУРО МАН ЁД КАРДАМ, МОДАРИ ҶОНАМ…

Навои булбул омад, ёд кардам аллаҳоятро,
Сари гаҳвора зери лаб суруди хушнавоятро.
Ман охир ёд кардам, ёд кардам модари ҷонам,
Адоятро, навоятро ҳама меҳру вафоятро…

Модар, ту бароям азизӣ, ғамгусорӣ, ту бароям қадрдонӣ. Ту азизи дили манӣ. Модарҷон, туӣ, ки хонаи мо нур дорад. Ман худро хушбахт меҳисобам, ки дар паҳлӯи худ чунин модари ғамхору меҳрубон дорам. Ай модар, ту ба мисли офтобӣ, ки дар назди худ панч ситора дорӣ ва ба онҳо нур мебахшию равшанӣ ато мекунӣ. Туӣ, ки мо пару боли равон дорем. Модарҷон, ту на танҳо барои ман, балки барои ҳама фарзандонат азизу ширину мӯътабарӣ. Модарҷон, мо ба заҳмату ранҷу азоби ту то ба ин рӯз расидем. Он ранҷу азобат, он заҳмату меҳнатат, он танҳоӣ, он мушкилиҳое, ки дар зиндагӣ аз сар гузаронидӣ пеши чашмонам намоён мегарданд, дилам пур аз ғам мешавад, ки барои мо чунин рӯзҳои сахтро бо умри ширинат иваз кардӣ. Пас мо чаро ҳурмату эҳтиромат накунем, ай модари азобдидаам.
Мо, фарзандон якумр хизмат кунем ҳам ба якшаба ранҷе, ки дар сари гаҳвораамон кашидӣ баробар шуда наметавонад. Ман дар наздат қарздор ҳастам ай модарҷон, зеро бароят хизмати шоистае накардаам ва бароят сухани волотарине нанавиштаам, ай қиблагоҳи умедам. Модар, ту азизи дили манӣ, ту аз ҳама шахси наздиктарини манӣ, ту зиндагиву орзуҳои манӣ. Шаб дар хоб ва ҳам дар рӯз фикру ёди ман бо ту аст, ай модари ғамхори ман. Агар қадри ту ва номи некатро надонем, шири сафедат кӯрамон кунад. Ай модари ҷон,касе туро заррае озор бидиҳад тӯфони бало насибаш гардад. Модар, номи некатро бо хати зарҳал навишта, дар қалби худ ҷой кардам, пас ту якумр бо манӣ, дуо мекунам, ки садсолаҳо зинда бимонӣ, ай модари ғамгусори ман. Модар, миёни ҳама он муқаддасоте, ки посу азизашон медонанд исми шарифи ту дар мадди аввал аст. Модар, ту бузургӣ, аз
нигоҳат,чашмони меҳрборат умед мерезад, хасу хок заррае буттаву санг, гулу гиёҳ, боду борон, кӯҳҳои сангину дарёи равон дар ҳастии ту аст, эй модари ҷон. Хуршеди меҳри ту бузургтарин тармаи сардро об мекунад. Феъли ғазабат девори азимтаринро хароб. Ёд дорам нахустин сухане, ки гуфтаам «Модар» буд, нахустин қадамҳое, ки дар рӯи замин гузоштаам ба сӯи ту буд эй модари ҷон. Модар, зиндагӣ бо ту зебост, зиндагӣ ширин асту ба қимати ҷон баробар, зиндагӣ ба кас як бор эҳё мешавад, аммо дӯст дорам зиндагиеро, ки ту дар ҳарими он ҷо гашта бошӣ. Ман ҳар рӯз чеҳраи зебои модари хеш мебинам, ҳар рӯз аз зангулаи шеваи хандаҳояш маст мешавам. Чашму рӯяш мебӯсам, аз нигоҳҳои шодиомез талаффузҳои пурмафҳуми ширинаш завқ мебарам. Ҳар рӯз ид дорам бо модарам. Модар, садбарге ҳастӣ ки аз ту бӯи зиндагӣ меояд.
Хуштарин орзуҳо аз дуои модарон резад, орзуҳои ӯ гарм,чун оғӯши хуршед, бузург чун дили меҳрубонаш пайки мурод аз ояндаи нек диҳад. Зери чодари орзуҳои модар кас хушном ва тобанда ахтар, дар сояи қудраташ ҷасуру тавоност. Дасте,ки бӯи тифл ба он нишаста, дасти нарм равонбахши модар аст. Ин дастҳо тақдири одам,
тақдири дунё ҷунбонад.
Тасанно ба дастони пурмуҳаббати модар, ки баҳри некӣ умре
сӯи фарзанд дароз мешаванд. Ашки модар сӯзонтар аз шарораи оташ бичакад. Оҳ, агар ин ашк бо гуноҳи фарзанд рехт ҳезуми тар аст ки месӯзад. Модар фариштаи пок аст, агар озоре аз ӯ бинӣ бубахшо,
дурӯғе гӯяд рост пиндор, ранҷе диҳад ба дил нагир, ҳар гуноҳи модар ба хотири фарзанд аст. Зиннати бӯстону ҳусни гулбоғҳои зебо аз чист? Гармии пайкари зиндагиро асрорест ниҳон, кай бе хандаи тифл ғунча мешукуфт? Бе умеди модар дили зиндагӣ метапид? Корвони умри одамӣ гузарон аст бебозгашт. Модар зангӯлаи умр асту
тифл садояш. Он ҳама кулфате, ки модар барои фарзанд мекашад дар як паллаи бузургтарин тарозуи ҷаҳон вазнин аст. Бори вазнини он як пора дили меҳрубони фарзанд аст. Модар моро ду дасти гиро дода то дасти дӯст бифшорем, ду чашми бино дода, то баду неки дунё шиносем, лаҳни гӯё дода, то суруди дили ӯ чун селаи парасту ба паҳнои дур бубарем, дунёро дар амонӣ нигаҳ дорем.
Боре аз модарам пурсидам:
- Модар сиёҳии мӯят куҷо шуд?
Гуфт: Ба шабҳо додам.
Модар, ҳусни накӯят ку?
Гуфт: Ба дунё додам.
Гуфтам: Модар, хаста шудӣ?
Ҷавобам дод: Ҳаргиз. Шабҳо ба ман субҳи ҷовидон, дунёи умедам дод, ки он фарзанди ман аст.
Қарзи моро назди модар куҷо итмоме буда, аз ӯ умре қарздорем, қарздори рӯзҳои нек, зиндагии хуб, қарздори калиди бахт, ки барои мо гум кардааст, қарздори муҳаббат ва умед!
Модарони азиз идатон муборак!

*******************************************************************************************************************************************************

Аз қ адимулайём хал қ и то ҷ ик ба зан – модар эъти қ оду э ҳ тиром дошт, зеро дар китоб ҳ ои му қ аддаси диниву маз ҳ абии мо мавз ӯ и э ҳ тироми модар ма қ оми му ҳ им дорад. Ҳ атто ҳ азрати Му ҳ аммад саллалло ҳ у алай ҳ и ва саллам дар як ҳ адиси муборакашон ме ҳ рубон ӣ карда фармудаанд: «Ал ҷ аннату та ҳ та а қ домил умма ҳ оти » ( Ҷ аннат зери пои модарон аст). Ҳ амин ҳ адисро Ҳ аким Низом ӣ ба риштаи назм даровардаанд: Ҷ аннат, ки ризои мо дар он аст, Дар зери қ удуми модарон аст. Хо ҳ ӣ , ки ризои мо би ҷӯӣ , Он кун, ки ризои модарон аст. Модар! Ин сухан барои ҳ ар яки мо му қ аддас ва дилнишин аст. Ва қ те ин калимаро ба забон меронем, пеши назарамон шахсеро тасаввур мекунем, ки аз чашмони ӯ нури ме ҳ р меборад. Модар азизтарин инсони р ӯ и замин буда, қ алби вай офтоби гарму пурнурро мемонад, ки оянда фарзандон бо ин равшан ӣ ро ҳ и зиндагии худро хо ҳ анд ёфт. Нависандаи маш ҳ ури Миср Тавфи қ Ал ҳ аким дар васфи зан - модар гуфта буд: «Зан зиннати хона, устоди атфол ва муаллими насл ҳ ост.» Ҳ азрати Му ҳ аммад (с) дар ҳ адиси дигари худ мефармояд: «Ман се чиз аз дунёи шуморо д ӯ ст дорам – атр, зан ва р ӯ шании чашмам дар намоз аст». Ин ҷ о Паёмбари Акрам (с) му ҳ аббат ба занро дар канори д ӯ стии худ ба намозу атр қ арор меди ҳ ад, зеро ҳ амон гуна, ки атр дунёи атрофро ба машоми инсон муаттару босафо месозад ва намоз ба зиндаг ӣ р ӯ ҳ у ҷ ило мебахшад, зан низ зиндагии ҷ омеаро ширину дилпазир месозад. Амиралм ӯ ъминин ҳ азрати Умар (с) ривоят мекунанд, ки Расул (с) фармуданд, ки ба занон ситам макунед ва эшонро озурда масозед ва дар ҳ а ққ и эшон нек ӣ кунед, ки дар дасти шумо гирифторанд ва асиранд. Тани он ҳ о ба фармони Худои таъоло бар Шумо ҳ алол аст. Расул (с) боз фармуданд, ки ҳ а ққ и зан бар шав ҳ ар пан ҷ аст: аввал, ӯ ро ба даруни хона кор фармояд, дуюм, қ оида ҳ ои намозро ом ӯ зонад, сеюм таоми ҳ алол биди ҳ ад, чорум бар вай зулм накунад, пан ҷ ум бе хиёнат ӯ ро назанад. Шахсе назди ҳ азрати Му ҳ аммад (с) рафта аз ӯ пурсид: «Ё Паёмбар! Ман ч ӣ касеро метавонам д ӯ ст дошта бошам, ба ӯ э ҳ тиром гузорам? Оё чунин шахс ву ҷ уд дорад? Паёмбар (с) ҷ авоб доданд: «МОДАР!» Он шахс боз се бор саволи худро такрор намуданд ва Паёмбар (с) як хел ҷ авоб медоданд. Фа қ ат бори чорум гуфтанд: «Падар ҳ ам». Ҳ азрати паёмбар (с) занон -модаронро д ӯ ст медоштанд ва пайравони худро низ ба э ҳ тироми зан - модар амр менамуданд. Дар як ҳ адисашон таъкид кардаанд, ки ҳ амаи ашёи олам зебост, аммо модар аз ҳ ама мав ҷ удоти дунё авлотару зеботар аст. Ҳ арчанд фарзанд бадр ӯ ю но қ ис бошад ҳ ам, лекин модар ӯ ро д ӯ ст медорад. Аз ин р ӯ , дар ҷ а ҳ он му ҳ аббате бе ҳ тар аз му ҳ аббати модар нест. Дар ин маврид Асадии Т ӯ с ӣ фармудааст: Агарчанд фарзанд чун деви зишт, Бувад назди модар чу ҳ ури би ҳ ишт.

******************************************************************************************************************************************************

Амри модар мукаддас асту азиз,
        Ман ба ичрои он дихам хама чиз.
        Карда бовар ба гайратам модар,
        Чист дигар аз ин шараф бехтар!
        Сари худро агар дихам бар бод,
        Ин шарафро зи каф нахохам дод.

******************************************************************************************************************************************

Эй Худои парвардигору чаббор,
         Аз ту миннатдорам ман сад хазор бор.
         Маро бо заифа пайванд намуди,
         Бо он умрам ширин чу канд намуди.
         Маро пеш бо модар ошно намуди,
         Сони бо биби рахнамо намуди.
         Чил сол аз ин пеш модар шинохтам,
         Зи пистонаш ширу шарбат гудохтам.
         Низ чил соли комил модарам
         Парвариш кард маро аз по то сарам.
         Шабхо гахе бехоб гашт аз гами ман
         Хабаргир мегашт зи хар дами ман.
         Эй дуст,кист бе модар пайдо гаштааст?
         Зи он пайдо шоху авлиё гаштааст.
         Чаро кадри заифа мо надонем?
         Он заифа - модар!Чаро надонем?
         Кудак будам биби калон шинохтам,
         Зи он ман ашъору достон шинохтам.
         Хануз дар ёди ман он лутфи ширин,
         Бар бибии ман расад сад офарин.
         Гар бибиам намешуд дар ин дунё
         Падари ман чи тавр хамегашт пайдо?
         Бибиам гарчи заифа ном дорад,
         Дилам зи хар кори он ором дорад.
         Заифаро хар кас гар озор дихад
         Хар гул барои он хасу хор гардад.
         Ман рози нестам,заифа хор гардад,
         Дар ин замини пок дилозор гардад.
         Хабибам!Акои Оксой бигуяд чандон,
         Дили заифон созем шоду хандон!

********************************************************************************************************************************

Модар, модаро, ту ибтидоям будӣ,
Ҳам қимати қомати расоям будӣ.
З-аввал ту намезодӣ, намемурдам ман,
Гӯё ки ту низ интиҳоям будӣ.

  • * *


Модар, модаро! Шири сафедам додӣ,
Дунё баумед асту умедам додӣ.
То бар сари ман чӣ ояд аз бешу камӣ,
Ту дар сари гаҳвора навидам додӣ.

  • * *


Модар, модар, чаро чунин зодҳ маро?
Дар чорсуи азоб раҳ додҳ маро?
Аз синаи гарми хеш берун кардҳ,
Дар синаи сарди хок бинҳодҳ маро.

  • * *


Ҷаҳонеро паи эъҷоз доданд,
Фазоеро паи парвоз доданд,
Чу моро модарон зоданд рӯзе,
Заминро ҳамчу пойандоз доданд.

******************************************************************************************************************************

(Ба он духтарон ва заифоне,ки аборт мекунанд)!
        Очаам!Чаро таваллуд накарди маро?
        Гарчи умеди бисьёр доштам зи дунё.
        Чаро намонди даме шоди бубинам?
        Бо завку шавк дар зонуат бишинам,
        Аз синаат ширу шарбат бимакам.
        Нахох,ки нолаи маро аз он дунё,
        Шунидан бихости ту очаи расво!
        Бузургон такрор гуфтаанд чунин:
       "Гар ту хаёт бубахши чу шахди ширин
        Ба чисму хар як фарзанди точи
        Гуё,ки ту олам мунаввар намуди".
        Чаро ба фарзандкуши ихтиёр бикарди?
        Чаро ба хуши чунин карор бикарди?
        Накарди шавад некихо маро корам,
        Чаро кар бигашти,нашунида доду зорам?
        Чаро ба теги он чаллод маро супурди?
        Магар аз ин савдо хузуре бибурди!
        Кунун бар фигони ман гуш андоз,
        Ки дар баданат кушти маро,эй бе ниёз!
        Магар дар синаат сангаст ба чои дил
        Ту эй очаи берахму,чаллоду котил!
        Чаро хар буду шудам нобуд бикарди?
        Чаро чисму чонам ту ношуд бикарди?
        Балки ман марди устувор мегаштам,
        Байни мардуми худ неккор мегаштам.
        Ё чун Довуд подшохи окилу доно
        Дар руи чахон номдор мегаштам.
        Балки парирухсору,гулизору зебо
        Чун малика Раксона тадбиркор мегаштам.
        Балки чун Рустами достон пахлавону ботир,
        Ё чун Мусою Хорун некукор мегаштам.
        Туро ба модар номидан ор дорам бидон!
        Чун ту оча курбон шавад ба нек модарон.
        Эй очаи лаъин!Маро аз худ карди чудо,
        Бирафтам зи дунё аз ту гашта норизо!
        Мабодо касе ин кори туро талабгор буд,
        Ва дили ту мачбуран ба ин кор рози шуд,
        Аммо,ман бирафтам зи дунё,гуфта нафрин,
        Ба ту очазори бехудою лаъин!
        ********************************************************************************************************************************************

Ба он модар, ба он манзар,
Ҳазорон шукру миннат бод,

****************************************************************

Дилором бошад зани некхох,
        Валек аз зани бад худоё,панох,
        Зани зишти бадхуй ранч асту бор
        Зани хубу хушруй хеш асту ёр.

******************************************************************************************************

Аз сари пистони ту сар мешавад шӯри ҳама,
Аз сари дастони ту пайроҳаи дури ҳама.
Аз дили ту сар шавад дарёдилӣ,
Қобили сурат шавад обу гиле,

Чашми бедори ту моро бахти бедор оварад,

Ҷунбиши гаҳвора ёд аз чархи даввор оварад,
Домани бахт аст аз домони ту,
Дил басомон аст аз сомони ту.

Сӯзани ту аз сутуни қасри тилло қимат аст.

Рӯи нуронии ту аз рӯи дунё қимат аст.
Бе ту хуш фоле намонад дар ҷаҳон,
Ҷои ту холӣ намонад дар ҷаҳон...

***********************************************************************************************************************************

Аё МОДАР хузурат партави нури Худо дорад,
 Канорат лаззате аз кибриё дорад.
 Чахонро покии шират ба по дорад,
Навои аллаи ту зиндагониро бако дорад..

ЯКЕ СИМУ ЗАРУ ГАВХАР БИХОХАД,
 ЯКЕ САД АХТАРИ ДУНЁ БИХОХАД.
 ДИЛИ МАН АЗ ХАМА КОЛОИ КИММАТ,
 ДУОИ ХАЙРИ МОДАРРО БИХОХАд

************************************************************************************************************************************************

Ривоят мекунанд, ки Худованд накҳат аз гул, нӯш аз ангубин, гармӣ аз офтоб, тароват аз борон, шукӯҳ аз осмон, қаҳр аз бабру борондагӣ аз абр, вафодорӣ аз қуву равшанӣ аз субҳ, зебоӣ аз баҳору хушилҳонӣ аз андалебро қатра - қатра ҷамъ оварду занро офарид, то ҷаҳонро равшану инсониятро хушбахт гардонад. Дар ситоиши занон бузургони олам андарзҳои безавол офаридаанд. Ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам дар васфи зан-модар чунин фармудаанд:"Биҳишт зери қудуми модарон аст". Аз ин рӯ, ҳар касе, зан - модарро хор медорад, ӯ назди Худованд гунаҳкор аст.



Обрӯи аҳли дин аз хоки пои модар аст,

Ҳарчи доранд ин ҷамоат аз дуои модар аст.

Он чӣ дар васфи биҳишт фармуд Қуръони Карим,

Соҳиби Қуръон бигуфто, зери пои модар аст


Модар чароғу чашми хонадон,киматтарин  неъмати  дунё, ганҷи бебаҳост ва он барои фарзанд шахси аз ҳама наздику меҳрубон ва мунису ғамхор ба ҳисоб меравад.


Хар дуои модарони дилкабоб 

Дар хакки фарзанд гардад мустачоб 

Дар хадиси Мустафо(с.а.в)дидам навишт 

Дар кудуми модарон бошад бихишт

*******************************************************************************************************************************

ЭЙ МАН САДКА ШАВАМ,БА ХУСНИ РУЯТ МОДАРАМ.
БА ЛАЪНИ ХУШУ,БА ГУФТУГУЯТ МОДАРАМ.
ЯК ЛАХЗА АГАР ТУРО НАБИНАМ БА БАРАМ.
ОН ЛАХЗА РАВАМ БА ЧУСТУЧУЯТ МОДАРАМ.

**********************************************************************************************************************************************

Эй хона Худо, ба мулку манзил, модар,
Аз нури Худо гирифта кандил, модар.
Ман кашфи бузургият бикардам, ки туи
Аз баъди Худо бузург дар дил модар.

Тобон будию ба дида тобон, модар,
Аз мехр ба синахо гулафшон, модар.
Нуре шуда бо Худои худ пайвасти,
Эй нури ба дидахо дурахшон, модар

Модар, модар, зи дарди ту хайронам,
Бо ту сузад тамоми чисму чонам.
Мехмонгузарони ман буди дар хама умр,
Имруз ту мехмониву ман гирьенам.

*******************************************************************************************************************************************

Чон фидои як нигохи дилрабоят модарам,
Он навозишхои пур мехру вафоят модарам.
Хар кучо рафтам агар рохам хатарнок буд вале,
Боз гаштам назди ту ман бо дуоят модарам.

Чон фидои як нигохи дилрабоят модарам,
Он навозишхои пур мехру вафоят модарам.
Хар кучо рафтам агар рохам хатарнок буд вале,
 Боз гаштам назди ту ман бо дуоят модарам.

Модаричон чашму абруи туро пазмон шудам,
 Аз дурихо шуълаи руи туро пазмон шудам.
Хоб мекардам ба рохат дар сари зонуи ту,
 Дуру марчон мондаву зонуи туро пазмон шудам.

*********************************************************************************************************************************************

Асои дасти Модар бош фарзанд,
Давои дарди Модар бош фарзанд.
 Ки Модар бахри ту болу паре аст,
 Бароят доимо точи саре аст

Модар, модар, ба чон баробар модар,
Хуршеди сабохи мехрпарвар модар.
Хуршеде, ки хар сахар барояд ба чахон,
Аз боиси ман доду кайсар модар.

 Диле дорам, ки навкар мешавам ман,
Асири пои модар мешавам ман.
Агар модар ба фарзанди нагирад,
Дар ин олам каландар мешавам ман.

**************************************************************************************************************************************************

Модарам нури ду чашмонам туи,
Киблаи вакти намози ман туи,
Садкаи он номи покат мешавам,
Модарам дарду дуои ман туи.

Модарам боши давлат бар сарам,
Шукр аз ин давлати дунё кунам.
МОДАРАМ умеду ормонам туи,
Рохнамои рохи рузгорам туи,

МОДАРАМ фасли бахори ман туи,
Наврузи некному буи бихишти ман туи.
Боши ту рахнамои рузгори умри ман,
МОДАРАМ бахти сафеду умри чавонам туи.

*************************************************************************************************************************************************

Шукри Худоанд, ки ба ман модаре ато намудааст!         
Бихамдуллох, ки дар олам азизу сарваре дорам

Наку гуфтору хушгуфтору зебо модаре дорам

Чу бошам дар канори у бувад гам дар канор аз ман

Наку гуфтору хушрафтору зебо модаре дорам

Тамоми моли дунёро нисори макдамаш созам

Ки аз дунё зи молу зар басе ман бехтаре дорам

Наметарсам зи печу тоби рохи зиндаги харгиз

Ки дунё додае омурзгоре рахбаре дорам

Дар ин дуёаму аз охират хам махваре дорам

Ки дар зери кадамхояш бихишту Кафсаре дорам

***********************************************************************************************************************************************




Комментарии (0)Просмотров (1819)


Зарегистрированный
Анонимно