Сделать свой сайт бесплатно

Реклама

Создай свой сайт в 3 клика и начни зарабатывать уже сегодня.

@ADVMAKER@

МОДАР БОГЕСТ

02.02.2012

МОДАР БОГЕСТ....

Воќеан боѓе, ки хеч ваќт ва хеч фасле онро хазон намекунад модар аст. Модар боѓест, ки тамоми хузни моро, шодии моро , ѓами моро, дарди моро дар оѓуш мегирад. Ва дар ин боѓ хеч фарзанде бегонаги надорад. Бубинед, ки ин боѓ чи боѓе аст. Рўи чонамози сидќ ва садоќат аст ва фарзанд мисли як хўша ангури ѓазал аст дар ин боѓи тамошои. Модар чонамозе дорад аз атру аз гулхо ва ин чонамоз хамеша гулбор аст. Зеро модар хамеша дар фикри дуо аст, дар фикри фарзандон аст. Дар фикри он аст, ки дунё обод бошад, зебо бошад.

Фикр мекунам хеч  атре ва хеч боѓе мисли харфхои модар зебо нест ва хеч атру гулобе чои мехрубонихои модарро намегирад. Ба ин хотир хамеша поктарин, муаттартарин чисм модар аст барои фарзандон ва фарзанд аз харфхои модар хўша мебандад дар хавои муаттар- хўшаи эътиќод, хўшаи рости, хушаи калом:

Модарам боѓест

Мевахое аз дуо дорад

То бихонад халќи оламро сари он

Модарам атри Худо дорад

Ва агар гўянд аз хама наздиктар ба худованд кист, посух албата модар аст. Зеро модар хамаваќт ва хама чо дасти дуо дорад барои кушоиш, барои ба рохи дуруст хидоят кардани фарзандон, барои тансихатии чомеа ва ин аст, ки модар аз хама кас наздиктар ба худост. Танхо модар аст, ки бештар дар атри худо ѓутавар мешавад, ѓарќ мешавад. Хар кас, ки дасти модар мегирад, домони модар мегирад аз атри худо худро муаттар мекунад.

********************************************************************************************************************************************************

Рузи таваллуди туву гарчй наям канори ту

 

Муборак эй азизи чон таваллуду бахори ту

 Дар ин диёри нозанин,ки ёсуман шукуфта аст,

 Шукуфта бод наргиси чамоли нурбори ту

 Дареги ин чудоихо,ки дар масири зиндаги,

 Хамеша хира дар раҳам нигохи интизори ту.

 Дареги умри рафтаам, гузаштахои кудаки,

 Биё,ки буса мезанам ба муи тобдори ту.

 Tу ай чахону чони ман,фуруги дидагони ман,

 Дили гамину хастаам, хамеша хостгори ту.

 Зи дури дурхо биё ба суям эй сурури дил,

 Ки нашъа  медихад маро хузури файзбори ту.

 Маро чу парваридаи ба мехрабонии фузун,

 Ба сидк з-ин сабаб, манам хаме сипосдори ту

*********************************************************************************************************************************************

Давлати осудагӣ домони модар будааст,


Ҳар баҳоре аз лаби хандони модар будааст.



Абр чун бусад рухи наргису ёсу настаран,



Шуртар аз оби у борони модар будааст.



Нест оҳанге, ки то бахшад фараҳ бар руҳу ҷон,



Беҳтарин савту садо, афғони модар будааст.



Дилбаре чун тарки ёре мекунад боке мабод,



Аз ҳама танҳоиҳо ҳиҷрони модар будааст.



Бо умеде аз шикебои ба раҳ дузад нигоҳ,



Мунтазир доим ба раҳ чашмони модар будааст.
**********************************************************************************************************************************************

Ба кунҷи сандалӣ биншаста шабҳо, модари пирам,

Ту шояд ҷомаи домодӣ медӯзӣ ба сад ният,

Ки рӯзи тӯй дида бар қади ман, бишканӣ армон,

Бубинӣ то ба ранги нав, ба ҳусни нав ҷавоният,

Ба он дастони ларзони шарафмандат бимирам ман!

Наёбад чашми камбинат ба ҷустан чашми сӯзанро,

Биларзад дасти пурэъҷози ту дар қабзаи пирӣ,

Валекин боз медӯзӣ ту дастархони гулдӯзӣ,

Ки рӯзи маърака дар байни мардум обрӯ гирӣ,

Чи дунёест дунёи умеди ту, Аё модар, аё модар!

Ниҳону пардагӣ бигзашт даврони ҷавоният,

Ҳаётат дар гуселу пешвози зиндагӣ тай шуд.

Бикун бо гӯшаи қарси сафедат пок ашкатро,

Ба дунё одамӣ як бор меояд ба пои худ...

Ба оҳи тобнокат аз куҷо акси садо ҷӯӣ,

Аё модар, аё модар! Бурун аз деҳа норафта, надидӣ рӯи дунёро,

Ба гирди хеш гӯё чарх гаштӣ, зиндагӣ кардӣ.

Ба гирди русто домони гардун гӯӣ часпида

Туро барбаст роҳи нияту азми ҷаҳонгардӣ.

Чӣ дорад олами дар худ ниҳони ту, Аё модар, аё модар!

Худо гуфтию оят хондию таъбирҳо ҷустӣ,

Ту доим “Ҳафтяк” мондӣ ба зери болиши кӯдак,

Ки шояд тифл бебоку далеру қаҳрамон гардад.

Дили пайғамбарон гунҷад даруни синаи кӯчак..

. Даруни кулбаи пасти назарногири пур аз дуд,

Ба ҳукми қарзи инсонӣ ҷаҳонеро бигунҷондӣ,

Шабонгаҳ мижжа таҳ нокарда, пухтӣ кулчаи ширӣ,

Саҳар фарзандҳоятро ба майдонҳо гуселондӣ,

Шараф андӯхтӣ аз ҷонфишониҳои фарзандон,

Аё модар, аё модар! Бубинӣ хоб шаб фарзандҳои мурдаи худро,

Биёбӣ саҳнаи дидорбиниҳои рӯҳонӣ.

Ба назди остонат дом монад сояи маргат,

Туро хонад ба сӯи олами торику зулмонӣ.

Матарс аз марг, охир безаволӣ ту, Аё модар, аё модар!

Ҳазорон маргро, андӯҳу ғамро пушти сар кардӣ,

Нахурдиву напӯшидиву бо сад ранҷ парвардӣ

Маро бигрифта зери пар.

Барои он ки дар ман зиндаю ҳозир бубинӣ бо

Ҳамон сайёдҳои сайдгашта – рафтагонатро,

Шудӣ хуни ҷигар, модар.

Кунун имрӯз фарзандат – ҷигарбандат ҳунар омӯхт.

Ки ёбад нони беминнат. Ба номат дафтаре бикшод,

Дуои хайр гӯ, модар, Ки ӯ бо номи ту дар роҳи раҳҷӯӣ қадам бинҳод

. Варо ту мағфират кун, раҳнамоӣ кун, Аё модар, аё модар!

Зи лабҳои фурӯрафта, зи ожанги пурасрорат,

Агар дурам, агар наздик, хонам панди ногуфта:

Чӣ суд аз он гуле, ки зеби як кокул шуду афтод?

Сано бодо ба он гул, ки барои даҳр бишкуфта.

Ту охир ибтидои ибтидоҳоӣ, Аё модар, аё модар!

Ту ҳоло дар дами пирӣ нафасҳои ғаниматро

Ба нақши гул, ба рӯи сӯзаниҳо сабт месозӣ. Дурахши охирини чашми худро дар дили шабҳо Барои субҳи фардо ҳадя месозию менозӣ.

Гулу нуру шарофат ёдгор аз ту, Аё модар, аё модар!

Суруди ҳузнангези қадимиро махон, модар!

Дилатро бо суруди аввалини ман даме афрӯз!

Агар дасторхону ҷомаи нав дӯзӣ бо уммед,

На танҳо баҳри ман, Баҳри ҳама фардоиён ҳам дӯз!

Ғанимат дон насиби вопасинатро, саломат бош, Аё модар, аё модар!

*********************************************************************************************************************************************************

Чунинам зодаи модар. МОДАР ЭЙ ПАЙГАМБАРИ ЗЕБОИ ИШК... Модар эй волотарин руъёи ишк
Модар эй дилвопаси фардои ишк
Модар эй гамхори бе хамтои ман
Аввалину охирин маънои ишк
Зиндаги бе ту саросар мехнат аст
Зери пои туст танхо чои ишк Модар эй чашму чароги зиндаги
Калби ранчури ту шуд дарёи ишк
Такягохи хастагихоям туи
Модар эй танхотарин маъвои ишк
Ёди ту ором месозад маро
Аз ту оханге гирифта нои ишк Савти лолоии ту эъчоз кард
Модар эй пайгамбари зебои ишк
Мохи ман пушту панохи ман туи
Чони ман эй гавхари яктои ишк
Дуст медорам туро девонавор
Аз ту эхё шуд чунин дунёи ишк Эй аниси лахзахои бекаси
Дар дилам барпо шуда гавгои ишк
Ташнаи огуши гарми ту манам
Ман ки мачнунам туи лайлои ишк. Маънои ишк
Модар эй сояи алтофи худо
Эй саросар хама мехр
Эй дилангезтарин маънии ишк
Эй ки ёдат хама оромиши ман
Эй вучудат хама хохиши ман Ту намоёнгари алтофи худои модар
Марваву хаччу сафои модар
Зери пои ту бихишт аст бихишт
Боз хам тифли туам
Харчи кардам
Чи зебову чи зишт Дасти ту гармтарин гармии мехр
Мехри ту поктарин маънии ишк
Нафасат роихаи райхон аст
Дидани руи накуят модар
Хама дарди маро дармон аст
Вирди зери лаби ту зикри дуъост Хона бо будани ту
Бехтарин боги дилангези худост
Поктар аз хама покихои
Хубтар аз хама хубихо
Бо сафотар аз хама дунёи
Модар Модари хубам ба худо
Дафтари имри маро
Ту чу шерозаи хасти хасти
Ту сазовори чи хасти
Хама чиз
Ман чи дорам ки туро зебад Хеч
Сояи лутфи худои модар
Маънии ишку вафои модар
Шеъри ман дархури тафсират нест
Авчи мехриву сафои модар Re: Маънои ишк
Ту шукуфотарин бахори мани
Мехрубони ман, нигори мани
Хама олам агар зи ман бигусаст
Боз хам хуби ман канори мани
Мехри ту нуктаи уручи ман аст Хуш ба холам ки гамгусори мани
Хуш ба холам ки бо ту сармастам
Дар рахи ишк таксавори мани
Бо ту чони дубора мегирам
Ту ки поёни интизори мани
Интизор шикаст харчи гам аст Ту ки харза бекарори мани Re: Маънои ишк
Ало Модар туи нури ягона!
Чароги манбаи нури ягона. Чони чонам мехрубонам Модарам.
Такягохам пушти бонам Модарам

**************************************************************************************************************************************************

Писаре аз модараш пурсид:
Модар, чаро гиря мекунӣ?
Гуфт: Зеро ман як зан ҳастам.
Писар гуфт: Ман инро
намефаҳмам.
Модар ӯро ба оғӯш кашида
гуфт: Ҳаргиз нахоҳӣ фаҳмид...

Пас писар аз падар пурсид, ки
чаро модарам бе сабаб гиря
мекунад. Падар гуфт, ки ҳамаи
занон бе сабаб гиря мекунанд.

Писарак ба воя расид ва то ҳол
намедонист, ки чаро занон гиря
мекунанд.

Инак рӯзе бо соддагӣ аз
ҳакиме пурсид: Чаро занон гиря
мекунанд?

Хирадманд посух дод: Вақте, ки
зан офарида шуд, Аллоҳ
барояш китфони пурқувват
дод, то ки вазниниҳои оламро
бардорад. Ва дасту бозуи нарм
дод, то ки ба мо роҳат бахшад.
Барояш қувваи дохилие, дод
барои бардошти таваллуди
кӯдак ва барои бардошт
кардани он лаҳзае, ки ӯро тарк
мекунанд (баъди ба воя
расидан).
Барояш салобат ва маҳкамие
бахшид, ки мушкилиҳои
хонавода ва наздиконро паси
сар кунад ва ҳамеша ғамхори
эшон бошад.
Ва барояш муҳаббати
фарзандонашро додааст, ки
хотима намеёбад ва дигаргун
намешавад (ҳатто агар
фарзандон сабаби дарду
аламҳояш шаванд ҳам).
Муҳаббати шавҳарашро ато
кардааст, то ки дар хидмати ӯ
бошад ва рафторҳои
нохушоянди ӯро фаромуш
созад. Ҳикмате барояш дода, то
хонаводаро танзим кунад.

Ва ахиран "АШК" – ро барояш
дода, то ки онро бирезад, то
вазниниҳои он ҳама
масъулиятро афканад ва роҳи
худро идома диҳад.
Ин ҳам ягона нуқтаи заъфи
ӯст.

Барои ҳамин агар ӯро дидӣ, ки
АШК МЕРЕЗАД, барояш бигӯ:
"Модарҷон туро дӯст медорам
ва ҳама он кору талоши туро
қадр мекунам..."
Агарчанде гиряи худро идома
медиҳад, лекин эҳсоси роҳат
хоҳад кард.

Чӣ қадар бузург аст МОДАР!

**************************************************************************************************************************************

Ҳиҷрони модар
Давлати осудагӣ домони модар будааст,
Ҳар баҳоре аз лаби хандони модар будааст.
Абр чун бусад рухи наргису ёсу настаран,
Шуртар аз оби у борони модар будааст.
Нест оҳанге, ки то бахшад фараҳ бар руҳу ҷон,
Беҳтарин савту садо, афғони модар будааст.
Дилбаре чун тарки ёре мекунад боке мабод,
Аз ҳама танҳоиҳо ҳиҷрони модар будааст.
Бо умеде аз шикебои ба раҳ дузад нигоҳ,
Мунтазир доим ба раҳ чашмони модар будааст.

*************************************************************************************************************





Комментарии (1)Просмотров (1580)


Ба кадри модар расед пеш аз он ки УРО аз даст медихед
Зарегистрированный
Анонимно