ФАРИШТАЕ БА НОМИ МОДАР
Кӯдаке, ки омодаи таваллуд шудан буд, рӯ ба сӯйи Худованд карду пурсид: «эй Худои хубу меҳрубонам, мегӯянд фардо маро ба замин мефиристед, аммо ман бо ин хурдӣ ва бидуни ҳеҷ кӯмаке чи гуна метавонам барои зиндагӣ ба онҷо биравам»? Ҳотифе аз ҷониби Худо ба ӯ садо дод: «аз миёни теъдоди бисёре аз фариштагонам ман якеро барои ту дар назар гирифтаам, ки ӯ дар интизори туст ва аз ту нигаҳдорӣ хоҳад кард». Кӯдак ҳанӯз намедонист, ки мехоҳад биравад ё не, боз рӯ ба сӯйи Худованд карду гуфт: «Худоё ман дар ин ҷо коре намекунам, мушкиле надорам, коре ба ҷуз хандидан ва овоз хондан надорам ва инҳо барои шодии ман кофӣ ҳастанд». Ҳотифе аз ҷониби Худованд ба ӯ нидо кард: «фариштаи ту бароят овоз хоҳад хонд ва ба рӯйи ту лабханд хоҳад зад. Тавре ки ту ишқи ӯро эҳсос хоҳӣ кард ва шод хоҳӣ шуд». Кӯдак бо нигаронӣ пурсид: «эй Худоҷони меҳрубон, вақте ман забони онҳоро намедонам, читавр метавонам бифаҳмам, ки онҳо чӣ мегӯянд»? Дубора садои латифи ҳотифи ғайб гӯши ӯро навозиш карду фармуд: «фариштаи ту зеботарин ва ширинтарин вожаҳоеро, ки мумкин аст бишнавӣ дар гӯши ту замзама хоҳад кард ва бо сабру бурдборӣ ба ту ёд хоҳад дод, ки чигуна сӯҳбат кунӣ». Кӯдак бо нороҳатӣ идома дод:»вақте бихоҳам бо ту сӯҳбат кунам чи коре кунам? Аз онҷо чигуна бо ту сӯҳбат кунам»? Посух шунид ки, фариштаат дастҳоятро дар канори ҳамдигар қарор дода, ба ту ёд медиҳад ки чи гуна дуо кунӣ ва бо ман сухан бигӯӣ. Кӯдак сарашро поин аафканду пурсид: «шунидам, ки дар замин инсонҳои баде ҳам зиндагӣ мекунанд, аз онҳо маро кӣ муҳофизат мекунад»? Овоз омад, ки фариштаат аз ту нигаҳдорӣ хоҳад кард, ҳатто агар ба қимати ҷони худаш бошад. Кӯдак даст бардошт ва пурсид: «Худоё, агар қарор аст биравам, пас номи фариштаам чист»? Ҷавоб шунид, ки номи фариштаат аҳамият надорад ба содагӣ метавонӣ ӯро модар садо кунӣ. Оре, номи ин фариштаи заминӣ модар аст. Фариштае, ки Худованд барои нигаҳдорӣ ва муҳофизати кӯдакон интихоб кардааст. Аммо ончи муҳим аст ин аст, ки оё ин фариштагони заминӣ ҳамеша ба вазифаҳои худ дуруст амал мекунанд? Пас ҳар як зан ё модар аз худ бипурсад ки ба ин вазифаи ҳассоси худ чи қадар амал карда аст. Оё то ҳол дар бораи Худо ва меҳрубонии ӯ бо фарзандатон сухан гуфтаед? Оё ба фарзандатон омӯхтаед, ки чи гуна бо Худояш сухан бигӯяд? Оё дар бораи амру фармонҳои Худованд ба фарзандатон чизе гуфтаед? Оё аз ишқу меҳрубонӣ ва неъматҳои Парвардигораш ба ӯ чизе гуфтаед? Дар зеҳни фарзандонатон аз Худованд мавҷуди тарснок ва хашмгин насозед, балки коре кунед, ки фарзандатон ошиқи Худо бошад ва ӯро беҳтарин дӯсти худ бидонад. Аммо шумо, эй касоне, ки имрӯз аз ин фариштаи заминӣ бениёз гаштаед, оё ҳаққи ӯро ба ҷо овардаед? Оё як шаби бехобии ӯро ҷуброн кардаед? Оё як рӯзи нигаронии ӯро барои бемориатон ҷуброн кардаед? Оё баҳои як зарра муҳаббати ӯро пардохт кардаед? Оё посухи аллаҳои ошиқонаи нимашабии ӯро додаед? Оё посухи он ишқеро, ки хуни шӯрро ба шири ширин табдил кард, то шумо нӯши ҷон кунед, метавонед бидиҳед? Агар ба ин гуфтаҳо фикр кунем, пай мебарем, ки ҳеҷ гоҳ наметавонем ҷавоби он ҳама заҳмату меҳнати ин фариштаи заминиро бидиҳем. Мо аз ҷуброни заҳматҳои ошиқонаи ин фариштаи илоҳӣ оҷизем. Боз ҳам ишқи ин фаришта аст ки моро аз азоби виҷдонамон мераҳонад. Агар мо бо камтарин кори хуби худ лаҳзае хотири ӯро шод гардонем, исми ӯро ошиқона садо бизанем, ва аз ӯ оҷизона талаби дуо кунем боз ҳам шоҳиди табассуми зебо ва дуоҳои ошиқонаи ӯ дар ҳаққи худамон хоҳем буд.
***********************************************************************************************************