Сделать свой сайт бесплатно

Реклама

Создай свой сайт в 3 клика и начни зарабатывать уже сегодня.

@ADVMAKER@

Бандаи оҷиз ду матлаб дорад аз лутфи Худо, Тавфи Байтуллоҳ, тавофи равзаи пайғамбар аст.

02.02.2012

Бандаи оҷиз ду матлаб дорад аз лутфи Худо, Тавфи Байтуллоҳ, тавофи равзаи пайғамбар аст.

Зиёрат  рафтан  дар  ниҳоди  башар  аст. Одам табиъатан  дӯст  медорад  ба  зиёрат  биравад  хоҳ зиёрат  ба  сӯйи  ҷойу  макони  муқаддаст  бошад  ё ҳатто  зиёрати  хешу  ақрабо  ва дӯсту наздикон. Зиёрат  дар  маҷмӯъ  таассуроти  муҳими руҳонӣ дар инсон дорад. Ба қавли ирониҳо "устухонро сабук мекунад" ва руҳро болида.

Зиёрати хонаи Каъба панҷумин рукни ислом буда, он ҳам ибодати баданӣ ва ҳам ибодати молист. Имом Аҳмад ривоят мекунад, ки ҳазрати Муҳаммад саллалоҳу алайҳи ва саллам фармуданд: «Ҳар касе иродаи ҳаҷ кардан дошта бошад, ҳарчи зудтар барои адои он шитоб намояд, зеро мумкин аст беморие рух бидиҳад ё чизе гум шавад ё ягон ҳоҷати дигаре падид ояд.

Дар ривояти Имом Тирмизӣ омадааст: «Миёни ҳаҷ ва умра мутобиат бикунад». Яъне, ин дуро пасиҳам анҷом бидиҳед, зеро ҳардуи он камбағалӣ ва гуноҳро ончунон аз кас дур месозанд, ки дамаи оташ ғаждии оҳану тиллову нуқраро дур менамояд.
Мукофоти ҳаҷҷи мабрур биҳишт аст.
Дар ривояти Ибни Моҷаи Қазвинӣ омадааст, «Ҳаҷгузорон ва умракунандагон қосидони Худоянд. Агар аз ӯ дуо кунанд, дуояшонро қабул менамояд ва агар талаби омурзиш намоянд, онҳоро мебахшад».
Расули Худо (с) барои ҳоҷиён чунин дуо кардаанд: «Худоё, ҳаҷгузоронро биёмурз ва ононеро биёмурз, ки ҳаҷгузорон барояшон аз ту талаби омурзиш намуданд». Аз он ҳазрат пурсиданд, ки «дар ҳаҷ кадом амалҳо беҳтаранд?» Ишон дар ҷавоб гуфтанд: «Бо садои баланд талбия гуфтан ва қурбонӣ кардан».

Ҳаҷ кардан ба мусулмон имон медиҳад, ки фурӯтанӣ (хоксорӣ) ва тақвояш бештар гашта, Худоро зиёдтар итоат ва пайравӣ намояд. Сарзамини муқаддас, одоби ҳаҷ,таъсири маънавӣ, нерӯи ҷамоат, илҳомоти фикрӣ... ҳамаи инҳо ба афкори мӯъмин таъсири худро хоҳанд гузошт. Мақсаду мароми ҳоҷӣ бештар сӯи хайру некӣ майл хоҳад кард. Зеро ӯ дар аснои тавоф манзараи қиёматро мебинад. Хурду калон, мансабдору бемансаб, сиёҳпӯсту сафедпӯст иҳром ба бар карда, танҳо фикри зиёрат бар сар доранд. Фикри ӯ аз ташвиши дунё дур мешавад, гуноҳро тарк мекунад. Расули Худо (саллаллоху алайхи вассалам) фармудаанд: "Ҳар касе ҳаҷ бигзорад ва гирифтори олудагию инҳирофе нагардад, монанди тифли навзод аз гуноҳ пок мешавад".

Чанд  вакт пеш  аниктараш  21- августи  соли 2011   дар  даҳаи  оҳири    моҳи шарифи   Рамазон  модари  азизам  ҳамроҳи   бародарам   Шарафчон  сафари ҳаҷи умра  доштанд  ва  баъди  зиёрати Макатуллоҳ  ба Ватан бо як  таассуроти  хубе  баргаштанд.Модари азизам  Ҳачи фарзиро соли 2000 адо карда  буданд  ва  ин дуюмин  сафри  модар ба  Хонаи Худо буд. Худованди кариму  Ҳаким Ҳачи эшонро  кабулу магбул  гардонда  боши  ва  моро  ҳам ба  зиёрати  чойҳои мукадас  насиб  гардони.

Асл дар ибодат ва ба вижа ибодати баданӣ ин аст, ки инсон шахсан худаш онро анҷом диҳад. Агар инсон бимирад ва онро анҷом надода бошад, фарзандаш метавонад, ба ҷои ӯ он ибодатро барояш анҷом бидиҳад. Пайғамбари Худо (с) мефармояд: «Дар ҳақиқат фарзандони шумо даромад ва самари шумо ҳастанд». (Ҳадиси шариф).
Бинобар ин баъди аз дунё гузаштани падару модар метавонанд, адодиҳандаи роҳи онҳо бошанд. Ҳамчунин пайғамбар фармудааст: «Вақте инсон мемирад, амали ӯ қатъ мегардад, магар се чиз: садақае ки ҷорӣ бошад, илме ки мардум аз он фоида бибаранд, фарзанди солеҳе, ки барои ӯ дуо кунад». (Ҳадиси шариф).

Шукронаи  Парвардигорро мекунам ,ки  ҳарчанд   падари  бузургворам   ба зиёрати   ҳач насибашон  нашуд   ба чойи падар  фарзандҳо  ҳар сол  ин амалро  анчом медиханд.Имсол  ҳочи  Шараф   ба чойи  падари меҳрубонамон  дуюм бора  ҳач  карданд

*******************************************************************************************************************************************************


Комментарии (1)Просмотров (1840)


тахмина 09.05.2016 в 05:43
Хуш бар холи шумоен ки кадри волидайнро медонед
Зарегистрированный
Анонимно